Кабирӣ медал гирифт, Зойиров не

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ медали "20-солагии истиқлолият"-ро тақдим кард.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар қатори як идда сиёсатмадорони аз Эмомалӣ Раҳмон ҷоиза гирифт.

Дар маросиме, ки дар қасри раисиҷумҳур дар Душанбе сурат гирифт, 100 нафар, ба
Ҳизби коммунист то ба имрӯз мухолифи истиқлолияти Тоҷикистон аст, қадрдонӣ мешавад, аммо демократҳое, ки барои истиқлолият хун рехтанд, дар канор мемонанд...
шумули 6 раҳбари аҳзоби мухолиф ва рӯ ба ҳукумати Тоҷикистон бо медали "20-солагии истиқлолият" қадрдонӣ шуданд, ба истиснои ду ҳизб - Ҳизби демократ ва Ҳизби состсиал-демократи Тоҷикистон.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт: "Моро ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда буданд. Мукофотро ҳамчун вакил ба мо супурданд, на раиси ҳизб. Шояд фарқи зиёде надорад, ба ҳар сурат, расман чунин буд."


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вокунишҳо ба тақдими медали "20-солагии истиқолият" ба раҳбарони бархе аҳзоб




Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, дар ҳоле медали "20-солагии истиқлолият"-ро соҳиб мешавад, ки соли 2007, замони
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
таҷлил аз даҳумин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон, раисиҷумҳур нишонаи “Зарринтоҷ”-ро ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини ҲНИТ, эъто карда буд.

Ба ҳамин минвол, Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрӣ ва Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист низ чун намояндагони мардумӣ ва Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳамчун директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳо, аз дасти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон медали "20-солагии истиқлолият" гирифтанд.

Танҳо нафаре, ки ҳамчун раиси ҳизб ин медалро гирифт, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ буд. Вай мегӯяд, саҳми ҳизбаш дар таҳкими истиқлолият кам набуд ва аҳзоби дигар ҳам барои саҳми
Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
худ қадрдонӣ шуданд: "Ҳар қадаре, ки хизмат доштанд, ҳамон қадар қадрдонӣ шуданд. Фақат Кабирӣ, Шабдолов ва Қароқулов ҳамчун вакил ва Бобоев ҳамчун олим мукофотонида шуданд. Аммо дар асл онҳо ҳамчун раисони аҳзоб ҷоиза гирифтанд. Онҳо ҳамчун раиси ҳизб дар назди миллат хизмат кардаанд."

Аз ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократии Тоҷикистон муовини раиси Асрор Латифов соҳиби медали "20-солагии истиқлолият" шудааст.

Аз 8 раҳбари ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ду нафар - Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби состсиал-демократ, дар ҳошияи қадрдониҳои раисҷумҳур қарор ёфтаанд.

Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон аз посухи ин суол, ки чаро ин аҳзоб, ки низ нақше бориз дар ҷомиаи Тоҷикистон доштанду доранд, мукофотонида нашудаанд, сарпечӣ кард.

Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аммо Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократ мегӯяд, ин навҳаи бархӯрди мақомот барояш нав нест ва ҳамчунин интизорро дошт:

"Барои ман ҳеҷ аҷобат надорад, ки Ҳизби коммунист то ба имрӯз мухолифи истиқлолияти Тоҷикистон аст, қадрдонӣ мешавад, аммо демократҳое, ки барои истиқлолият хун рехтанд, дар канор мемонанд. Раҳбарон ва пешвоёне, ки бо шиорҳои зидди истиқлолият ба сари қудрат расиданд, арзандаи медали «20 - солагии истиқлолият» ҳастанд, аммо ҳизбу созмонҳое, ки барои истиқлолият ҷон додаанд, сарфи назар мешаванд. Ку мантиқ?"

Дар қатори онҳое, ки аз раисҷумҳур медали «20-солагии истиқлолият» гирифтанд, номҳои сиёсатмадорон Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев, Акбар Мирзоев, Сайдулло Хайруллоев, Султон Мирзошоев ва Талбак Назаров низ ба чашм мехӯранд.

Коршиносон мегӯянд, ин маросим бори дигар нишон дод, ки дар ҷомиаи Тоҷикистон ваҳдати комили нерӯҳои сиёсӣ ба миён наомада, мақомот то ҳанӯз онҳоро ба «худиву бегона» тақсим мекунанд.