Агар аз як сӯ тафси ҳаво мардумро азият диҳад, аз сӯи дигар ҷаҳиши нарх зиндагиро дар Рамазон мушкилтар кардааст.
Бино бар солшумории ҳиҷрӣ моҳи Рамазон ин бор низ ба гармтарин фасли сол рост омад. Ҳаво нимирӯзӣ то 50 дараҷаи селтсия мерасад ва худдории мардум аз обу ғизо сангинтар мешавад.
Рамазон моҳи саховат ва дасткушодӣ низ шумурда мешавад, аммо ба одати ҳарсола табдил ёфтани ҷаҳиши нархҳо мумкин аст, муқаддасоти онро дар зеҳни аҳолӣ ба ҳирсу нафс ва тангдастию сахтиҳо олуда гардонад...
Рӯзадорон аз ташнагӣ ба соҳили дарёву ҳавзҳо мераванд ва худро ғарқи оби хунук мекунанд. Ду соли охир дар байни мардум овозаҳое паҳн гаштааст, ки гӯиё уламои ислом барои сабук кардани вазъи рӯзадорон фатво додаанд, ки нӯшидани то 250 грамм об дар фасли гармо ба рӯза осеб намерасонад.
Агар аз як сӯ тафси ҳаво мардумро азият диҳад, аз сӯи дигар ҷаҳиши нархи маводи ғизоӣ зиндагиро дар моҳи Рамазон мушкилтар кардааст. Ҳар сол дар Рамазон тоҷирон нархномаҳоро иваз мекунанд. Шиори онҳо на танҳо «нархи озоди бозори озод» аст, балки аксарият бино бар масали «бардорад, зам кун» амал мекунанд.