Пешниҳоди таъсиси анбор барои китобҳои Марксу Ленин

Китобхонаи миллии Тоҷикистон хостори эҷоди як анбори китобҳое шудааст, ки кам истифода мешаванд.
Шариф Тошев, муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, дар натиҷаи маъракаи ҷамъоварии китобҳо теъдоди бузурги нусхаҳое ошкор шудаанд, ки аз қабл вуҷуд доштанд ё кам истифода мешаванд: "Тибқи қонунияти соҳаи китобдорӣ, китобҳое, ки дар як ё ду
Тибқи иттилои расмӣ, то ба ҳол Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ беш аз 3 миллиону 300 ҳазор нусха китоб дорад...

сол як маротиба пурсида мешаванд, бояд дар фонди депозитарӣ нигаҳдорӣ карда шаванд. Мо ин пешниҳодро кардем, ки ин китобхона умумиҷумҳуриявӣ бошад."

Пешниҳоди Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки иддае аз расонаҳои кишвар онро барои қабул кардани осори Владимир Ленин ва дигар адабиёти коммунистӣ интиқод карданд.

Аммо ҷаноби Тошев мегӯяд, тайи маъракаи ахири ҷамъоварии китоб ҳудуди 100 ҳазор нусха осори асосгузорони коммунизм - Карл Маркс, Фридрих Энгелс ва Владимир Ленин ва дигар адабиёти коммунистии чопи замони шӯравӣ ворид шудаанд, ки нусхаҳои онҳо дар гузашта низ дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ нигоҳдорӣ мешуданд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Анбор барои китобҳое, ки кам истифода мешаванд...




Ӯ афзуд, зарурати дар китобхонаи истифодаи умум нигоҳ доштани ҳамаи онҳо вуҷуд надорад: "Онҳоро мешавад дар китобхонаи депозитарӣ нигоҳ дошт. То чанде бошанд, бигзор, бошанд. Зеро бубинед, ки имсол ба якбор дар ҷаҳон таваҷҷӯҳ ба «Капитал» - и Маркс афзуд ва ҳатто онро аз дигар нашр карданд. Дар кул ҳар китобе, ки дар Тоҷикистон нашр шудааст, моликияти ин кишвар аст ва касе ҳаққи нобуд кардани онҳоро надорад."

Шариф Тошев мегӯяд, китобхонаи депозитарӣ ё анбори китобҳое, ки кам истифода мешаванд, бояд алоҳида дар ҳудуди Тоҷикистон сохта шавад ва мизоҷони он мутахассисон ва муҳаққиқони илм метавонанд бошанд, ки ба омӯзиши таърих ё ягон соҳаи дигар машғуланд.

Ахиран раисҷумумҳури Тоҷикистон бо фармоне дар назди дастгоҳи иҷроияи худ муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» - ро таъсис дод. Бо он вуҷуд ки дар ин фармон мақоми Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар ихтиёри вазорати фарҳанги кишвар аст, муайян карда нашудааст, эҳтимол меравад Китобхонаи миллии назди дастгоҳи иҷроияи назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар заминаи он ба вуҷуд ояд.

Тибқи иттилои расмӣ, то ба ҳол Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ беш аз 3 миллиону 300 ҳазор нусха китоб дорад. Ва дар давоми маъракаи ҷамъоварии китоб барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар саросари кишвар се моҳ ба ин сӯ идома дорад, то имрӯз беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нусха гирдоварӣ шудааст.

Ҷаноби Тошев ҷамъ шудани теъдоди бузурги китобҳои нодаркор ҳангоми ин маъракаро рад карда, гуфт, нусхаҳои нодиртарини китобҳое низ ҷамъ омадаанд, ки чопи ибтидо ва миёнаи асри гузашта мебошанд. Мақомот бар инанд, ки то 35 соли дигар бояд дар Китобхонаи миллӣ 10 миллион нусха китоб ҷамъ оварда шавад.

Бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шафати Қасри миллат, маркази Душанбе ба маблағи 40 миллион дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст.