Манобеи мухталиф бар инанд, ки чархбол бар фарози вилояти Вардак аз замин ҳадафи мушак қарор гирифтааст.
Суқут дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки чархбол ҳарбиёнро аз як амалиёти зидди Толибон ба пойгоҳи аслӣ интиқол медод. Як мақоми баландпоя дар Кохи Сафед ба хабаргузории Associated Press гуфтааст, ба назар мерасад, чархбол бар асари ҳамлаи мушакӣ суқут кардааст. Дар сӯҳбат бо ҳамин хабаргузорӣ як намояндаи Толибон изҳор намуд, чархбол баъди он ҳадафи ҳамлаи мушаки «замон-осмон» қарор гирифт, ки низомиёни амрикоиву афғон ба як манзил дар мавзеи Саидободи Вардак ҳамла карданд. Шоми ҷумъа дар ин манзил як теъдод мусаллаҳони толибон ҷамъ омада буданд.
Як масъули ҳукумати вилояти Вардак ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, чархбол чанд лаҳза баъд аз парвоз аз ҳамлаи мушакӣ оташ гирифт ва ба замин афтод.
Низомиёни НАТО ҳам суқути чархбол дар вилояти Вардакро тайид карданд. Дэвид Доҳертӣ, намояндаи ҳайати фармондеҳии НАТО дар Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, ки “амалиёти ҷустуҷӯиву наҷот идома дорад”. “Мо чун пештара дар бораи сабабҳои ҳодиса ҳама иттилоъро зери даст надорем. Ахбори расида ҳокист, ки дар он минтақа дастаҳои душман амал мекарданд”, афзуд ӯ.
Дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон хабар дод, ки Ҳомид Карзай ба раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва ба пайвандони қурбониён изҳори таслият кард.
Дар ҳамин ҳол аз дигар минтақаи Афғонистон, аз вилояти ҷанубии Ҳилманд хабар расид, ки дар як бомбаборони ҳавопаймои НАТО ҳашт сокини осоишта ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи мақомоти полиси вилоят, низомиёни хориҷӣ ҳадафи тирборон қарор гирифтанд ва бо дархости онҳо мавқеи ҳамлагарон аз тариқи ҳавопаймо бомбаборон шуд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки миёни кушташудагон занону кӯдакон низ ҳастанд. Низомиёни воломақоми НАТО изҳор намуданд, ки ин хабарро тафтиш мекунанд.
Айни ҳол дар Афғонистон 140 000 афсару сарбози хориҷӣ, аз ҷумла, тақрибан сад ҳазор низомиёни амрикоӣ мустақаранд. Онҳо бояд то охири соли 2014 таъмини амниятро ба нерӯҳои афғон вогузошта ин қаламравро тарк намоянд.
Хуруҷи низомиёни амрикоӣ миёнаҳои моҳи гузашта шурӯъ шуд - 650 афсару сарбоз вилояти Парвон, воқеъ дар шимолуғарби Кобулро тарк намуда ба ватан баргаштанд. Ин иқдом ба дунболи эълони Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико сурат гирифт, ки изҳор намуд соли равон даҳ ҳазор низомиёни кишвар аз хоки Афғонистон хориҷ мешаванд.
Тайи даҳ соли амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон беш аз 1 500 низомии амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.