Пайомади беэътиноӣ ба арзу доди мардум чӣ хоҳад буд?

Саида Маҳмадҷонова, як сокини ноҳияи Ҳисор ду маротиба ба Дафтари РО омад ва аз мақомоти интизомии ноҳия шикоят кард.
Хонум Маҳмадҷонова даъво дорад, ки як марди пулдор ба номуси духтари ноболиғаш таҷовуз кардааст, вале кормандони интизомӣ ва додситонии ин ноҳия ба доди вай намерасанд.

Вай гуфт, ки аз тариқи рӯзномаҳо ба президент муроҷиат кардааст, аммо то кунун ба шикояти вай ҳеҷ кадом мақомоти кишвар расидагӣ накардааст.

Имрӯзҳо садҳо сокинони кишвар ҳастанд, ки мисли зани солхӯрда Саида мақомоти масъул бо вуҷуди шикоятҳои мукаррар эътибор намедиҳанд. Беэътиноии мансабдорон ва бархе аз ходимони вазоратхонаҳо ва идораҳои давлатӣ дар баробари баррасии муроҷиатҳову номаву шикоятҳои сокинони кишвар рӯз ба рӯз як хишти дигари беэътимодӣ ба девори сангини миёни мардуму давлати Тоҷикистон гузошта мешавад.

МАВЗӮИ ДОҒИ ҶОМЕА

Ин масаъала, ки зоҳиран ба назар ҷиддӣ намерасад, вале вақте, ки ба чанду чуни он назар меафканед, воқеан як мавзӯи доғ ва ҳаётии ҷомеаи имрӯзи ин кишвар ба шумор меояд.

Саҳлангориҳои идораҳои ҳукумати кишвар агар аз як сӯ норозигии мардумро ба ҳукумат бештар кунад, аз тарафи дигар фасоду ришватро дар ниҳодҳои давлатӣ бештар хоҳад кард.

Ва ба қавли Алиакбар Абдуллоев, раиси Маркази ғайридавлатии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, мансабдорон дар идораҳои давлатӣ масъулияти худро амалан иҷро намекунад ва дар натиҷа фасоду нобоварӣ ба вуҷуд меояд: «Ин маънои онро дорад, ки мансабдор вазифаи қонунии худро иҷро намекунад ва шикояти шаҳрвандонро баррасӣ намекунад ва посух намегардонанд. Онҳо ба ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон беэътиноӣ мекунанд ва дар ивази иҷрои шикояти шаҳрвандон чизе талаб мекунанд. Ва шаҳрвандон набояд бечораҳолона ва мисли гадо рафта аз мансабдор хоҳиш кунад, ки ба шикояти вай расидагӣ кунанд. Илова ба ин, мансабдорон монеаҳои маснӯъӣ эҷод кардаанд, ки шаҳрванд маҷбур шавад чизе пешкаш кунад.»

Ба иттилои Маркази ғайридавлатии мубориза бо фасод, аз чаҳор як шаҳрванди Тоҷикистон пас аз пешниҳоди ариза ва ё номаи шикоятӣ ба идораҳо давлатӣ, ё аслан посух намегиранд ё барои ҳалли он пул медиҳанд.

НОБОВАРӢ БА НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ

Аксари намояндагони рӯзномаҳо ва дигар расонаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки дар як даҳсолаи ахир бинобар бепарвоии идораҳои давлатӣ ба муроҷиатҳояшон маҷбур мешаванд, ки номаҳои худро дар саҳифаҳои матбуот нашр кунанд то ин, ки аз ин роҳ ба гӯши афроди болотар бирасад.

Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки тақрибан 80 дарсади мардум номаҳои худро ба унвони раиси ҷумҳур ирсол медоранд. Зеро ба қавли коршиноси мустақил Фаррухшоҳ Ҷунайдӣ, бовари мардум ба идораву вазоратхонаҳои тобеи ҳукумат намондаст: «Фикр мекунам, ки мардум мехоҳанд тавассути матбуоти даврӣ ба дастгоҳи президент расонанд. Ҳоло ҳамин хел расм шудаст, ки мардум мегӯянд, ки агар номаи онҳоро президент бинад, мушкили вай ҳатман ҳал мешавад. Лекин дастгоҳи президент ҳам имкони расидагӣ ба ҳамаи номаҳоро надорад. Бояд, ки мақомоти тобеи ҳукумат фаъол бошанд ва дар доираи салоҳият худ арзи шаҳрвандонро баррасӣ намуда дар ҷояш ҳал кунанд.»

Ба қавли оғои Ҷунайдӣ, натиҷаи бемасъулиятии идораҳои ҳукуматӣ эътимоди мардумро ба ҳукумат ва ба давлат кам кардааст. Ба қавли мардум, ин паёмади нохубе барои ҷомеаи кишвар хоҳад дошт. Вақте, ки институтҳои давлат фаъол нестанд, мардум ба кори худ гирифтор мешаванд ва ҳукумат ба кори ҳоли худ машғул мемонад.

НАҲВАҲОИ МУХТАЛИФИ ДОДХОҲИИ МАРДУМ

Дар чунин шароит мардум маҷбур мешаванд, барои ҳалли мушкили худ фаротар аз идораҳои давлату ҳукумат бираванд.

Ҳуқуқшиноси мустақил Паём Фӯрӯғӣ ба ин назар аст, ҳалли масъалаи ҳаётӣ водор мекунад, ки шаҳрванд дар атрофи худ як қисми мардумро гирд орад ва аз ба таври коалитсионӣ мушкили худро ба гӯши мақомоти аршади ҳукумат кишвар бирасонад. Вай ба унвони мисол сарнавишти хабарнигори бахши узбакии ББС Урунбой Усмоновро мисол овард, ки то замоне дар дохил ва дар беруни кишвар барои худ пуштибон наёфт, президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҳоли ӯ огоҳ нашуд.

Паёми Фурӯғӣ афзуд: «Чанд сол муқаддам ба назди ман аз вилояти Суғд як донишҷӯ омад ва гуфт, ки ӯро маҷбур мекунанд, ки ба пахтачинӣ равад. Пурсидамаш, ки дар кадом ришта таҳсил дорӣ гуфт, ки дар факултаи ҳуқуқ мехонам. О, чӣ тавр дар ин ришта таҳсил дориву аз ҳуқуқи худат наметавонӣ пуштибонӣ кунӣ. Ба вай гуфтам, ки дар чунин ҳолат ту танҳо наметавонӣ коре кунӣ, бояд дигар донишҷӯёнро ҳам ҷалб кунӣ, ки аз рафтан ба пунбачинӣ сарпечӣ кунанд. Яъне дар Тоҷикистон чунин аст, ки ҳатман пуштибони густардае дар ҷомеа пайдо намуд, танҳо дар он сурат ба суроғи шумо меоянд.»

ПАЁМАДИ БЕЭЪТИНОӢ БА ШИКОЯТҲОИ МАРДУМ ЧӢ БУДА МЕТАВОНАД?

Вале ба назари раиси Анҷумани расонаҳои озоди Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, на ҳамеша дар Тоҷикистон ҳар шаҳрванд метавонад пуштибонии ҳалқаҳои мухталифро ба даст орад. Ба қавли вай, ҳанӯз ҷиддияти ин масъала ба мақомоти олии ҳукумати кишвар ончуноне, ки мебояд расонида нашудаст.

Зеро ба назари Қаршибоев, вуҷуди давомдори ин масъала танҳо ба ҳукумати кишвар дарди сар хоҳад овард: «Ман дар маърӯзаам низ гуфтам, ки беэътиноӣ нисбати шикояти мардум аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, боиси зиёд шудани нерӯи эътирозии мардум дар ҷомеа мешавад. Сараввал ин ба нигилизм ва нобоварии ҳуқуқӣ меорад, сипас эътирози мардум.»

Аксари таҳлилгарон мегӯянд, фароҳам овардани шаффофият дар фаъолияти идораҳои давлатӣ ва беҳбуд бахшидан дар сиёсати кадрӣ метавонад ин масъаларо дар ҷомеа то андозае аз миён бардорад.