Раиси Думаи Русия мехоҳад, муҳоҷирони тоҷикро барои бозгардони марзбонони рус ба Тоҷикистон истифода кунад.
Борис Гризлов, раиси Думаи давлатии Русия, гуфтааст, дар ғайри сурати бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон, Маскав бояд барои артиши бузурги муҳоҷирони кории тоҷик низоми раводид ҷорӣ кунад.
Мардикорони тоҷик ҳамеша як аҳроми фишори
Маскав дар баҳсҳояш бо Душанбе буд, вале таҳдиди ҷорӣ кардани виза барои нахустин бор аз забони чунин мақоми баландпояи Русия садо медиҳад. Оё Борис Гризлов назари фақат худашро гуфт ва ё изҳороти ӯ маншаъ аз обҳое мегирад, ки аз зери яхи равобити Тоҷикистону Русия ҷорист.
Аробакашҳо дар аробаи сиёсат
Артиши дастикам якмиллионнафарии муҳоҷирони тоҷик ба як қартаи хеле муҳими бозии Маскав бо Душанбе табдил меёбад ва Маскав зоҳиран ин қишри беҳимоят, вале нақшаш дар пешбурди аробаи зиндагии мардум дар Тоҷикистон фавқулода муҳимро дониста ва санҷида аҳроми фишор қарор додааст.
Раиси Думаи давлатии Русия Борис Гризлов дар мақолаи “Наркобаронҳоро бояд чун дар Чин ҷазо дод”, ки “Независимая газета”-и чопи Маскав, нашр кард, ба таҳдидҳову хатарҳои ношӣ аз қочоқи маводи мухаддир барои Русия пардохта, чандин санги маломат ба полези Тоҷикистон андохт, ки артиши бузурги муҳоҷиронаш, ба бовари ӯ, як василаи қочоқи ҳероину афюн ва банги афғонӣ ба бозори сиёҳи Русия шудааст.
Гризлов бозгашти нирӯҳои марзбонии Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро як роҳи
халосӣ аз ин сели маводи мухаддир хонда, бо як лаҳни моломоли таҳдид хитоб ба мақомоти Душанбе менависад: “Қаблан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон марзбонони мо буданд. Баъди рафтани онҳо қочоқи маводи мухаддир аз ин самт бамаротиб афзуд. Агар ин боз ҳам барои Тоҷикистон далел набошад, метавон масъалаи равуои минбаъдаи он шаҳрвандонашро, ки бо талаби пули бештар ин ҷо меоянд, матраҳ кард. Ин шантаж нест, балки як қоидаи бозии ҳалол аст: Одам набояд аз ҳисоби касе, ки зери зарба мегузорад, зиндагӣ кунад... Дар қарордодҳои равоуи бевизаи мо чунин банде ҳаст, ки ташдиди низоми равуоро иҷозат медиҳад.”
Назари худи Гризлов ё ултиматум?
Талаби бозгашти марзбонони рус ба лаби Омӯ ва эъмоли низоми раводид бо Тоҷикистон то кунун ҳам чандин бор ба даҳони матбуоти Русия андохта мешуд, вале ин масоил аз ҷониби мақоми баландпояе, чун Гризлов, бори аввал садо медиҳад.
Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Гризлов назари шахсиашро гуфтааст, вале ин ду масъалаи омада дар мақолаи ӯ то ҳол дар
музокироти Душанбеву Маскав ба сурати расмӣ боре ҳам матраҳ нашудааст: “Ягонтои ин масъалаҳоро дар ягон сатҳи расмӣ ягон бор бардошта нашудаанд. Бозгашти марзбонҳову масоили дигаре, чун виза. Ягон маротиба пиромуни ин масъалаҳо расман муроҷиат накардаанд.”
Аммо Зафар Абдуллоев, раҳбари маркази таҳлилии “Контент” мегӯяд, назари Гризловро бояд ҷиддӣ гирифт ва ҳадафи Маскав аз ин ҷанги лафзӣ, ба эътиқоди ӯ, бо роҳи зӯргӯӣ ба пазируфтани кулли шартҳои худ маҷбур кардани Душанбест: “Ин, албатта, як изҳороти ҷиддист, на фақат як назари
шахсӣ. Гризлов яке аз чеҳраҳои аввали ҳизби “Русияи воҳид” ва муовини Путин дар ин ҳизби ҳоким аст. Ба фикри ман, ин як зарбулаҷали рӯирост ба ҳукумати Тоҷикистон ва ба Эмомалӣ Раҳмон буд ба нишони норозигии Маскав аз сиёсате, ки ӯ аз ҷумла дар қиболи Русия пеш гирифтааст. “
Маскав дониста кор мекунад
Дар ҳар сурат, ба бозӣ даровардани қартаи мардикорон дар баҳсҳои Маскаву Душанбе гоме нодониста нест, чунки ҳамасола тақрибан 1 миллион муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар пул мефиристанд, ки муодили қариб 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Чӣ дар Маскав ва чӣ дар Душанбе ҳама хуб медонанд, ки аробаи рӯзгори аксари хонаводаҳои тоҷикро пули ҳамин мардикоронаш мегардонад, на фоидаҳои бедардимиён ва ҳангуфт аз фурӯши пахта ё алюминий, ки асосан ба минтақаҳои оффшор сарозер мешаванд.
Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтавори
мустақили “Фараж” мегӯяд, ҳарфҳои Борис Гризлов нав нест, балки ӯ ба фарқ аз бақия он нуқотеро, ки чанд сол боз мавзӯъи баҳси ду кишвар буд, вале
расман гуфта намешуд, каме бепардатар ба забон овард: “Андешаи Гризлов ҳарфи наве надорад. Фақат он ҳама чизе, ки то ҳол пинҳонӣ мерафт, рӯи об баромад. Русия дар ниҳоят водор шуд, он чизеро ки талаб дорад, он чизеро ки мехоҳад, намояндаи баландмақомаш рӯирост гӯяд. Ва чӣ хостанашу дар ивази чӣ, ин ҳам дигар рӯирост шуд.”
Дар пеш 2 интихобот аст...
Аммо бисёриҳо бо ишора ба интихоботҳои қарибулвуқӯъи парлумониву раёсатҷумҳурии Русия, ки мутаносибан дар декабру март доир хоҳанд шуд, мегӯянд, ҳолиё ҳизбҳои чӣ хурду чӣ бузурги сиёсӣ ҳатто дар Аврупо дар корзорҳои худ шиорҳои зидди муҳоҷиратро баланд кардаанд, то холи бештар бигиранд.
Ҳизби ҳокими Русияи воҳиди Путину Гризлов бо вуҷуди аз саҳна рӯфтани аксари рақибони хурду бузургаш боз ҳам дар интихоботҳои ахир орои чандоне ба даст наовард ва ба ақидаи таҳлилгарон, мардикорони тоҷик барои Гризлов ҳамон як қартаи тузи охирин аст, ки ӯ пеш аз интихобот ҳадафмандона аз остин берун кашид.
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стротегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҷустуҷӯи “душмани беруна” осонтарин шеваи пешбурди корзори
интихоботист, ки Гризлов низ пеш гирифтааст: “Гризлов наметавонад хатоҳои ҳизби худаш ҳамчун ҳизби ҳокимро бигӯяд. Барои онҳо осонтар ин аст, ки иштибоҳҳои худро ба дӯши ягон “душмани беруна” бор кунад. Аз ин рӯ, ин гуна изҳоротҳо ба электорати дохилии Русия дахл дорад ва ба фикри ман, ба рушди равобити байнидавлатӣ ягон таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонд. Ин ҳарфҳо метавонанд фақат баҳси расонаҳову коршиносонро доман бизананд. Истифодаи маводи мухаддир дар Русия дар ҳақиқат хеле зиёд шудааст, вале онҳо гуфта наметавонанд, ки сабабаш нокомиву нотавонии худи онҳост. Роҳи осонтар эълон кардан аст, ки гунаҳкори ин ҳама ягон давлати севвум аст.”
Хабарнигор ва таҳлилгари рус Виктория Панфилова низ дар инҷо тақлид ба Аврупоро мебинад, ки шиорҳои зиддимуҳоҷират ба як технологияи сиёсии пирӯзиовар дар интихоботҳои ин қора табдил ёфтааст: “Ин изҳорот бештар ба интихоботҳои
дарпешистодаи Русия рабт дорад. Барои Гризлов тарошидани сояи хориҷиҳо осонтар аст назар ба ҷустани роҳҳои ҳалли мушкилоти дохилӣ. Аммо ҳарчанд масъалаи муҳоҷирон дар Русия хеле ҳассос ҳаст, вале набояд фаромӯш кард, ки корҳои сиёҳтаринеро ки худи мардуми Русия намекунанд, маҳз ҳамин мардикорони хориҷӣ иҷро мекунанд. Ин комилан як иқдоми пешазинтихоботии Гризлов буд.”
Ҳероин аз куҷо меояд?
Мақомот ва матбуоти Русия вақте аз таҳдиди маводи мухаддир аз ноҳияи марзи Тоҷикистону Афғонистон сухан мекунанд, аз зери 5000 маҳбуси тоҷик дар зиндонҳои Русия ёд меоранд, ки аксараш бо ҷурми маводи мухаддир маҳкум шудаанд. Аз навори ахбори ҳаррӯзаи ҷиноӣ ҳарф мезананд, ки қариб ҳар рӯз хабаре аз боздошти ин ё он тоҷик бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дорад. Ва як ақидаи сахти дар зеҳнҳо нишаста дар Русия ин аст, ки сели маводи мухаддир аз самти Тоҷикистон сол ба сол меафзояд ва касбу пешаи аслии ин сели бузурги мардикорони тоҷик низ қочоқи ҳероину афюн аст, ки зери корҳои сиёҳе, чун раҳрӯбиву ҳаммолӣ ё кори сохтмон пардапӯшаш мекунанд.
Бо ин ҳол, бино ба омори Ожонси мубориза бо
маводи мухаддири Тоҷикистон, соли гузашта, барои мисол, аз дастикам 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳамагӣ 409 нафар бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, ки фисади хеле ночизе аз ин лашкари бузургро ташкил медиҳад ва ҳамагӣ 0,4 дарсад аз ҷамъи 112 000 нафаре, ки соли 2010 дар Русия бо ҷурми маводи мухаддир ба даст афтодаанд.
Вале даъвои асосии Русия гӯё афзудани ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баъди рафтани русҳост. Саъдуллоҳ Раҳматуллоев, сухангӯи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар посух омореро меорад, ки ҳокии баръакс якуним маротиба зиёд шудани ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон баъди хуруҷи марзбонони рус аст: “Тайи солҳои 2000-2005, вақте марзбонони Русия дар марзҳои Тоҷикистон хидмат мекарданд, аз сӯи онҳо 21 тоннаву 711 кило маводи мухаддир мусодира шуда буд. Баъди рафтани онҳо, аз соли 2005 то моҳи июни соли 2011 мақомоти интизомӣ ва қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 31 тоннаву 581 кило маводи мухаддир гирифтанд. Онҳо дар 5 сол 21 тонна гирифтанд ва мо дар 5 сол – 31 тонна.”
Марзбонони рус дар лаби Омӯ?
Таҳлилгари ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир Бобоҷони Шафеъ бар ин назар аст, ки ба пешонаи муҳоҷирони тоҷик задани тамғаи қочоқ баҳонатарошиест барои ҳамвор кардани роҳи бозгашти марзбонони рус ба марз бо Афғонистон: “Марзбонони тоҷик аз ӯҳдаи ҳифозати марз баромаданд ва ин иддаоро, ки мегуфтанд, тоҷикҳо дар ҳифозати марзҳоли худ дармемонанд ва маводи мухаддир аз ин марз ба Русия беш аз пеш сарозер хоҳад шуд, ботил карданд. Ин иддао дар ин шабурӯз ба он хотир доман зада мешавад, ки боз ҳамон масъалаи бозгашти марзбонҳои рус ба марзҳои Тоҷикистон аз ҷониби баъзе гурӯҳҳова бархе сиёсатмадорон матраҳ мешавад. Заминааш фақат ҳамин аст. Ин чизҳо аслан асос надоранд.”
Ба эътиқоди таҳлилгарон, бозгашт ва истиқрори нирӯҳои марзбонии Русия дар 1344 километр тӯли марзи Тоҷикистон бо Афғонистон харҷе чунон бузург мехоҳад, ки шояд хориҷ аз тавони Русия бошад. Гумони ағлаб ин аст, ки ақидаи бозгашти нирӯҳои Русия ба лаби Омӯро он генералҳое талқин мекунанд, ки дар гузашта дар тиҷорати маводи мухаддир дасти дароз доштанд. Аммо ба бовари аксар чӣ дар маҳофили Русия ва чӣ дар Тоҷикистон, Душанбе дигар он қадар вобастаи Маскав нест, ки дар солҳои 90 буд ва баъид аст, ки ҳифозати марзҳо – як рукни муҳими истиқлоли худро дигарбора ба дасти Русия бидиҳад.
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон: “Ман намефаҳмам, ки баргардондани марзбонҳояш ба Русия чӣ лозим аст? Ҳадафи онҳо рӯшан нест. Ҳадаф шояд дубора ба даст овардани фоидае бошад, ки баъзе генералҳои дасташон нопок аз қочоқи маводи мухаддир доштанд. Ин тавр намешавад! Сарҳадбонони Русия аз Тоҷикистон рафтанд ва дигар барнамегарданд! Ин мавқеи ҷиддии ҳукумати Тоҷикистон аст.”
Тиҷорат ҳанӯз дар пеш аст
Душанбе бо Маскав нафақат дар масъалаи бозгашти марзбонони рус, балки пиромуни шартҳои тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия баъд аз соли 2014 ва шароити иҷораи пойгоҳи ҳавоии Айнӣ низ чанд сол ба ин сӯ баҳсҳои тунду тезе дорад. Душанбе аз ин ба баъд барои пойгоҳҳояш аз Русия
пули иҷора мехоҳад, ки онҷонибро табъан хуш намеояд. Хабарнигори тоҷик Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, чунин баҳсҳо дар аҳди вазорати Талбак Назаров, ки қабл аз иттихози ҳар тасмим чашм ба сӯи Маскав медӯхт, аслан тасаввурнопазир буд: “Дар солҳои охир, баъди вазири умури хориҷӣ таъйин шудани Ҳамроҳхон Зарифӣ сиёсати дарҳои боз, ки то ҳол зиёд гуфта мешуд, вале дар амал вуҷуд надошт, як каме ҷомаи амал пӯшид. Мояи ташвиши Маскав аз ин рӯ маълум аст, вале ман фикр намекунам, ки Душанбе ба мисли солҳои пеш ба хотири Русия аз манфиатҳои худаш ба осонӣ гузарад. Дар инҷо як гуна тиҷорати сиёсӣ ҳатман хоҳад шуд.”
Дар соли 2004 Душанбе дар ивази ироаи пойгоҳи низомӣ ва гузаштан аз ҳаққи моликияташ ба пойгоҳи кайҳонии “Окно” ба лағви 242 миллион доллар қарзаш аз Маскав, хуруҷи нирӯҳои марзбонии Русия ноил шуд ва ҳам ваъдаи 2 миллиард сармоягузории Русияро ба даст овард, ки баъдан иҷро нашуд. Истирдоди Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров – ду мухолифи умдаи Эмомалӣ Раҳмон – ва ахзи ризоияти Маскав ба пирӯзии навбатии оқои Раҳмон дар интихоботи соли 2006 аз шартҳои пасипардагии он муомила гуфта мешуд.
Аммо ин бор шарти муомила чист? Боз ҳам дуои фотиҳаи Маскав барои пирӯзии Раҳмон дар интихоботи соли 2013? Ё ваъдаи дигарбораи сармоя ба сохтмони нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими Роғун?
Зафар Абдуллоев аз маркази таҳлилии “Контент” мегӯяд, Русия талош хоҳад кард, то дар ивази
гузаштҳои умдатан хурди иқтисодие, чун фурӯши маводи сӯхт бо нархи пойинтар ва ё ироаи имтиёзоте барои мардикорони тоҷик ҳукумати Тоҷикистонро боз ҳам ба гунаи солҳои 90 ба як ҳукумати пойбанд ва гапдаро табдил диҳад.
Ӯ мегӯяд, дар шароити феълӣ Душанбе аҳроми чандоне ҳам дар ихтиёр надорад, ки дар муқобили ин сели афзояндаи фишорҳои Русия истодагарӣ кунад: “Русия аз аҳроми иқтисодӣ ва ҳамзамон аз ин васоили фишор кор хоҳад бурд. Вале то куҷо комёб шуданаш аз бозигарони дигар дар ин минтақа бастагӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир, ташаббус пурра дар дастони Маскав аст. Тоҷикистон, аз чӣ бошад, имрӯзҳо аз мадди манофеи чӣ Амрикову чӣ Аврупо ва фикр мекунам, аз назари ҳатто Чин дур мондааст. Ин қудратҳо феълан машғули ҳалли масоили дигаре буда, Осиёи Марказиро пурра ба Русия супурдаанд.”
Зӯргӯӣ дигар намегузарад
Виктория Панфилова, аммо мегӯяд, Маскавро лозим аст, барои таҳкими нуфузи худ дар Тоҷикистон, каме заминитар шавад ва бештар рӯи таҳкими заминаҳои иқтисодии ҳузури худ биандешад.
Ба бовари хонум Панфилова, Русия наметавонад аз ин ба баъд ҳам танҳо бо зӯргӯӣ ҳукми худро ба сателлитҳои собиқаш таҳмил кунад: “Чаро сарбозони рус бояд дар як марзи барояшон бегонаи Тоҷикистону Афғонистон бимиранд? Русия, албатта, талош дорад, ҳузурашро дар Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ саросарӣ кунад, аммо худаш хуб намедонад, ки чӣ бояд кунад? Русия дар Тоҷикистон ҳузури низомии густарда дорад, вале мехоҳад, ки ҳузури пойгоҳҳо барояш маҷҷонӣ ва ё ҳадди аксар дар баҳои тақдими чанд чархболу тӯпи фарсуда тамом шавад. Сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон чунон ночиз аст, ки танҳо бо як нирӯгоҳи "Сангтӯдаи 1" хулоса мешавад. Ва ҳам Маскав ҳар навъ зуҳури сиёсати чандқутбии ҳар раҳбари шӯравии собиқро бо ҳассосияти дучанд қабул мекунад.”
Феълан дидаҳо ба сафари моҳи сентябри раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Душанбе дӯхта шудаанд, ки оё то куҷо ба ҳалли мушкилоти мавҷуд дар равобити кишвараш бо Тоҷикистон даст хоҳад ёфт. Вале ин дар ҳолест, ки то поёни раёсати кунунии худи Медведев ҳамагӣ чанд моҳи дигар боқӣ монда ва ҳанӯз рӯшан нест, ки аз баҳори соли оянда зимоми қудратро ба Владимир Путин бар хоҳад гардонд ваё барои боз як давраи дигари раёсат “иҷозат” хоҳад гирифт.
Бозгашти Путин метавонад равобити Душанбеву Маскавро ба ҳамон нуқтаи аввал баргардонад ва бозии ҷонибҳо аз нав шурӯъ шавад. Вале бо ҳамон қартаҳое ки буд: талаби бозгашти марзбонони рус ба лаби Омӯ, шароити истифодаи Русия аз пойгоҳҳои Тоҷикистон, имтиёзҳои бештар барои ширкатҳои русӣ дар бозори Тоҷикистон ва ҳатман ин қартаи муҳоҷирон, ки дигар як рукни ҳатмии бозиҳои Маскав бо Душанбе шудааст.

Ин шантаж нест, балки як қоидаи бозии ҳалол аст: Одам набояд аз ҳисоби касе, ки зери зарба мегузорад, зиндагӣ кунад...

Онҳо дар 5 сол 21 тонна гирифтанд ва мо дар 5 сол – 31 тонна...

Русия, албатта, талош дорад, ҳузурашро дар Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ саросарӣ кунад, аммо худаш хуб намедонад, ки чӣ бояд кунад...