Боздошти аъзои як гурӯҳи қочоқбари силоҳ

Мақомоти Қирғизистон аз хунсо сохтани гурӯҳи муташаккиле хабар доданд, ки ба қочоқи силоҳ машғул буд.
Колбой Мусоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки айни ҳол даст доштани аъзои ин гурӯҳ дар қочоқи маводи мухадир ҳам тафтиш мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари амалиёти вижа ҳафт узви ин гурӯҳи қочоқбари силоҳ боздошт шудаанд. То замони боздошт онҳо як пулемет ва даҳ автомати Калашниковро фурӯхтанд.

Колбой Мусоев афзуд, ки ба гурӯҳи қочоқбари силоҳ кормандони ҳифзи тартибот ҳам шомил буданд. Аз дафтари кори яке аз онҳо – афсари дар раёсати умури дохилии вилояти Чуй, ки рутбаи майорро дорад, автомати Калашников ва тирҳои заҳролудшуда ошкор гардид.

Ду узви гурӯҳи қочоқбари силоҳ - боз як корманди ҳифзи тартибот ва як узви созмони “Ҷиҳоди исломӣ” фирор кардаанд ва айни ҳол ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Дар ҳамин ҳол ҳалокати як узви ин гурӯҳ – Фирӯзбек Файзиев суолҳои зиёдеро барангехтааст. Гуфта мешавад, ки ӯ баъди боздошт дар бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз олам даргузаштааст. Икромиддин Айтқулов, вакили дифоъи Фирӯзбек, талаб намуд, ки дар робита ба ин ҳодиса ба таври оҷил парвандаи ҷиноӣ боз шавад ва нусхаи ташхиси аввалияи ҷасадро дар ихтиёри ӯ гузоранд.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки ҳангоми амалиёти боздошт Фирӯзбек Файзиев муқовимат нишон дод ва аз болои боми як манзил оташ кушод. Ва аммо баъдан аз болои бом ба замин сарозер шуд ва бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар бинои Кумитаи амнияти миллӣ ба ҳалокат расид.

Вакили дифоъ, Икромиддин Айтқулов, мегӯяд, ки ин иддаои мақомоти амниятиро қабул надорад ва барои рӯшан сохтани қазия, аз ҷумла, мавриди шиканҷа қарор гирифтан ё нагирифтани Файзиев ва ба гурӯҳи ҷиноии қочоқбари силоҳ шомил будани ё набудани ӯ талош хоҳад кард.

Зимнан, бархе хабаргузориҳо Фирӯзбек Файзиевро ҳамчун тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ намуданд. Аммо хабарнигори қирғиз Элеонора Бейшенбек-қизӣ, ки ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт, ки ӯ шаҳрванди Қирғизистон буд ва беш аз даҳ сол дар хадамоти гумруки кишвар кор карда, фақат аз моҳи январи ҳамин ҳол ин корро тарк намудааст.

“Аз рӯи миллаташ ӯ озарӣ аст ва аммо хоҳараш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Хоҳараш шаҳрванди Тоҷикистон ва аммо табиист, ки озарӣ мебошад”-афзуд Элеонора Бейшенбек-қизӣ.

Додситонии Қирғизистон дар робита ба ошкоршавии гурӯҳи қочоқбари силоҳ парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтиши қазия, аз ҷумла, роҳҳои дарёфту фурӯши силоҳ шурӯъ шудааст.

Бар асари ҳаводиси фоҷиабори соли гузашта дар Қирғизистон шумораи зиёди силоҳи оташфишон ба дасти шаҳрвандон расид.

Мақомоти амниятии Қирғизистон иқрор мекунанд, ки талошҳои онҳо барои аз сӯи шаҳрвандон ихтиёрӣ супурдани силоҳ муваффақ нашуд.

Бархе аз коршиносони маҳаллӣ аз пайдо шудани гурӯҳҳои қочоқбари силоҳ ва афзудани силоҳ дар дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардаанд.