Амрико аз ваҳми варшикастагӣ раҳо хӯрд

Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико Қонун дар мавриди боло бурдани ҳадди қарзи ҳукуматро имзо кард.
Ҳамингуна Иёлоти Муттаҳида аз вартаи варшикастагӣ, ки воҳимааш саросари ҷаҳонро фаро гирифта буд, раҳо шуд.

ОҲИ САБУКИ БАРАК ҲУСЕЙН ОБАМА

Барак Обама, қонуни мазкурро билофосила баъди тасвибион аз тарафи Сенат, палатаи болоии Конгресси Амрико ба имзо расонид.
Барак Обама, қабл аз имзои ин санад аз мардуми Иёлоти Муттаҳида изҳори сипос кард, ки ба гуфтаи ӯ вакилонро ба тасвиби ин санад водор намуданд: "Конгресс акнун санадро ба хотири коҳиши дефитсити буҷа ва ҷилавгирӣ аз варшикастагӣ, ки метавонист, иқтисоди моро хароб кунад, тасвиб намуд. Ин як баҳси дарозу пурмоҷаро буд ва ман мехоҳам ба мардуми Амрико ташаккур гӯям, ки бо фишор ба намояндаҳои интихобии худ онҳоро маҷбур карданд, ки сиёсатро канор гузоранд ва ҳамроҳ барои хубии кишвар кор кунанд."

Ба санади мазкур дар сенат 74 нафар раъйи мувофиқ ва 26 нафар раъйи мухолиф доданд. Рӯзе пеш аз ин Маҷлиси Намояндагони Амрико бо 269 раъйи мувофиқ ва 161 раъйи мухолиф санади мазкурро тасвиб карда буд. Бар асоси қонун ҳадди қарзи ҳукумати Амрико аз 14, 3 триллион боло бурда шуд ва акнун ҳукумат метавонад, барои пардохти ҳисобҳои худ 2,4 триллион доллари дигар қарз бигирад, вале муваззаф аст, то 10 соли оянда хароҷоти буҷаи Амрикоро 2,1 триллион доллар камтар кунад. Дар сурати тасвиб нашудани қонуни мазкур, ҳам Амрико ва ҳам иқтисоди ҷаҳонӣ гирифтори мушкилоти зиёди иқтисодӣ мешуданд.

БАҲСИ ТӮЛОНИИ ДУ ҲИЗБИ РАҚИБ

Баҳс сари санади мазкур бисёр тӯлонӣ шуд, зеро вакилони рақиб аз Ҳизби Демократ ва Ҷумҳурихоҳ дар конгресси Амрико сари он кашмакаш доштанд, ки хароҷоти будҷа чӣ қадар бояд коҳиш дода шавад ва барои афзоиши даромади будҷа, чӣ қадар молиёти нав ситонида шавад. Демократҳо мехостанд, аз амрикоиҳои сарватманд, молиёти зиёдтар ситонанд ва харҷи барномаҳои иҷтимоӣ ба мисли пули табобати пиронсолон кам карда нашавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Райъдиҳӣ барои пешгирӣ аз бӯҳрон



Аммо ҷумҳурихоҳон мухолифи афзоиши ҳаргуна молиёт буданд ва мегуфтанд, ки харҷҳои давлатӣ бояд башиддат коҳиш дода шавад. Дар ниҳоят ду тараф ба созиш расиданд, ки сақфи қарзи Амрико, ки то дирӯз 14,3 триллион долларро ташкил медод, боло бурда шавад, аммо дар тӯли 10 соли оянда харҷи буҷаи давлатӣ то бештар аз 2 триллион доллар коҳиш ёбад.

ҲАНӮЗ ПОЁНИ КОР НЕСТ...

Аммо қарорҳои сахте ҳанӯз қабул ношуда мондааст ва қарор аст, аз ҳисоби вакилони демократ ва ҷумҳурихоҳ як кумитае ташкил шавад, ки то моҳи ноябр шеваҳои коҳиши хароҷоти буҷаи Амрикоро баррасӣ карда ва тавсияҳои худро пешниҳод намоянд. Барак Обама, аз ин кумита хост, дар масъалаи коҳиши хароҷоти будҷа, тавозунро риоят кунанд.

Вай гуфт: "Созиш аз ҳарду ҳизб тақозо мекунад, ки сари барномаи васеътари коҳиши дефитсити будҷа кор кунанд, ки барои солимии дарозмуддати иқтисоди мо муҳим аст. Аз он хотир, ки шумо танҳо бо коҳиши хароҷот наметавонед, дефитсити будҷаро аз байн барад, аз ин рӯ мо бояд дар расидагӣ ба тамоми тамоми масоил тавозунро риоят кунем.“

Аз ҳарду тараф ҳам мухолифони қонуни мазкур зиёданд, аз ҷумла ҷумҳурихоҳони муҳофизакор мегӯянд, хароҷоти будҷа ба таври кофӣ коҳиш дода намешавад, аммо демократҳо мегӯянд, баръакс коҳиши пешбинишуда беш аз ҳадд аст. Бисёре аз вакилон гуфтаанд, ки танҳо барои он ба санади мазкур раъйи мувофиқ доданд, ки ҳукуматро аз варшикастагӣ наҷот диҳанд, ки ин барои иқтисоди Амрико ва ҷаҳон паёмадҳои фалокатборе метавонист дошта бошад.

НАҶОТИ ҶАҲОН АЗ ФАЛОКАТИ ИҚТИСОДӢ

Агар вакилони амрикоӣ Қонун дар бораи боло бурдани ҳадди қарзи кишварро тасвиб намекарданд, ҳукумати Амрико барои пардохти ҳисобҳояш, аз ҷумла ҳаққи бознишастагӣ, имтиёзҳои собиқадорон ва иҷрои барномаҳои ҷориаш пули кофӣ намеёфт, ки ин на танҳо барои иқтисоди Иёлоти Муттаҳида, балки тамоми ҷаҳон фалокатбор мебуд.

Назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки баҳсҳои тӯлонӣ сари ҳадди қарзи ҳукумат, ки дар гузашта бе баҳс боло бурда мешуд, обрӯи конгресс ва Барак Обамаро дар миёни ҷомеаи Амрико коҳиш додааст.

Тимотӣ Гейтнер, вазири хазонадории Амрико рӯзи душанбе гуфт, намедонад, ки баҳсҳои тӯлонии конгресс, то чӣ ҳад метавонад, сабаби поён бурдани нишондодҳои эътимоди иқтисодӣ ба Амрико шавад, аммо гуфт, ӯ аз он бим дорад, ки “намоиши мазкур ба эътибори Амрико дар ҷаҳон латма задааст.”