Тоҷикистон тасмим дорад баъд аз ду соли таваққуф, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро аз сар бигирад.
Ин тавофуқ дар ҷараёни сафари ҳайате аз Кобул ба Душанбе ҳосил шуда ва зимни боздиди Залмай Расул, вазири корҳои хориҷии Афғонистон ниҳоӣ шудааст. Залмай Расул зимни сафари ахири худ аз ҳавзаи рӯдхонаи Вахш ва нерӯгоҳҳои фаъол дар ин рӯдхона, аз ҷумла Норак дидан кард.
БАРҚИ ТОҶИКИСТОН ДАР АФҒОНИСТОН
Хати дуввуми интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, аз
Сангтӯда то Пули Хумрӣ аз чанд соли пеш тавассути ширкатҳои тоҷикӣ оғоз шуд ва ахиран бино ба бархе маълумот такмил шудааст.
Ин хат тавони интиқоли 220 кв нерӯи барқро дорад. Аммо Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нерӯи барқи кофӣ барои содирот дорад? Ва оғози интиқоли нерӯи барқ дар ҳоле, ки гуфта мешавад захираҳои об кам шудааст, то мушкилро пеш нахоҳад овард?
Ғуломиддин Сайфиддинов, корманди собиқи ширкати «Барқи тоҷик» ва коршиноси масоили обу энержӣ мегӯяд: «Имсол бориш кам омад, аммо гарми зиёд, ки шуд, пиряхҳо бештар об мешаванд ва мушкили камобӣ ба маънои беобӣ нест имсол ва намешавад. Имкони додани барқ ҳаст ва ба Афғонистон фурӯхтани он имкон дорад. Бояд ин кор барвақт сурат мегирифт.»
БАРҚ БА АФҒОНИСТОН, АММО ТАНҲО ДАР МАВСИМИ ГАРМО
Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон имкони содироти нерӯи барқро солона ба андозаи то 700 миллион доллар дорад. Аммо дар ҳоли ҳозир метавонад фақат дар фасли тобистон нерӯи барқ содир кунад. Ва он ҳам феълан танҳо ба Афғонистон, зеро Узбакистон аз шабакаи воҳиди барқи минтақа хориҷ шуд ва ҳамин тавр имкони интиқоли барқи Тоҷикистонро тавассути худ ба Қазоқистон ва Туркманистону Русия низ маҳдуд кард.
РАҚОБАТИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБАКИСТОН
Ҳоло Тоҷикистон ба гуфтаи коршиносон, талош дорад дар мисоли Афғонистон бозори фурӯши барқи худро ба роҳ монад ва густариш диҳад.
Таҳлилгарон ин имкони Тоҷикистонро фавқуллода мебинанд. Аммо ин дар ҳолест, ки боз ҳам Узбакистон ба навоҳии шимолу маркази Афғонистонро барқ мефурӯшад. Вале Ҳоҷимуҳаммад Умаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар сурати содироти барқи обии Тоҷикистон, барқи ҳароратии Узбакистон дар бозори Афғонистон тавони рақобатро аз даст нахоҳад дод.
Оқои Умаров мегӯяд: «Барқе, ки Узбакистон ба Афғонистон содир мекунад, асосан дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ, хоса нерӯгоҳҳое тавлид мешавад, ки бо газ кор
мекунанд ва арзиши аслии ин гуна барқ хеле боло аст. Барои ҳамин 7 сент барқро ба Афғонистон мефурӯшад. Аммо бартарии мо дар ин аст, ки арзиши аслии барқӣ мо, ки барқи обӣ аст, арзон аст. Аз ин хотир мо агар як баробар арзон ва се сент ҳам фурӯшем, фоида мекунем. Дар ин рақобат албатта Тоҷикистон ғалаба карданаш мумкин аст.»
ТОҶИКИСТОН ХУД НИЁЗМАНДИ БАРҚ АСТ...
Аммо мушкили аслии Тоҷикистон ин аст, ки обанборҳои бузурги зиёд надорад ва то замоне, ки нерӯгоҳи бузурги «Роғун» мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирад, дар фасли сармо имкони таъмини ниёзмандиҳои худ ба барқро нахоҳад дошт. Ва интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон низ бо эҳтимоли зиёд дар фасли серобӣ ва то тангии тирамоҳ идома хоҳад кард. Бештар аз он, идомаи интиқоли барқ боиси афзоиши норизоятӣ дар дохили худи Тоҷикистон хоҳад шуд.
Қарор аст дар тирамоҳи имсол ба силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон як нерӯгоҳи дигар бо номи «Сангтӯда- 2», ки тавассути эрониҳо сохта мешавад изофа гардад. Аммо он ҳам кофӣ нест, ки ба ҳамаи ниёзҳои дохилии Тоҷикистон дар фасли зимистон посух бигӯяд. Ва боз ҳам дар фасли сармо дар бозори Афғонистон ҷои барқи обии Тоҷикистонро барқи ҳароратии Узбакистон хоҳад гирифт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад