Эшони Абдулбасир: "Шӯрои уламо бесалоҳият нест"

Эшони Абдулбасир, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон.
Ин сӯҳбат дар рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон доир мешавад ва суоли аввал ҳам ин аст, ки оё ин моҳ чӣ вижагӣ ва чӣ фалсафа дорад?

Эшони Абдулбасир: Ин моҳи сартосар ибодат аст. Расули акрам (с)
мефармоянд, ки бинои дини Ислом аз панҷ чиз ниҳода шудааст: калимаи
Дар сарзамини
мо беш аз 90 дарсади мардум мусулмонанд. Аз ин рӯ, ягон хатари
исломишавӣ нест. Мардуми мусулмони
мо ягон даъвое ҳам надоранд, ки дар кишвар тағйироте ба вуҷуд оранд...
шаҳодат, намоз, рамазон, закот ва ҳаҷ. Худованди бузург аз рӯзе, ки инсонро офарид, медонист, ки кадом омол барои ӯ зарар меоранд ва кадоме манфиат. Аз ин ҷиҳат барои инсон дастуруламал дар шакли китобҳои самовӣ – Тавроту Забуру Инҷил ва ахиран Қуръон дод. Чуноне барои қавмҳои Мӯсову Исо (а), Худованд барои пайравони ҳазрати Муҳаммад (с) низ рӯзаро фарз гардонд. Агар ба фалсафаи рӯза назар кунем, интихоби як моҳ аз миёни 12 моҳи сол ба хотири барқарор кардани тандурустии як фарди мусулмон аст. 11 моҳ кас шабонарӯз дар хӯрдану ошомидан озод аст, аммо хоҳ-нохоҳ дар ин муддат дар бадани инсон чизҳое ҳам ҷамъ меоянд, ки ба саломатиаш зарар доранд. Тоза кардани бадани инсон тариқи имсок ва ё парҳез аз ҳамчунин заруратҳо аст. Ин чиз дар миёни уламои олам ҳам таҷриба шудааст. Аз нигоҳи шаръ ин ибодат аст ва ба ҷуз манфиате, ки зикраш рафт, дар зимн даҳҳо

манфиати нуҳуфта дорад. Худованди бузург ва Расули акрам (с) инро низ зикр кардаанд, ки ҳадаф танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки аз кибру ҳасаду кинаву бадбиниву дурӯғ ва дигар хислатҳои бад тоза кардани дил низ ҳаст. Яъне он ваъда, ки дар ин моҳ гуноҳҳои инсон бахшида мешаванд, танҳо бо худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ба даст намеояд. Баръакс, Расули акрам (с) гуфтаанд, ҳар кас ки фақат нахӯрду нанӯшид, аммо омоли бади дигарро кард, пас фақат гуруснагиву ташнагӣ дид, як гуна худро муҷозот кард ва аз манфиатҳои аслӣ бенасиб монд.

Озодӣ: Оё риояти шартҳои Рамазон то куҷо ҳатмӣ аст?

Эшони Абдулбасир: Ин як фаризаи ҳатмиест, ки ба ихтиёри худи инсон гузошта шудааст. Оё инсон фармудаи Холиқи худро иҷро мекунад ё на? Аммо Худованд ҳар касро бо миқдори тоқату имконоташ таклиф мекунад. Масалан, Худованд мегӯяд, ки агар Шумо бемор ҳастед ё дар сафаред, метавонед рӯзаатонро бихӯред, аммо пас аз сиҳат шуданд ё баргаштан аз сафар қазоии онро доред. Ҳамчунин маризон, занони ҳомила ва кӯдаки ширхорадорро низ иҷозаи надоштани рӯза ҳаст, аммо то он дам, ки раҳо меёбанд. Мусалмони тансиҳат ҳатман бояд рӯза дорад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Эшони Абдулбасир



ҲАРАКАТ АЗ БАНДА, БАРАКАТ АЗ ХУДОВАНД

Озодӣ: Домулло, дар арафаи моҳи муборак, тамоми моҳ ва ҳам дар омадомади иди Рамазон бозорҳои Тоҷикистон як гуна ба "васваса"- боло рафтани нархҳо гирифтор мешаванд. Ин ҳол норизоиятии мардумро ба бор меорад, ки дар кул нишонаҳои номусулмонӣ ҳам унвон мешавад. Оё ин вазъ то куҷо қобили қабул ҳаст? Чӣ ҳукмҳое дар ин маврид вуҷуд доранд?

Эшони Абдулбасир: Пайғамбари Худо (с) мегӯянд, ки беҳтарини мардум онест, ки барои дигарон манфиатноктар аст. Азбаски моҳи хайру саховат аст, мардум зиёд ифтор мекунанд ё харид мекунанду ба хонаҳои маъюбону кӯдакон медиҳанд ва ба бечорагон кӯмак мерасонанд. Дар ин моҳ дар қиёс бо дигар моҳҳо харид ҳам зиёд мешавад. Мардум медонанд, ки савоби хайри ин моҳ даҳчанд зиёд аст. Аммо баъзе ашхосе, ки аз моҳияти шариату мусулмонии худ огоҳ нестанд, гумон мекунанд, ки зиёд кардани нарх барояшон манфиат дорад, ки дар асл ин тавр нест. Чанд тангае, ки ӯ ҷамъ мекунад, аз як сӯ дар натиҷаи ҷабру ситам кардан ба дигарон ба даст меояд. Ин гуноҳ аст. Зеро баракат аз Худованд аст ва ҳаракат аз банда. Ман аз ин фурсат истифода карда, ба мардум муроҷиат мекунам, ки нархро поин кунанд, на зиёд. Зеро ваъдаи Худованд ҳаст, ки ҳар тангаи кам кардаи онҳо даҳҳо баракат дар тиҷораташон хоҳад овард.

ҲАР АМАЛИ НОШОИСТА ГУНОҲ АСТ

Озодӣ:
Оё ҳукм ё ҷазое барои ҳамчунин омол, аз ҷумла ба таври сунъӣ боло бурдани нархҳо дар моҳи Рамазон ҳаст?

Эшони Абдулбасир: Мо гуфтем, ки Рамазон аз оғоз то охир моҳи ибодат аст. Ҳар амали ношоиста, ки дар дохили ибодат сурат мегирад, гуноҳ аст ва гуноҳ ҷазо дорад. Ҷазои амали ноҷо дар дохили ибодат даҳчанд аст. Агар бо нархи зиёд фурӯхтани мол барои мардуми сарзамин зарар меорад, қозӣ ё додгоҳ метавонанд қимати моли ӯро поён баранд ва ӯро ҳатто ҳабс кунанд. Аммо агар тоҷир қимат фурӯшаду ба мардуми кишвар зарар наорад, дар ин сурат ҷазое нест. Он шахс фақат аз рӯи худотарсиву мусулмонӣ худ метавонад, ки рафтор кунад.
Эшони Абдулбасир (рост) ва Фарҳоди Милод (чап)

"АФВИ МАРДУМИ ЗИНДОНӢ САВОБ АСТ"

Озодӣ:
Ҳамчунин як таҷрибае, ки дар моҳи Рамазон авф сурат гирад, дар гузашта буд? Бубинед, ба истиснои соли гиромидошти Имоми Аъзам, умдатан афвҳо дар санаҳои таърихӣ сурат мегиранд, ки як қадар сиёсӣ мешаванд. Ба назари Шумо, оё дар ин моҳ метавонад раисҷумҳур қонуни афвро содир намояд? Ё чӣ корҳое ҳукумат метавонад кунад, ки ба мардум наздиктар шавад?

Эшони Абдулбасир: Афв кардани мардуми муҷриму зиндонӣ аз салоҳиятҳои раисҷумҳур аст. Дар кадом ҳолате набошад, чӣ Рамазон ва чӣ хориҷ аз он, ҳазорҳо аҷр – савоб дар пай дорад. Як амали султон беҳтар аст аз ҳазорҳо амале, ки мардуми оддӣ мекунанд.

Озодӣ: Домулло, агар ба таърих ва имрӯз ҳам нигарем, бархе корҳое дар дарборҳо мешаванд, ки хилофи шариат буданду ҳастанд. Масалан, дар дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ҳамчун валӣ ва пуштибони дини Ислом ёд мешуд, корҳое хилофи шариат, аз ҷумла шаробхӯриву зинову дигар манҳиёт ба назар мехӯрданд. Аммо уламо ва мардум ба ин назар буданд, ки ҳар чӣ шоҳ мекунад, равост...

Эшони Абдулбасир: Аз корҳое, ки дар дарбори Султон Маҳмуд мешуд, хабар надорам. Аммо шариат қонуни илоҳӣ аст, ки ҳеҷ кас тағйир дода наметавонад. Ҳалолу ҳаром, фарзу суннату воҷиб дар қуръону ҳадисҳои пайғамбар (с) возеҳ баён шудаанд. Касе онҳоро инкор карда наметавонад. Агар Султон Маҳмуд гуноҳ карда бошад, ҳарчанд банда бегуноҳ намешавад, беҷазо намемонад. Мардум муваззаф нестанд, ки аз ин қабил шоҳон пайравӣ кунанд.

МУФТӢ БОЯД ҶАВОБ ГӮЯД?

Озодӣ: Ба наздикӣ қонуни масъулияти волидайн дар ду палатаи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар дохилу хориҷи Тоҷикистон бахусус ба ин нукта, ки афроди то 18-сола набояд ба масҷид раванд, эътирозҳои зиёд шуд. Як далели умдаи эътироз ҳам ин буд, ки ин нуктаи қонун ба қавонини шариат мухолифат дорад. Назари Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин бора чӣ аст?

Эшони Абдулбасир: Дар ин боб чизе гуфта наметавонам. Салоҳияти посухи ин суол ба ҷаноби муфтӣ аст. Мавқеи Шӯроро сарвараш баён кунад, хуб аст.

Озодӣ: Хуб, домулло, имрӯзҳо имтиҳоноти қабул ба Донишгоҳи исломӣ идома доранд. Аммо довталабон бояд аз фанҳое имтиҳон супоранд, ки дар мактаби миёна нахондаанд. Масалан, имтиҳон аз таърих ё назарияи марбут ба дин ё қироати пораҳои Қуръон. Дар ҳоле ки довталабон ин фанҳоро наомӯхтаанд ва мактабҳои ибтидоӣ вуҷуд надоранд, то куҷо имтиҳонсупориашон мантиқӣ аст?

Эшони Абдулбасир: Воқеан, банда дар Кумитаи дин дар таҳияи барномаи мадрасаҳо, ки дар Тоҷикистон бояд таъсис дода шаванд, ширкат доштам. Ҳамчунин курсҳои омӯзишӣ бояд ташкил шаванд, ки дар назди масҷидҳо аз 3 то 6 моҳ фаъолият мекунанд ва бачаҳо ҳангоми таътил метавонанд таълим гиранд. Шахсоне ҳам, ки мактабро хатм кардаанд, ин таълимро гирифта метавонанд. Ин барнома дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст. Ҳар як масҷиди ҷомеи марказӣ метавонад, ки дар назди худ мадрасаи мутавассита таъсис бидиҳад. ҳуҷҷатҳои баъзе масҷидҳое, ки ҳамчунин мадрасаҳо доранд, аллакай қабул шудаанд. Дигарҳо дар пайи таъсиси ҳамчунин мадрасаҳову курсҳо ҳастанд. Он қадар ки хабар дорам, ин барномаҳоро Кумитаи дин таъйид кардаасту хабар надорам, ки вазири маориф онро иҷоза додааст ё не. Аммо ҳамчунин мадрасаҳои мутавассита рӯи кор хоҳанд омад, ки дар оянда барои Донишгоҳи исломӣ роҳи донишҷӯёнро ҳамвор мекунанд.

ШӮРОИ УЛАМО ҲУКУМАТӢ АСТ?

Озодӣ: Шӯрои уламои Тоҷикистонро баъзан барои он танқид мекунанд, ки аз ҳад зиёд ҳукуматӣ аст ва салоҳият ҳам надорад. Зеро умдатан на аз мавқеи ислом, балки ҳукумат ҳимоят мекунад. Масалан, дар масъалаи ҳиҷоб, масҷидравии занону наврасон. Оё ин фикрҳо дурустанд?

Эшони Абдулбасир: Аъзои Шӯрои уламои назди маркази исломӣ бесалоҳият нестанд. Аксари онҳо олимони варзида ва эътирофшудаи кишвар ҳастанд, ба монанди домулло Ҳикматулло, домулло Муҳаммадӣ ва домулло Муҳаммаднабӣ. Салоҳияти Шӯро ихроҷи масоили динӣ аст, на ин ки ба сиёсатҳои давлат омехта шавад ё дар кадом ҳолате муқобили кадом гурӯҳе, ҳизбе ё давлат садо баланд кунад. Вазифаи Шӯро баёни аҳкоми шаръӣ аст ва баровардани фатвоҳоест, ки бояд ба мардум, масалан, дар мавриди талоқ, дода шавад. Ё вобаста ба дигар шудани замона бархе мавориде пайдо мешаванд, ки фатвои нав зарур аст. Иҷмоъ мекунанду ин гуна фатвоҳоро мебароранд.

"АФРОДИ ҒАРАЗНОКЕ ҲАСТАНД, КИ САНГ МЕАНДОЗАНД"

Озодӣ: Мисол оварда метавонед, ки чӣ фатвои наве баровардаед?

Эшони Абдулбасир: Масалан, чор-панҷ сол пеш зарур омад дар боби мафқуд, яъне шавҳари бархе занон, ки мераванду гум мешаванд, аз онҳо хабаре нест, фатво баровардем. Агар ба мазҳаби Имоми Аъзам руҷӯъ шавад, он зан бояд 90 сол мунтазири шавҳар бимонад. Аммо шароити имрӯз инро намебардорад. Ин масъала дар замони муфтии марҳум буд. Уламо як иҷмоъ карданд ва фатво доданд, ки дар ин маврид аз ҳукми мазҳаби ҳазрати Имом Молик, ки низ аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд, истифода шавад. Он кас мӯҳлати интизориро 4 сол ҳукм кардаанд. Хулоса, Шӯрои уламо дар содир кардани аҳкоми шаръӣ то имрӯз кӯтоҳие накардааст ва аз ӯҳдаи салоҳияти худ мебарояд. Шояд афроди ғаразноке ҳастанд, ки ба сӯи мо санг меандозанд. Аммо ҳамчун як шахси холис назар кунед, Шӯрои уламо бесалоҳият нест.

Озодӣ: Шумо дар замони муфтии пешина ҳам кор мекардед. Оё ҳоло тағйироте ба вуҷуд омадааст? Фарқ миёни муфтии имрӯза ва қаблӣ дар чӣ аст?

Эшони Абдулбасир: Кор ҳамон тавре, ки буд, ҳамон тавр идома дорад. Фарқе нест. Зеро Маркази исломӣ дар хизмати мардум аст. Мехоҳад, ки тинҷиву амонӣ дар сарзамини мо ҳукмрон бошад. Кӯшишҳои марказ ҳам барои ҳамин аст.

ДАР БОРАИ САЛАФИЯ, ҲИЗБУТТАҲРИР...

Озодӣ: Чун сӯҳбат аз тинҷиву оромӣ рафт, домулло, чанд соли пеш баҳсҳо сари созмонҳои мамнӯъ, мисли Салафияву Ҳизбуттаҳриру дигар созмонҳо зиёд шуда буд. Ҳоло ба назар мерасад, ин баҳсҳо фурӯ нишастаанд. Оё Шӯрои исломӣ дар фурӯ нишондани ин баҳсҳо нақше дошт?

Эшони Абдулбасир: Хеле нақши васеъ дошт, зеро ҳар ҷараёне, ки пайдо мешавад дар дин, фақат ба мутахассис маълум аст. Яъне ҳар касе, ки ки олими исломӣ нест, аз берун маълум карда наметавонад, ки кадоме салафӣ, кадоме ваҳҳобӣ ва ҳам ҳанафиву шиӣ ҳастанд. Маркази исломӣ медонад, ки кӣ ба ақидаи ботил рафтааст. Мо муайян мекардем, ки кӣ чӣ аст ва ба ҳукумат мегуфтем.

ЧАРО ЭШОНИ НУРИДДИН УЗВИ ШӮРОИ УЛАМО НЕСТ?

Озодӣ: Шумо гуфтед, ки дар Шӯрои уламо олимони машҳури дини кишвар ҳастанд. Аммо чаро, масалан, Эшони Нуриддин ё Ҳоҷӣ Мирзо нестанд дар қатори онҳо?

Эшони Абдулбасир: Дар Шӯрои уламо шарт нест, ки тамоми уламои кишвар ҷамъ карда шаванд. Як идда ин ҷо бошанду амал кунанд, иддаи дигар ба монанди Эшони Нуриддину дигарон боз метавонанд вобаста ба масоил фикри худро баён кунанд. Агар ба ягон масъала розӣ нестанд, метавонанд биёянд ва ҳарфи худро бигӯянд. Дари Шӯро барои тамоми мардуми кишвар боз аст. Нисбат ба он ки аз берун овоз баланд кунанд, беҳтараш биёянду далел биоранд ва исбот кунанд, ки Шӯрои уламо кори хатое кард. Дар замони худ Имоми Аъзам ҳам дар ҳузури 800 шогирди худ ҳукм мебароварданд. Шогирдонашон ҳам кӯмак мекарданд, то ҳукмҳои он кас беҳтар шаванд.

Озодӣ: Сӯҳбатҳо буд дар бораи он ки ваъз ё амри маъруфи имом – хатибҳои кишварро Кумитаи дин омода кардааст. Оё то куҷо ин дуруст аст, дар ҳоле ки дар Кумитаи дин иддае ҳам дар замони атеизми Шӯравӣ таълим гирифтаанд? Оё Шӯрои уламо ҳам саҳм дорад дар омода кардани мавод барои имом-хатибон?

Эшони Абдулбасир: Ин танҳо дастуруламал аст. Ҳатмӣ нест, яъне ин тавр нест, ки имом-хатиб набояд аз хати кашидаи он берун наояд. Дар олами Ислом ин чиз бисёр роиҷ аст, бо номи хутбаҳо ё хутабот. Онҳо аз чанд китоб гирифта мешаванд ва ҳадаф осон кардани кори хатиб ё воиз аст. Хатибони мо пеш мерафтанд дар дигар кишварҳо чунин дастурҳоро дастрас мекарданд ва корашон ҳам осон мешуд. Агар Маркази исломӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин ҳамчунин як дастуруламалро баровардааст, кори хубест.

"ЯГОН ХАТАРИ ИСЛОМИШАВӢ НЕСТ"

Озодӣ: Домулло, солҳои ахир ин гуна андешаҳо дар ҷомеаи мо ва хориҷ аз он сайр мекунанд, ки дар Тоҷикистон раванди исломишавӣ идома дорад ва ё мардуми Тоҷикистон сол ба сол тундгаро мешаванд. Ҳукумат ҳам барои ҷилавгирӣ аз ин раванд тасмимҳое мегирад, аз ҷумла манъ кардани ҳиҷобу маҳдуд кардани фаъолияти масҷидҳову ғайраву ҳоказо. Дар асл чӣ раванд ҳоло идома дорад: мардуми Тоҷикистон тундгаро мешаванд ё ба асли худ бармегарданд?

Эшони Абдулбасир: Аз он рӯзе, ки дини Ислом пайдо шуд, Худованд онро дар ҳифозати худ гирифтааст. Дар сарзамини мо беш аз 90 дарсади мардум мусулмонанд. Ягон хатари исломишавӣ ҳам нест. Мардуми мусулмони мо ягон даъвое ҳам надоранд, ки дар кишвар тағйироте ба вуҷуд оранд. Албатта, дар миёнашон як чанд гурӯҳи начандон бузург буданду ҳастанд, ба монанди салафиву таҳририҳо, ки ба пиндори ман, фурӯхташудаи бегонагонанд. Онҳо парвои шариатро ҳам надоранд. Аммо мардуми оддӣ ҳамоно пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд, мазҳабе, ки бисёр таҳаммулгаро аст ва бо тамоми мазҳабу динҳои олам дар муколама аст. Мо-пайравони ин мазҳаб бояд он амонатеро, ки падару бобоёнамон ба мо софу содда доданд, ҳамон тавр ба ояндагони худ расонем. Ин мазҳабест, ки миллати моро нигаҳ дошт, миллати моро дар сатҳи баланди ахлоқи инсонӣ тарбия кард ва мо масъулем пеши Худованд ва ояндагон, ки ин мазҳабро поку беолоиш нигоҳ дорем. Ҳар касе, ки зодаи ҳамин сарзамин аст ва бо номи гурӯҳе, ҷараёни тундгарое хуруҷ мекунаду дар байни ин миллат ҷудоӣ меандозад дар назди Худованд ҷавоб мегӯяд ва хиёнаткор аст.

ЁДЕ АЗ ЭШОНИ АБДУРАҲМОНҶОН

Озодӣ: Шумо фарзанди Эшони Абдураҳмонҷон ҳастед, ки дар замони худ шояд ягона сӯфии воқеӣ дар Тоҷикистону минтақа ва ҳатто Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Падари худро чӣ гуна дар хотир доред?

Эшони Абдулбасир: Мо калон будем, ки он кас гузаштанд. На ҳамчун фарзанд, балки холисона ҳамчун як инсон мегӯям, ки як инсони бузург буданд. Барои омӯзиши тасаввуф наздашон аз Узбакистону Туркманистону дигар кишварҳо толибилмон меомаданд. Он кас Мавлавӣ Румии замони худ буданд, гӯям, хато намекунам. Инсони хеле хоксор буданд. Одӣ мепӯшиданд. Тобистон либоси суфи одӣ ва зимистон костюми пашмини аз пӯст сохташуда ба бар мекарданд. Бо ҳама равобити хуб доштанд. Калонҳои кишвар ҳам ба он кас таваҷҷӯҳ доштанд, эҳтиром мекарданд.

Озодӣ: Метавонед гӯед, ки мушаххас киҳо буданд?

Эшони Абдулбасир: Бале, масалан, Қаҳҳор Маҳкамов ва роҳбарони дигари вақт аз Ҳизби коммунисту ҳукумат, раисони навоҳӣ. Мушаххасан, дар хотир надорам, аммо меомаданд дар сӯҳбатҳояш менишастанд.

Озодӣ: Домулло, мо гоҳо мешунавем, ки писари Эшони Абдураҳмонҷон ба дараҷаи падари худ расида натавонистанд. Оё назари худи Шумо чист?

Эшони Абдулбасир: Мо ҳамагӣ шогирди падари худ ҳастем. Падарам, ки ба таълими бегонагон сахт таваҷҷӯҳ доштанд, писарони худро низ истисно намекарданд. Аммо ҳеҷ кас мисли падараш шуда наметавонад. Ба ҳар ҳол, бародари бузургамон-Абдулқуддус хеле дар сатҳи олии илмӣ ҳастанд. Аз тасаввуф бархӯрдоранд. Як бародари дигарамон ҳоло дар манзили падарӣ ҳастанд. Он кас то андозае кори қиблагоҳро пеш мебарад.

Озодӣ: Агар падаратон мебуданд, ба ҳамин вазифае, ки Шумо доред, розӣ мебуданд?

Эшони Абдулбасир: Не. Ошкоро ба Шумо мегӯям, розӣ намешуданд. Зеро дар тасаввуф ҳар чизе, ки шахсро ба худнамоӣ мебарад, қобили қабул нест. Қиблагоҳ ҳеҷ намехостанд, ки писари ӯ нишон дода шавад. Ман, ки дар мансабам, ин як гуна худнамоист. Ин корро тасаввуф намехоҳад. Тақдири ман ҳам ҳамин будааст, ки муфтии марҳум маро ба Шӯрои уламо даъват карданд ва ман қабул кардам. Аммо то ба ҳол падарам ба хобам даромада, маро сарзаниш накардаанд.

Озодӣ: Агар хоб бинед?

Эшони Абдулбасир: Агар дар хоб сарзаниш мекарданд, бешак, аз кор мерафтам.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки ҳукумат ё Шӯрои уламо обрӯи падар ё хонадони Шуморо истифода мекунанд?

Эшони Абдулбасир: Агар барои ободии кишвар бошад, мо розием, ки истифода кунанд. Ҳеҷ гап нест.

Зиндагиномаи Эшони Абдулбасир

Эшони Абдулбасир Саидов, яке аз писарони мутасаввифи машҳури собиқ Шӯравӣ -- Эшони Абдураҳмонҷон соли 1963 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.

Таълими ибтидоии шаръиро дар назди падар гирифта ва бо тавсияи ӯ дар назди Махсуми Бурҳонуддин низ муддате таҳсил кардааст. Бо тавсияи падар баъд аз хатми мактаби миёнаи замони Шӯравӣ ҳафт сол шогирди Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ буд.

Аз замони раҳбарии марҳум Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода барои кор ба Шӯрои уламои Тоҷикистон даъват мешавад ва ҳоло муовини раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аст. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд, панҷ писар ва ду духтар.