Пайравони Ёқуб Салимов ё Маҳмуд Худойбердиев?

Сарҳанги шӯришгар, Маҳмуд Худойбердиев

Додгоҳи Хатлон ба баррасии парвандаи ҳафт гумонбар ба пайравии Маҳмуд Худойбердиев оғоз кард.
Аксарияти онҳо ҳамзамон зердасти вазири пешини умури дохилӣ Ёқуб Салимов низ шумурда мешаванд ва мегӯянд, аз аъмоли хеш пушаймон гаштаанд.

Сешанбеи 2-юми август нахустин нишасти мурофиаи додгоҳии Умаралӣ Қурбонзода, Саидқул Эшонқулов, Қудратулло Қодиров,
Ҳадафи
мақомот аз баррасии зудҳангоми парвандаи ҳафт муттаҳам дар пайравии Худойбердиев ин аст, ки гумонбарон то замони тасвиби қонуни афв равонаи зиндон карда шаванд...
Шамсиддин Ғуломов, Раҷабалӣ Ғафуров, Икром Тӯрахонов ва Ҳокимҷон Донаев, ки сокинони навоҳии Румӣ ва Вахши вилояти Хатлон будаанд, дар толори додгоҳи Хатлон баргузор шуд.

Саидҷаббор Алиев, вакили мудофеи яке аз афроди гумонбар, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ин афрод бо иттиҳоми ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ва исёни мусаллаҳона дар курсии ҷавобгарӣ нишастаанд.

ГУМОНБАРОН: "БЕГУНОҲЕМ"

Додраси мурофиа Ҳамзаев гуфт, ҳар яке аз гумонбарон вакилони мудофеи худро дошта, тамоми ҳуқуқи онҳо дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ риоят шудааст.

Бинои додгоҳи вилояти Хатлон
Дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ се нафар аз муттаҳамон ба суоли додрасу айбдоркунандаи давлатӣ ва вакилони мудофеъ посух доданд. Яке аз гумонбарон, ки дар гузашта муҳофизи Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон, будааст, гуфт, охири солҳои 90-ум чанде аз пайравони Ёқуб Салимов ихтиёран ба гурӯҳи Худойбердиев шомил шуда, ба қасди Узбакистон, тарки Тоҷикистон кардаанд.

Гумонбари дигар Усмоналӣ Қурбонзода низ гуфт, ки худро бегуноҳ меҳисобад, чун ӯ дар баробари даҳҳо нафари дигар ғайриихтиёр ва ноогоҳона ба гурӯҳи Худойбердиев пайвастааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин 7 нафари муттаҳам низ пас аз он ки дарк кардаанд, ки полковники шӯришӣ Худойбердиев ғаразҳои нопок алайҳи Тоҷикистон дорад, ба зодгоҳҳои худ баргаштаанд.

АЗ ЗЕРДАСТИИ САЛИМОВ ТО ПАЙРАВӢ АЗ ХУДОЙБЕРДИЕВ

Таҳқиқи парвандаи гумонбарон дар узвияти гурӯҳи сарҳанги исёнгар Худойбердиевро, ки чаҳор моҳ тӯл кашид, додситонии вилояти Хатлон ба дӯш дошт.

Мақомот мегӯянд, бархе аз ин ҳафт нафари муттаҳам дар гузашта аз муҳофизон ва тарафдорони Ёқуб Салимов низ будаанд
Баҳром Шомиров, муфаттиши парвандаи мазкур дар сӯҳбати қаблӣ бо "Озодӣ" гуфта буд, ин ҳафт нафари муттаҳам, ки моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шудаанд, дар гузашта аз тарафдорони Ёқуб Салимов, фармонлдеҳи собиқ дар Фронти халқӣ ва вазири пешини корҳои дохилии кишвар, будаанд: "Ин ҳафт нафар аз зумраи 35 сокини ҷавони маҳаллӣ будааст, ки бо супориши Ёқуб Салимов ва Маҳмуд Худойбердиев, дар соли 1998, ба Узбакистон рафта, он ҷо ба иттиҳоди ҷиноятии созмондодаи Худойбердиев шомил шудаанд. Онҳо тахминан охирҳои моҳи марти соли 1998 ба Давлати Исломии Афғонистон бо ҳамроҳии 800 нафар аз минтақаи Хайратони вилояти Сурхандарёи Узбекистон ба воситаи қаиқҳо гузашта, бо сарварии Худойбердиев Маҳмуд, Сергей Зваригин ва Абдурасулов Анвар дар бошишгоҳи ҳарбии генерали афғон Дустум муддати 5 моҳ машқҳои тактикию ҷангиро омӯхтанд. Шаби 3 ба 4-уми ноябри соли 1998 ин гурӯҳ аз тарафи Худойбердиев ва Нарзулло Дӯстов бо яроқҳои оташфишон муҷаҳазонида шуда, ба вилояти Суғди Тоҷикистон бо мақсади ғасби ҳокимият ҳуҷуми мусаллаҳона карда, тахминан муддати 3 шабонарӯз ҳамаи иншоот ва идораҳои дорои аҳамияти стратегӣ доштаи ин минтақаи ҷумҳуриро зери назорати худ қарор медиҳанд. Аммо ба муқовимат бо қувваҳои ҳукуматии Тоҷикистон тоб наоварда, ба самти Узбакистон фирор мекунанд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои мақомоти додситонӣ, аксари афроди муттаҳам, дар солҳои ахир дар хориҷ аз кишвар, ғолибан Узбакистону Русия, будубош карда, бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи созмонёфтаи Худойбердиев ва анҷоми амалиёти тахрибкорӣ дар қаламрави вилояти Хатлон, ба Тоҷикистон баргаштаанд.

"ҲУШДОРИ ҚАҲҲОРОВРО СОДА НАГИРЕД"

Ахиран вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар як нишасти хабарии худ аз эҳтимоли ҳамлаҳои такрории сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба Тоҷикистон ҳушдор дод.

Вай аз ҷумла гуфт, имсол 12 пайрави Худойбердиев дар Тоҷикистон боздошт гардиданд ва дар се амалиёти террористӣ, ки аз ҷониби кормандони милиса дар шаҳри Хуҷанд ҷилавгирӣ шуд, маҳз
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиевро аз эҳтимол дур надонста буд

пайравони Худойбердиев даст доштаанд. Ба гуфтаи вазир, милисаи тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба хатари ҳамлаҳои эҳтимолии Худойбердиев дар ду соли ахир дар ҳоли омодагии доимии ҳарбӣ қарор дорад.

Ба иддаои коршиносони маҳаллӣ, эҳтимоли ҳамлаҳои мусаллаҳонаи "артиш"-и Маҳмуд ҳамчунин дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон ҳам воқеӣ ба назар мерасад.

Хабарнигори маҳаллӣ Ҳангомаи Исмат мегӯяд: "Албатта, ҳушдори вазири корҳои дохилӣ набояд сода гирифта шавад. Чунки, мо медонем, дар гузашта Маҳмуд Худойбердиев дар водии Вахш пайравони зиёде дошт. Онҳоро Маҳмуд ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ ва ҳам низомӣ сарпарастӣ мекард. Аз эҳтимол дур нест, ки имрӯз ҳам вай ба қавле "одамони худӣ" дошта бошад. Боздошти гурӯҳ-гурӯҳ пайравони полковники исёнгар дар Хатлон, албатта, метавонад аз он далолат диҳад, ки дар ҳар вақт ҳамлаҳои такрории Худойбердиев метавонад сурат бигирад."

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеъ Саидҷаббор Алиев мегӯяд, дар солҳои 90-уми асри гузашта аксари кулли аскарон бидуни фармони расмӣ ё бастани қарордод ба воҳиди ҳарбии Маҳмуд Худойбердиев пайваста буданд ва азбаски Худойбердиев фармондеҳи бригадаи низомии назди Президент буд, сарбозон дар амалкардҳои ин қисми ҳарбӣ шубҳае надоштанд.

ҲАДАФ АЗ БАРРАСИИ ЗУДҲАНГОМ ЧИСТ?

Оғози мурофиаи 7 гумонбар дар пайравии Худойбердиев дар Хатлон тоза ба замони ирсоли лоиҳаи Қонуни афв ба парлумони Тоҷикистон рост омад, ки аз ҷониби раисиҷумҳур пешниҳод шудааст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷумла зикр шудааст, ки ширкатдорони шӯришҳои соли 1997 мавриди афв қарор мегирад.

Дар шаҳри лоиҳаи қонуни афв омадааст: “...иштирокчиёни исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, инчунин иштирокчиёни ҳуҷуми мусаллаҳонаи соли 1998 дар вилояти Суғд, ки барои ҷиноятҳои содирнамудаашон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд ва аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, озод карда мешаванд. Ҳамзамон ҳамин гуна шахсон, ки парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар дар кофтуков қарор доштани онҳо боздошта шудаанд, ё ин ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона бе даъват кардани онҳо ба мақомоти тафтишотӣ ва суд қатъ карда мешаванд."

Иддае аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки чанде аз афроди гумонбар дар чаҳорчӯби қонуни нави афв аз муҷозот раҳо ёбанд. Вале адвокат Саидҷаббор Алиев дар ин масъала чандон хушбин нест: "Ҳоло ин танҳо як лоиҳа аст. То он замон ки ин лоиҳа қабул ва тасдиқ шавад, вақти бисёре мегузарад. Ҳоло касе чизе намедонад дар бораи ин лоиҳа ва дар бораи он сӯҳбат кардан ҳам гуноҳ аст. Баъд аз он ки расман қабул ва чоп шавад, баъд онро ба баррасӣ мегирем."

Лоиҳаи қонуни афв қарор аст дар миёнаҳои моҳи август аз ҷониби вакилони парлумони кишвар ба баррасӣ гирифта шавад.

Аммо яке аз вакилони мудофеъ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳадафи мақомот аз баррасии зудҳангоми парвандаи 7 муттаҳам дар пайравии Худойбердиев ин аст, ки гумонбарон то замони тасвиби қонуни афв равонаи зиндон карда шаванд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар сурати исбот шудани гуноҳи афроди муттаҳам дар мурофиаи додгоҳӣ, онҳоро ҷазои ҳабси абад интизор хоҳад буд.