Гаронии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон

Бозори шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар моҳи мубораки Рамазон болоравии то 30 дарсади нархҳо дар бозорҳои водии Вахш ба мушоҳида расидааст.
Агар ҳафтае қабл як кило гӯшт 22-25 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он бар ивази 27-30 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ҳамин гуна, қимати пиёзу картошка ва дигар сабзиҷот дар бозори
Ин нархҳоро
мо аз пеши худ баланд накардаем. Аз боло ба чӣ қимате ба мо борро меоранд, ҳамин қадар мефурӯшем...

марказии Қӯрғонтеппа 40 дарсад боло рафта, ҳоло шакар 7, равған 9 ва навъҳои гуногуни меваҷот, аз қабили ангуру себу шафтолу, аз 4 то 10 сомонӣ нарх доштааст.

Шаҳристон Исмоилова, сокини бознишастаи шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, гаронии нарху навои баланди маҳсулоти ғизоӣ дар бозор ӯро нороҳат карда, бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон тавони хонаводаи ӯ барои хариди маводи ниёзи аввалия маҳдуд шудааст.

"Агар дар тамоми дунё нархи бозор ба хотири моҳи Рамазон арзон шавад, дар мо баръакс, гаронӣ мешавад. Коргарони калон, қозиҳо, президент ҳар рӯз дар телевизор гап мезананд, ки бозор арзонӣ шавад, халқ хӯрад. Инҳо баръакс. Мегӯӣ, ҳамин моҳи Рамазонро бо беқарорӣ интизоранд. Як кило биринҷ то 7-8 сомонӣ боло рафтаст, ки ҳамин 2-3 рӯз пеш 5-6 сомонӣ буд. Нахӯд 9 сомонӣ, чанд рӯз пеш 6-7 сомонӣ буд. Ҳатто ҳамин боимҷонро, ки 50 дирам буд, 1 сомонӣ карданд. Помидор 3-3,5 сомонӣ. Даҳшат. Нархҳо қариб 50 фоиз баланд шуданд. Мо одамони шаҳр, "харидахӯрем". Дар як хона 10-12 нафарем, хеле гарон аст барои мо харид кардан",-афзуд ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикии худ дар пешорӯи моҳи Рамазон, танзими нарх дар бозорҳо ва кам кардани қимати маводи мавриди ниёзи мардумро тақозо карда буд.

Аммо болоравии нархҳо дар рӯзи аввали моҳи Рамазон, ки натанҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои Қӯрғонтеппа, балки дар фурӯшгоҳҳои навоҳии дигари минтақа мушоҳида мешавад, ба мисли хонум Шаҳристон, сокинони дигари маҳаллиро низ нигарон кардааст.

"Ҳоло ҳама нарх қимат шудааст. Пеш аз Рамазон як каме арзонтар буд. Ҳатто матоъ ва дигар маҳсулоти ғайрихӯрока ҳам гаронарзиш шудааст. Аз ҳама аламовараш ин ки баъд аз Рамазон ҳам нархҳо ҳамин хел бетағйир мемонанд. Ҳар сол ҳамин хел мешавад. Ба мардум ҷабр аст ин…"

"Гӯшт, ки нархаш дандоншикан, мо мурғ мехӯрдем. Лекин ҳамон ҳам гарон шудааст. Пойи мурғ агар то чанд рӯз пеш 10 сомонӣ буд, ҳоло як килояш 12-13 сомонӣ мебошад. Арзонӣ савоб аст. Мо дар деҳа зиндагӣ мекунем, пахтаро чобуқ мекунем, ду моҳ боз маош намедиҳанд. Ана ҳамин хел деҳқонем, хариди бисёр карда наметавонем…"

"Ман ҳам нав даромадам ба бозор, лекин ба ваҳшат афтодам аз ин нарху наво. Бо пуле, ки дар ҳамёнам дорам, бояд барои ифтор чанд намуд ғизо мегирифтам, лекин ба фикрам пулам ба ҳамааш намерасад. Муҳимтарин чизҳоро мегираму халос…"

"Нархҳо пеш аз Рамазон арзонтар буд. Гӯшт агар 25 сомонӣ буд, ҳоло 27-30 сомонӣ шудааст. Албатта, гарон. Медонам, ки гов дар бозор арзон аст, онро бо нархҳои пешина мехаранд қассобон. Ҳоло медонанд, ки дар Рамазон ҳама кӯшиш мекунад, ки таоми бо гӯшт тановул кунанд, нархи онро аз пеши худ боло бурдаанд. Инсоф кардан даркор…"

Аммо Зоир Шодиев, тоҷири дӯкони гӯшт дар бозори Қӯрғонтеппа, дар шарҳи сабаби якбора боло рафтани қимати гӯшт мегӯяд: "Нархи кунҷора қимат аст. Як кило кунҷора ба 30 сомонӣ расидааст. Пеш аз Рамазон кунҷора арзонтар буд. Ҳоло ҳеҷ кас молашро «бонӣ» намекунад. Барои ҳамин дар бозор чорвои фарбеҳ нест, камбудӣ ҳаст. Сабаби болоравии нархи гӯшт ҳам ҳамин. Моли фарбеҳ бошад, арзонтар мешавад. Мо ҳам мехоҳем, ки говро арзон харем ва гӯшташро арзон фурӯшем. Мисол, як говро 2 рӯз нею дар 1 рӯз фурӯшем, фоидаи мо. Лекин ҳоло мо ҳам зарар мебинем."

Дар ҳамин ҳол, тоҷирону фурӯшандаҳои бозор мегӯянд, имкони амалии кам кардани нархро надоранд. Соҳибкорон дар шарҳи ин ҳол мегӯянд, гаронии сӯзишворӣ ва қимати роҳкиро, ҳамчунин афзоиши хароҷоти парваришу истеҳсоли маводи ғизоӣ сабаби афзоиши нарху навои бозор шудааст.

Вале Ғайратулло Идибеков, тоҷири дигари бозори Қӯрғонтеппа, иқрор мекунад, ки гурӯҳе аз соҳибкорон ба хотири ба даст овардани даромади бештар дар моҳи Рамазон (ки одатан бозори маводи озуқа «ҷӯш мезанад») қимати маҳсулотро ба таври сунъӣ боло мебаранд.

Ӯ афзуд, азбаски маъмулан маводи фурӯшии бозор моли дасту дуввуму саввум аст, контрол кардан ё ба таври иҷборӣ поин бурдани қимати он имконнопазир мебошад: "Ин нархҳоро мо аз пеши худ баланд накардаем. Аз боло ба чӣ қимате ба мо борро меоранд, ҳамин қадар мефурӯшем. Лекин, агар маҳсулот, ки сифати хуб дошта бошад, қиматаш ҳам боло меравад. Албатта, фарорасии моҳи Рамазон ҳам сабаби болоравии нархҳо аст. Чунки бозор гарм мешавад, соҳибкорон аз ҳамин моҳ истифода мекунанд."

Ҷамъияти "Тоҷикматлубот"-и Хатлон, ниҳоде ки ба танзими кори бозору фурӯшгоҳҳо масъул аст, ба хотири ҷилавгирӣ аз болоравии қиматҳо дар моҳи Рамазон миқдори муайяни маводи ниёзи аввалия, назири маҳсулоти кишоварзӣ ва орду гандумро захира кардааст.

Масъулони ин ҷамъият мегӯянд, ҳангоми зарурат ин маводи захиравӣ барои шикастани нархҳои ба таври сунъӣ болорафта ба бозор ворид карда хоҳад шуд. Аммо воқеияти имрӯзии бозорҳои водии Вахш гувоҳи он аст, ки мақомоти маҳаллӣ дар амри ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо дасти кӯтаҳ доранд.