Ин радду бадал дар саволномаи хонандагон барои ҳамсӯҳбати Гуфтугӯи интернетӣ -- рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба вуқӯъ пайваст ва аз он ҷо, ки аз доираи суолҳо ба меҳмон фаротар рафтаву ба як баҳси мустақиле табдил шудааст, онро ин ҷо мунташир намудем. Агар Шумо ҳам дар ин мавзӯъ гуфтание доред, лутф фармоед ва бинавсиед. Ин номаҳои бидуни таҳрир ё тасҳеҳ нашр шудаанд.
Баҳс бо ин номаи зоҳиран иборат аз пурсишҳо оғоз ёфт:
Пайрави оини ростин аз Барзах
Дуруди эзад бод бар бандаи худо Ҳоҷӣ Исмоил,
1. Оё шумо дар бораи паёмбар Зардушт - саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (7 ҳазор сол пеш замони зуҳур) иттилоъ доред ва китоби муқаддас Авесторо хондаед?
2. Ҳадаф аз ибодат пайравӣ ба худованди яктост ё пайравӣ аз дину оин аст?
3. Ман намози исломиро ба забони форсӣ мегузорам. Шумо аз кай хондани намозро ба забони форсӣ оғоз мекунед?
4. Ислом танҳо дини арабҳост ё дини тамоми башар аст?
5. Кай масҷиди занона дар Тоҷикистон ташкил мешавад?
6. Оё имкон дорад, ки зан имоми намози ҷумъа ҳадди акал дар масҷиди занона бошад?
7. Мову шумо то куҷо ҳақ дорем, ки аз номи худо ва паёмоваронаш гап бизанем?
8. Оё расули худо Муҳаммад (с) аз оли Иброҳим (Авраам) аст?
Худованди ҷойгоҳи шуморо дар минуи барин муқаррар фармояд.
Бо эҳтиром ва сипос
Пайрави оини ростин
Ҳайрон
Пайрави оини ростинаш боз чи гуна оин аст, ки аз барзах савол додааст?
Диндори Худопараст аз рӯи замин
Ба номи эзади пок!
Ба Ҳайрон.
Ало инсони ҳайрону саргардон. Оинҳо ду гуна буванд - ростин ва дурӯғин. Оини дурӯғин он бувад, ки аз берун мардумони бегона ва бадавӣ оварда бошанд ва пайравонаш он чӣ мехонанд ҳиҷ чӣ намефаҳманд ва кӯр-кӯрона мисли дому дад аз паси пода мераванд ва аз ёди худо ғофил мешаванд. Вале оини ростин он аст, ки худованди яккаву ягона мустақим ба мардум ба забони мафҳум барои мардум нозил мекунад ва мардум ин динро дӯст доранд ва танҳо аз худованд ибодат мекунанд ва хайру некӣ мекунанд ва ба касе бад намекунанд ва бад намегӯянд.
Худованд инсонҳоро ба сӯи ростӣ ва некӣ роҳнамоӣ фармояд!
Ҳайрон
Саломи субхи бовафо ба хонандагони худогох. ей диндори худопараст, агар вокеан хам дар рохи рост- яъне сиротул мустаким боши, бахайр аст ,аммо тарс аз он дорам, ки гумрохвор харф мезани ва зардуштро саллаллох алайхи ва саллам мегуи ( дар сах.3 бо номи пайрави оини ростин аз барзах навиштаи) ва намозро ба форси мехонам мегуи. маъзарат аз пирмухаммадзода ки ба чояшон чавоб мехихам :дониста бош ки намозат маъни надорад ва агар гуи ки дилам ба худо рост, он дил чи гуна дил аст ки туро ба маъсият даъват дорад. дониста бош ки дар маъсияти банда худо хушнуд нест ,агарчи модар ё падар хам амр фармоянд. сониян агар зардухушт паёмбар мебуд, чуноне ки зардуштихо гумон доред, номаш дар катори 27 паёмбар дар куръон зикр мешуд. ин дин бале аз арабистон ба мо омадааст. аммо он моро начот дод. зеро ба мо холикмонро шиносонд ва хаому халоламонро ошкор сохт ва фахмонд ки ба модару хохар набояд наздики намуд. шумо бо оташ - махлуки худо пайрави доред ва алобро пок мепиндоред ва таъзим менамоед. аммо оташ хамаро яксар месузад. аммо худои ман-холики якто бошад,ибодаткунандаи ниёзовардаашро мепарварад ва намесузад, балки ба рости боз хам рахнамун месозад.бояд гуфт ки аз хамаи бадихо мо боисто ба аллох панах барем . ай худованди бузург, бисёр дустат дорам. ва мехохам ки инсонхоро яксар ба ягона рохи сиротал мустаким рохнамои сози, на ба рохи магзубшудагон ва гумрохон(гараз аз газабшудагон -яхудон ва гумрохон -насорост)
Нексиришт аз Тоҷикистон
Ба Ҳайрон (шигифтзада-роҳгумзада - ба форсӣ),
Ман ҳам тарафдори андешаҳои Диндори худопараст ва Пайрави оини ростин ҳастам. Ҳар дуи онҳо рости гапро далерона гуфтаанд. Ман ҳам ба монанди онҳо ба ҷуз Худованди пок аз касу хасу хошоке бок надорем. Ман ҳам монанди онҳо як марди мӯъмин ба худованд ҳастам, на мӯъмин ба дини араб. Ман истилоҳоти арабии туро истифода мекунам, то ту бифаҳмӣ, вагарна намефаҳмӣ. Бадбахтона ту бидуни огоҳӣ дар бораи дини зардуштӣ ба ин дин ва пайравони оини ростӣ санг мезанӣ ва тӯҳмати ноҳақ раво медорӣ. Ё наузан биллоҳ аз тӯҳмати ноҳақ. Моҳияти дини зардуштӣ аз дини ислом бегона нест ва бисёриҳо Қуръони азимушшаънро тарҷумаи арабии Авасто медонанд. Ту ақалан Қуръонро дуруст намедонӣ то чӣ расад ба Инҷилу Авасто. Дар Қуръон тақрибан ҳазор вожаи авастоӣ ба кор рафта ва худи калимаи дин (авестоӣ) аст. Калимаи мазгит (масҷид) авестоӣ аст. Пас вақте ту ба дини зардуштӣ санг мезанӣ ба дини ислом ҳам санг задаӣ. Андешаҳои ту ифротӣ ва бинлодинӣ аст ва аз ислом дур аст. Толибони хунхори ифротӣ ҳам бутҳои зебои Бомиёнро шикастанд ва хиёнате бар фарҳанги башар карданд. Монанди ман дар Тоҷикистон чанд миллион аст вале ба хотири хашмолуд накардан ва эҳтироми ифротиёне мисли ту ором нишастаем ва ба зиндагии худ бандавор идома медиҳем.
Дар Қуръон аз Зардушт ёд шудааст, вале ту чун арабӣ намедонӣ ва Қуръонро на хонда ва на фаҳмида метавонӣ, намедонӣ, ки дар куҷо зикр шудааст. Дар чанд маврид дар Қуръон вожаи المجوسی
ба кор рафтааст, ки ин ҳамоно ишора ба зардушту зардуштист. Маҷус - вожаи магупатӣ-и зардуштист ба маънои рамзи оини муқаддас. Дар Қуръон номи ҳамаи паёмбарони худо оварда нашудааст, вале гуфта шудааст, ки "қабпан паёмбарон фиристодам барои шумоён бандагони мағзуб". Яъне агарчӣ номи Зардушт сароҳатан зикр нашуда, вале андешаҳои Зардушт ва ишора ба он дар Қуръон зикр шудааст. Ислом як дини сулҳу оромиш аст ва Қуръон дар воқеъ як китоби шариф аст, вале одамоне мисли ту бо тафаккури яхбаста онро ба силоҳи нафрату бадбинӣ табдил додаед. Ҳоло гӯш кун, ки Фирдавсии бузургвор дар ҳаққи оини пешини ниёкони мо чӣ мегӯяд:
Ниёро чунин буд оини пеш
Парастидани эзадӣ буд кеш
Чу маро тозиёнро ба меҳроб санг
Бад-он гаҳ будӣ оташи хубранг
Нагӯӣ ки оташпарастон буданд
Парастандаи пок яздон буданд
Зи шири шутур хурдану сусмор
Арабро ба ҷое расидаст кор
Ки тахти каёнро кунад орзу
Туфу бар ту эй чархи гардун туфу
Зиёни касон аз паи суди хеш
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Дар оини зардуштӣ хоҳар бо бародар наздикӣ намекард ва ин тӯҳмати ифротиён ва кофирон ба ин дини ростини Аллоҳ таъоло аст. Ин динро Аллоҳ Таъоло 5 ҳазор сол пеш аз нузули Қуръон бо ҳамон андешаҳои аҳуроӣ барои мардуми эронитабор фиристода буд. Ман эҳтироми амиқ ба паёбарон ва динҳои қабл аз ислом дорам. Ва низ эҳтиром амиқ ба дини ислом, паёмбар Муҳаммад (С) ва Қуръони азимушшаън дорам, вале чаро ту ба паёмоварон ва динҳои пешин эҳтиром надорӣ. Худованд туро аз куфр ба сироти мустақим роҳнамоӣ фармояд.
Худованд яктост ва ҳамаи мо ҳам ману ҳам ту ба сӯи ӯ равонаем - Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.
Саллалоҳу ала мурсалина мин қаблика ва лаънатуллоҳу ала-л-кофирина. Худованд бузург аст - Аллоҳу акбар!
Ҳайрон
ба некширишти гумрохранг. оё шунидаи ки шахри калону номи вайрон чист? он динхое ки гуфти бо нузули куръон мансух шудаанд. агарчи аз фирдавси харф мезани аммо мутаассифона . мисрахои овардаи ту бахусу с"арабро расидаст ба чое кор" аз забони персонаж оварда шудааст. ту агар хамон шохкорро дуруст хони дини асил ва мансух будани динхои ботиларо мефахми. барои фахмидани ту китоби шодравон муллоэшончон "зардушт кист ва зардуштихо кистанд"-ро тавсия мекунам , то дурусттар бифахмию тавбаро пеш бигири. бубин имон надори ва тарсу хасти ва мегуи ки бо кордча туро гуё мекушта бошанд ва пайравонатро дуругомез миллионхо мегуи. аммо дониста бош ки дини асили ислом куштору тероризмро махкум мекунад ва банда низ факат ба парвардигор такя дорам ва туро ки дар хаёли торикат худро хушбахт мехисоби ба хидоят даъват мекунам. худои якто ки мегуи то охир дар хамон бимон, худо сегона намешавад. . ба дини мусалмонхо бавари дорам гуфтанат ин нишини имондори нест , ислом бо амал накуст .агарчи аз барзах менависи ё аз ягон гури дигар аз алифат маълум ки ин се навишта аз як каъри сиях меояд ва сардабир дуруст мегуяд ки туро касе ифшо хам намекунаду дар пайи думи ту хам намегардад. ва хидоят хам насиби хама намешавад шунав ки парвардигор чи мегуяд: золика мин оётиллох,ма йахдиллоху фахувал мухтад ... амо дарег мегуям ки шумори кабоили ту хамаги хазор бошад хам дил мехохад ки ахиран аз ин чахолат рахои ёбанд.. онхое ки хайкали бутхоро дар афгонистон кафонданд, дониста бош ки ин аллакай сиёсат аст ва барои фахмидани сиёсати сиёх ин аклу чахонбинии кучаки ту намерасад. мана дирузакак маълум шуд ки пулро ба толибон амрико худ медодааст. онхо аввал бо дасти чанд чохилаке ин батхоро тарконданд то хашму газаби дигар хампаймонхои НАТО бахусус кореяву япония ва хитойи бутпараст хам зидди мусалмонхо зиёд шавад. мусалмони асил ба пои муъмине намехохад ки хоре бихалад. иншоаллох умедвор мешавам ки охиста охиста бошад хам торики меравад, чун рушнои меояд... дар охир гуфтаниам ки навис , бахис бикун аммо дар доираи одоб навис. дониста бош ки 37 фисади калимахои забонамон арабист ва аз он туро чои гурез нест..
Амруллоҳ аз Хонаи қозӣ
Бародарон, ба баҳси ҷанобон Нексиришт ва Ҳайрон таваҷҷӯҳ кунед. Нексиришт дар чорчӯби одоб ва бо далел ҳарф мезанад ва эҳтиромро пос медорад, вале Ҳайрон бо ғазаб ва нафрат ба рӯи андешаҳои ӯ метозад. Агар монанди Ҳайрон ду-се мусалмонмонанди дигар дар дини мо бошанд, ҳама ба ин дини илоҳии мо нафрат пайдо мекунанд ва мачитҳо холӣ мемонад. Худовандо, ба мӯъминҳову мусалмонҳо ақли солим ато фармояд.