Ҳоло муассисаҳои тиббии воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба як ҳазору 20 пизишки касбӣ ниёз доштаанд.
Матлуба Шоназарова, муовини якуми сардори Раёсати ҳифзи тандурустии Хатлон, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, бо ҳадафи рафъи мушкили норасоии пизишкон, ҳукумати маҳаллӣ як барномаи нави давлатиро барои то соли 2016-ум қабул кардааст, ки бар асоси он, ҷиҳати ҷалби мутахассисони ҷавон силсилаи тадбирҳои ҳавасмандсозӣ анҷом хоҳад шуд.
"Соли гузашта 124 хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои кор ба муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон омаданд. Имсол ҳам то 130 мутахассиси ҷавони дигар, ки донишгоҳро хатм кардаанд, дар назар аст, ки ба вилояти мо баргарданд. Барои дастгирӣ кардани ҳамин кадрҳои ҷавоне, ки ба шаҳру ноҳияҳо ба кор меоянд, бояд ки онҳо ягон мотиватсия дошта бошанд. Бо дастгирии раисони навоҳии дурдасти Хатлон
барои хатмкардаҳои донишгоҳи тиббӣ, ки омаданд ба кор, ба 14 нафарашон замини наздиҳавлигӣ тақсим карда доданд. Мо ҳам аз мақомоти маҳаллӣ мехоҳем, ки кадрҳои ҷавоне, ки ба ноҳияашон мераванд, дастгирӣ кунанд. Зеро нигоҳ доштани мутахассиси хуб дар ноҳияҳо бо маоши паст хеле мушкил аст",-илова кард ӯ.
Ҳақмузди нокофӣ, набуди шароити корӣ ва фанноварии муосири табобат дар бемористонҳои навоҳии вилояти Хатлон дар аксари маврид сабаби фирори пизишкони ҳирфаӣ ва худдории пизишкони ҷавон аз кор дар чунин муассисаҳои музофотӣ унвон мешавад.
Муҳаммади Холиқ, пизишки ҷавоне, ки ҳоло дар як дармонгоҳи шаҳри Душанбе кор мекунад, мегӯяд, азбаски дар музофот шароити дурусти кору зиндагӣ ва карйерасозӣ барояш муҳайё набуд, вай ҳоло хаёли баргаштан ба зодгоҳаш - шаҳри Қӯрғонтеппаро дар сар надорад.
Вай афзуд, наметавонад бо ҳақмузди ночизе, ки барояш ваъда кардаанд, таъмини иҷтимоии оилаи ҷавонашро ба дӯш бигирад: "Яке аз факторҳои муҳим камии маош аст. Дигараш ин, ки мутахассиси ҷавоне, ки ба музофот рафт, таҷрибаи кофӣ надорад, устоди қавии амалӣ надорад, ки ба ӯ роҳи дурусти корро нишон диҳад. Барои ҳамин пизишкони ҷавон фикр мекунанд, ки агар ба музофот бираванд, имкони рушди донишу таҷрибааш маҳдуд мешавад, дигар ба марказ ба кор рафта наметавонад ё кори илмӣ анҷом доданаш мушкил мешавад. Таъминоти техникаи тиббӣ дар қишлоқҷойҳо ҳам сабаби асосӣ аст, ки азбаски таҷҳизот намерасад, шароити кор нест, барқ нест, ташхисҳои дуруст анҷом дода намешавад, пизишки ҷавон худашро такмил дода наметавонад. Хуллас, ҳамаи ин проблемаҳои соҳа ҷавононро ба он моил мекунад, ки дар Душанбе монанд."
Ҳамин тавр, соли гузашта беш аз 20 фориғуттаҳсили донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки аз вилояти Хатлон ба таҳсил рафта буданд, ба кор дар муассисаҳои тиббии зодгоҳҳои худ ҳозир нашудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки пизишкони атфол, амрози дарунӣ, бемории сил, момодояҳо, духтурони чашм, равонпизишкон ва наркологҳо дар бемористонҳои навоҳии минтақа намерасанд. Бештар аз ҳама дар навоҳии кӯҳистонӣ ва дурдасти Ховалинг, Носири Хусрав, Мӯъминобод ва Шӯробод норасоии пизишкон амиқан эҳсос мешавад.
Ҳасан Пиров, пизишки ҷавону ояндадор аз Қӯрғонтеппа, мегӯяд, таъмини иҷтимоӣ ва таваҷҷӯҳи ҳукумат ба шароити зиндагӣ ва кори пизишкон аз роҳҳои аслии ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор дар навоҳии дурдаст мебошад:
"Таъмини манзили зист ва маоши кофӣ метавонад пизишкони ҷавонро ба кор дар навоҳии дурдаст моил кунад. Бисёр ҷавонон мехоҳанд, ки барои рушди тиб дар деҳаҳои дурдаст, дар зодгоҳҳои худ мусоидат кунанд, кӯмакашон ба одамон расад, аммо набудани шароити кору зиндагӣ монеъ мешавад ба ин. Баъдан, дар худи донишгоҳи тиббӣ ҳам ҷавононро бояд таблиғ кунанд, ки ҳунару донишашон натанҳо барои Душанбе, балки барои тамоми Тоҷикистон зарур аст ва бояд барои он мутахассисоне, ки дар музофотҳо кор мекунанд, имтиёзҳо ва кӯмакҳои иловагӣ дода шавад, то онҳо ҳам имкони такмили ихтисос ва зиндагии шоиста дошта бошанд."
Бо ин вуҷуд, ки дар кишвар норасоии шадиди кормандони тиб ба мушоҳида мерасад, ба иддаои коршиносон, ҳамоно ҳукуматҳои маҳаллӣ дар амри ҷалб ва ҳавасмандии пизишкон ба дармонгоҳҳои маҳаллӣ аз тадобири кофӣ кор намегиранд.