Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни афв дар баробари беш аз 15 000 маҳбусон ва гумонбарону айбдоршавандаҳо татбиқ мешавад. Вале мушаххасан 5 ҳазор нафар аз ин афрод ба озодӣ мебароянд.
Аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабии ғайриқонунӣ, ки барои ифротгароӣ то ба 5 сол маҳкум ба зиндон шудаанд, ва ҳамин гуна шахсоне, ки ба мўҳлати беш аз 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда ва аммо аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо кардаанд, тарки зиндон мекунанд...
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбон, маризони силу саратону дил, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, афроде, ки аз фоҷиаи Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ маҳбасро тарк хоҳанд гуфт.
Ба феҳрасти ин афрод ҳамчунин маҳбусоне, ки бар асари беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ё барои ҷиноятҳои начандон сангин барои то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, низ шомиланд.
Бар пояи тарҳи қонун, аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабии ғайриқонунӣ, ки барои ифротгароӣ то ба 5 сол маҳкум ба зиндон шудаанд, ва ҳамин гуна шахсоне, ки ба мӯҳлати беш аз 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда ва аммо аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо кардаанд, тарки зиндон мекунанд. Аммо ба шарте, ки, тавре дар тарҳ омадаст, онҳо ҷиноёти марбут ба қатли одам, терроризм, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва ба ин монанд ҷиноятҳои сангинро содир накарда бошанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Афви тилоӣ" ба кӣ озодӣ мебахшад?
Маҳбусони барои ширкат дар исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рудакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, ҳамлаи мусаллаҳона ба вилояти Суғд дар соли 1998 маҳкумшуда, ки аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, низ озод карда мешаванд. Таври маълум дар садри ҳамлаи мусаллаҳона ба Хуҷанд полковники шӯришгар, Маҳмуд Худойберидев меистод.
Ҳоло ангезаи аслии шомили афв шудани тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев аз чӣ иборат аст? Чаро ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ин навбат афроди Маҳмуд Худойбердиевро аз маҳбас озод бикунад?
Мо бо Хуршед Бобоҷонов тақирбан як моҳ қабл дар зиндон
Маҳмуд Худойбердиев
ҳамсӯҳбат шуда будем ва ӯ он вақт гуфта буд: "Ман аз соли 1992 ба ин тараф ҳамроҳи Маҳмуд будам ва дар соли 1998 ҳабс шудам. Аз рӯи ҷавонӣ, нофаҳмӣ ба ӯ ҳамроҳ шудем."
Ғаффор Фармонов, яке дигар аз афроде, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо полковник Худойбердиев ба маҳкама кашида шудааст, дар сӯҳбат бо мо чунин гуфта буд: "Дар замони рух додани он воқеа 22 сол доштам. Аз ман як силоҳ пайдо карданд ва 22 сол зиндон шудам. Ҳамааш аз руи бачагӣ ва аз рӯи беақлӣ буд."
Бар асоси тарҳи Қонуни афв ин афрод, ки барои ҷиноятҳои содиркардаашон аз озодӣ маҳрум карда шудаан ва аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, озод карда хоҳанд шуд. Ҳамзамон, ҳамин гуна шахсон, ки парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар дар кофтукоб қарор доштани онҳо боздошта шудаанд ё ин ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии додгоҳӣ қарор доранд, ба истиснои роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона, бидуни даъват ба мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳ қатъ карда мешаванд.