Мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

Вазирони умури хориҷии Афғонистон ва Тоҷикистон

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон имрӯз дар Душанбе дидору гуфтугӯ анҷом доданд.
Зулмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистон баъд аз мулоқоташ бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, ҳамтои тоҷикаш гуфт, дар ин мулоқот роҷеъ ба масоили мавриди алоқаи ду ҷониб, аз ҷумла роҷеъ ба наҳваи иҷрои созишномаҳои то кунун миёни ду кишвар ба имзо расида дар заминаҳои мухталиф, роҷеъ ба барномаи сохтмони хати роҳи оҳан ва нақлиёт, амнияти минтақа ва ҳамоҳагии мавзеъи ҷонибҳо дар мавриди масоили амниятии минтақа сӯҳбат кардаанд.



Ҳар ду ҷониб хостори густариши равобити тиҷоратии ду кишвар шуда ва инчунин роҳҳои тавсеъаи ин ҳамкориҳоро баҳс кардаанд.

Зарифӣ гуфт, ки дар ин мулоқот тарҳи ду созишномае баррасӣ шуддааст, ки қарор аст дар ҷараёни сафари Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон дар ҳошияи мулоқоти чоргонаи руасои ҷумҳурии Тоҷикистон, Покистон, Русия ва Афғонистон, ки қарор аст дар аввали сентябр баргузор шавад, ба имзо бирасанд.



Ду созишномае, ки бояд то анҷоми ин сафар таҳия шавад ва ба имзои ду ҷониб бирасад, яке дар бораи ташвиқи сармоягузориҳои муштарак аст ва дигаре дар бораи барчидани минаҳо аз марзи миёни ду кишвар.

Сафари Зулмай Расул ба Норак ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст.