Бозии ҷавобии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Сурия дар даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 рӯзи 28-уми июл соати 16 дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо тасмими ФИФА, Федератсиюни байнулмилалии футбол, бозии аввал миёни дастаҳои Сурия ва Тоҷикистон бо назардошти вазъи амниятӣ 23-юми июл дар минтақаи бетараф – пойтахти Урдун – шаҳри Уммон барпо гардида, бо пирӯзии футболбозони Сурия бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расида буд.
Воқеъан, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия ҳафт сол муқаддам дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2006 ду бозӣ анҷом дода буданд. Дар нахустин рақобати ин дастаҳо моҳи июни соли 2004-ум дар шаҳри Хамсаи Сурия дастаҳо ду рӯз пасиҳам ба майдон баромаданд.
Рӯзии аввал, дар мавриде ки ҳисоб 3:1 ба нафъи мизбонон буд, барқ қатъ шуд ва бозӣ рӯзи дуввум азнав барпо гашт ва бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Бозии ҷавобӣ низ баъди се моҳ дар шаҳри Душанбе бо ғалабаи дастаи мунтахаби Сурия бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расида буд.
Барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан суриягиҳоро натиҷаи мусовӣ низ қаноатманд мекунад. Вале ба дастаи Тоҷикистон зарур аст, ки бо ҳисоби 1:0, 3:1 ва аз ин бештар пирӯзӣ ба даст орад. Агар бозии дуввум бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёбад, он гоҳ замони изофӣ (ду қисми ҳар кадом 15-дақиқагӣ) таъин хоҳад шуд. Вале агар дар замони изофӣ ҳам ғолиб муайян нашавад, силсилаи зарбаҳои 11-метра таъйин мегардад.
Ба гуфтаи Пӯлод Қодиров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ба ғайр аз футболбозони аз тимҳои «Истиқлол»-и Душанбе (11 нафар), «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (3), ССКА «Помир»-и Душанбе (3) ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд (1) шомил буда, боз панҷ нафари дигар даъват шудаанд, ки инҳоянд: дарвозабон Миралӣ Муродов (“Энергетик”), ҳимоятгарон - Аҳтам Назаров (“Энергетик”), Даврон Эргашев (“Истиқлол”), Сафаралӣ Каримов (“Регар-ТадАЗ”) ва нимҳимоятгар Самад Шоҳзуҳуров (“Энергетик”).
Бозии Тоҷикистону Сурияро гурӯҳи доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунанд: сардовар Дмитрий Машентсев, ёваронаш – Баҳодур Қӯчқоров ва Сергей Гришенко, довари эҳтиётӣ Темур Файзуллин. Нозири доварон Исмоил Сафирӣ аз Эрон ва комиссари бозӣ Камол Абдулрозиқ Муҳаммад Аббос аз Баҳрайн мебошанд.
Дар як нишасти матбуотӣ, ки 27-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сармураббиёни ҳарду даста ибрози назар карданд.
Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфт: “Мунтахаби Сурия дастаи пурзӯр аст ва онро шикаст додан хеле мушкил аст. Вале мо баҳри пирӯзӣ ҳама чӣ ки аз дастамон меояд, ба кор мебарем. Агар мо ба даври баъдӣ роҳ ёбем, ин барои футболи тоҷик комёбии калон хоҳад буд”.
Низор Маҳрӯз, сармураббии тими миллии Сурия, низ афзуд:
“Дар бозии ҷавобӣ моро натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад, вале мо аз ғалаба даст кашиданӣ нестем. Дар назди дастаи мо вазифаи ба даври баъдии сабқати нитихобӣ роҳ ёфтан гузошта шудааст. Ва мо мекӯшем, ки ин вазифаро ба ҷо орем”.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон тамошои ин бозӣ дар варзишгоҳи “Металлург”, ки ғунҷоишаш 15 ҳазор тамошогар аст, пулакӣ мебошад. Нархи билетҳо барои ҷойгоҳҳои минбари ғарбии варзишгоҳ 10 сомонӣ ва барои минбари шарқӣ 5 сомонӣ мебошад.
Ба ғайр аз бозии Тоҷикистон ва Сурия дар сабқати нитихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё 28-уми июл 14 бозии дигар миёни дастаҳои зерин баргузор мешавад: Фаластин - Тайланд, Бангладеш - Лубнон, Лаос - Чин, Индонезия - Туркманистон, Филиппин – Кувайт, Мянмар – Умон, Ҳонконг - Арабистони Саудӣ, Ҷазоири Молдив - Эрон, Вйетнам – Қатар, Яман – Ироқ, Малайзия – Сингапур, Қирғизистон – Узбакистон, Ҳиндустон – АМА, Непал – Урдун.
Баъдан 15 дастаи ғолиби даври дуввум ба панҷ дастае, ки рейтинги баландтарин дорад (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Кореяи Шимолӣ ва Баҳрайн) ҳамроҳ мешавад.
Ба ин тартиб 20 даста бар асоси қуръакашӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим мегардад. Дар даври саввум бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор хоҳанд шуд.