Ҳатто ду ҷониби ҷода дар ихтиёри IRS

Як ниҳоди таъмини хадамоти нақлиётӣ мегӯяд, дар ҳудуди дарвозаи шимолии Душанбе наметавонад истгоҳ бунёд кунад, зеро ин маҳал ба ихтиёри Innovative Road Solutions ё IRS гузаштааст.
Яке аз масъулoни ширкати«Душанбенақлиётхадамотрасон» дар ҷаласаи шаҳрдорӣ чанде қабл гуфт, соли 2010 бар пояи созишномаи байналмилалӣ байни IRS ва ҳукумати Тоҷикистон, ки аз сӯи даъвати қаблии Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расидааст, 25-метрии ду тарафи шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ба мӯҳлати 50 сол ба ихтиёри ин ширкати хориҷӣ вогузор шудааст.

IRS ДУ ҶОНИБИ РОҲРО НИЗ ДАР ИХТИЁР ДОРАД

Ин манбаъ, ки нахост, номаш зикр шавад, афзуд, «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар ин ҳудуд наметавонад бидуни мувофиқа бо IRS тавқифгоҳ ё терминали мусофиркашонӣ ва ё ягон иншооти дигар бунёд кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳатто ду канори ҷода дар ихтиёри IRS- гузориши Фарҳоди Милод



Исмоил Талбаков, намояндаи парлумон аз Ҳизби коммунист, ки дар баррасиҳои ин созишнома ширкат дошт, мегӯяд, дар ин санад воқеан ба ихтиёри ширкати хориҷӣ вогузор шудани ҳудуди ду канори роҳ сабт шудааст. Вай афзуд, бар пояи ин созишнома ҳар як нафар ё муассисае, ки мехоҳад дар канори роҳ иншоот ё нуқтаи тиҷорат боз кунад, бояд иҷозаи расмии
Исмоил Талбаков, намояндаи парлумон аз Ҳизби коммунист

IRS- ро дошта бошад: «Соддатар гӯем, 25 метрии ду тарафи роҳи «Душанбе-Чаноқ» тибқи созишнома комилан дар ихтиёри ширкати IRS қарор дода шудааст. Ин ҳудудро маҳз ширкат ихтиёрдорӣ мекунад. Ҳар чӣ ҳаст, дар ихтиёри ширкат хоҳад буд. Ҳамон хонаҳои сари роҳ, деҳаҳо ҳам агар дар ҳудуди ҳамин 25 метр бошанд, ба ҳудуди ширкат мегузаранд.»

Дар ҳамин ҳол, оё манозил, нуқтаҳои тиҷорат ва фурӯши сӯзишвориву маводи ғизоии 25-метрии ду тарафи роҳи «Душанбе-Чаноқ» - ро чӣ интизор хоҳад буд?

"МУҲИМ БЕХАТАРИИ РОҲ АСТ"

Бахтиёр Ҳайитов, сарвари шӯъбаи рушди равобити хориҷии IRS мегӯяд, он чӣ барои ширкат муҳим аст, бехатарии роҳ аст ва ҳуқуқи иҷоза додан ва ё тахриб кардани ягон сохтмонро дар масири мавриди назар надорад.

Вай афзуд: «Зеро ширкати IRS ба нигаҳдории роҳ масъул аст. Ҳукумат моро муваззаф кардааст, ки ҳолати фаннии ҳудуди 25 метр аз ду канори роҳро назорат кунем. Шарт нест, ки агар касе мехоҳад чизе дар канори роҳ созад, биёяд ва аз IRS иҷозат бигиранд. Мақомот ва хадамоти дигар -ҳукумат, меъморӣ, БДА, сӯхторхомӯшкунӣ - ҳастанд, ки аз онҳо бояд иҷозат гирифта шавад. Бо IRS фақат бояд ҷанбаи фаннии масъала мувофиқат карда шавад, яъне иншоот, бино, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, мағоза, дар кулл ҳар чизи дигар оё ба нигаҳдории фаннии роҳи «Душанбе -Чаноқ» халал мерасонанд ё на?»

Шоҳроҳи «Душанбе - Чаноқ» 346 километр тӯл дорад ва бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли гузашта пулакӣ шуд. Ҷамъоварии маблағ аз ронандагон дар ин масири ягона ба шимоли Тоҷикистонро IRS, ширкати сабтиномшуда дар Вирҷинияи Бритония анҷом медиҳад.

"ҚОНУНҲОИ ТОҶИКӢ" ВА ШИРКАТИ IRS

Бӯрӣ Каримов, раиси Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ, академики Академияи нақлиёти Русия мегӯяд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ширкатҳо қабл аз ҳама на барои ҷамъоварии маблағи роҳ, балки барои даст ёфтан ба «хатҳои ҷудосозӣ»-и роҳ, ба истилоҳ «линия отвода» мубориза мебаранд.

Вай афзуд, «хатҳои ҷудосозӣ» аслан барои васеъ ва беҳтар кардани ҳолати роҳ истифода мешаванд, аммо ширкатҳо бунёди истироҳатгоҳҳо, мағозаҳои маводи ғизо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, мошиншӯӣ ва ғайраро муҳимтар мешуморанд, зеро бар иловаи маблағи роҳ, аз ин ҳисоб низ
Бӯрӣ Каримов, раиси Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ

фоидаи бузург ба даст меояд: «Мубориза ҳангоми роҳҳоро пулакӣ кардан ва ё ба таври консессионӣ гирифтан ин тавр аст, ки ширкат тарҳро аз давлат мегирад ва роҳро худ месозад. Таъкид мекунам, мегирад ва худ месозад. Яъне бунёд мекунанд, истифода мебаранд, фоида ба даст меоранд ва ба давлат бармегардонанд. Аммо дар ҳолати мо ин тавр нашудааст. Роҳи мо вуҷуд дошт, аз ҳисоби қарз, яъне мардуме, ки ин қарзро дар оянда бояд диҳад, ҳолаташ беҳтар карда шуд ва мутаассифона, бо «қонунҳои тоҷикӣ» ба ширкате барои истифода кардан дода шуд.»

МУАССИСИ IRS КИСТ?


IRS, ширкатест, ки дар масири «Душанбе-Чаноқ» 7 плаза - нуқтаи ҷамъоварии пул дорад ва баъзан фаъолиятҳои он эътирози сокинонро низ ба бор овардааст. Як мошини сабукрав то 55 ва мошини боркаш то 1000 сомонӣ бояд аз Душанбе то Хуҷанд ҳаққи роҳ супорад.

Аммо коршиносон ношаффофии фаъолияти ин ширкатро қабл аз ҳама дар он мебинанд, ки муассисони худро ошкор накардаанд. Тахмин меравад, ки муассисон шаҳрвандони Тоҷикистон ва афроди наздик ба мақомоти баландпояи кишвар ҳастанд. Матбуоти Тоҷикистон домоди раисиҷумҳур, ноиби аввали вазири молияи кишвар Ҷамолиддин Нуралиевро молик ва соҳибимтиёзи ширкати IRS унвон карда буд, аммо худи ӯ дар як нишасти хабарӣ ин иттилоъро рад кард.