Дар ситоди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк намоишгоҳи “Тоҷикистон кишвари кӯҳҳо ва обҳо” боз шуд.
Онро Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ва Барномаи рушди Созмони Милал ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон таъсис доданд.
Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ намояндаи доимии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва ноиби Дабири кулли СММ Нанбияр Виҷай ширкат ва суханронӣ карданд. Намоишгоҳ аз осори наққошии Леонид Хушвақтов ва аксҳои манзаравии Нозим Қаландаров тартиб ёфтааст. (Аксҳо аз Латифи Латифӣ)