Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба ҳаводиси Норвегия

Мақомот мегӯянд, ин ҳаводис зарурати муборизаи муштарак бо терроризмро бештар баръало мекунад.
Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати коҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳодисаҳо тамоюлоти бадбинии нажодӣ ва мазҳабӣ ба чашм мерасад.
Ин ҳодисаро,
ки одамони зиёде бар асари он қурбон шуданд, мо қотеъан маҳкум мекунем...


Ҷаноби Назриев мегӯяд: "Зуҳуроти сар баровардани тамоюлҳои манфӣ ба чашм мерасад, ки мутаассифона дар ин ҳодсисаҳо низ ҷой доштанд. Ин ҷомеаҳоро ҳушдор медиҳад, ки даъвати муборизаи мушатарак бо зуҳуроти террористӣ ва тундгароиро
Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

ҷиддӣ бигиранд. Давлатҳо сарфи назар аз он ки дар кадом сатҳи тараққиёт қарор қарор доранд ва кадом сохти конститутсионӣ доранд, бояд дар чунин ҷабҳаҳои мубориза муттаҳид бошанд."

Аммо дар маҳофили сисёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон низ ҳодисаҳои Норвегия ба гунаҳои мухталиф шарҳу тафсир мешавад. Хоса изҳори назари бомбгузор ва тирандози норвегӣ, ки камаш 76 нафарро куштааст, роҷеъ ба ангезаи амали анҷомдодааш, боис ба гуфтугузор аст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон ҳаводиси Норвегияро маҳкум карданд




Ин тирандози норвегӣ гуфтааст, ки мехост бо ин амали худ Аврупоро аз мусулмонҳо ва густариши фарҳанги марксистӣ наҷот бахшад.

Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ ва узви Маҷлиси Намояндагон
Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, ин кори ношуданист ва бо роҳи даҳшатафканӣ намешавад монеъ аз густариши фарҳанги исломӣ ва андешаи сотсиалистӣ ё марксистӣ шуд.

Ӯ мегӯяд: "Ин ҳодисаро, ки одамони зиёде бар асари он қурбон шуданд, мо қотеъан маҳкум мекунем. Инҳо ҳамон қувваҳои носолим ҳастанд, ки мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро ба фашизм ва аз он ҳам бадтар бикашонанд. Лекин тири онҳо хок мехӯрад."

Дар ҳамин ҳол, Сайидумар Ҳусайнӣ -- вакили Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумон мегӯяд, аз изҳороти Андерс Брейвик дар тааҷҷуб аст, ки чӣ гуна як нафар бо куштани ҳамватанони худ мехоҳад Аврупоро аз мусулмонҳо наҷот диҳад. Вай гуфт: "Гурӯҳҳои манфиатдори зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд, авзоъ муташанниҷ бошад. Ва нуфузи мусулмонҳо, ки дар Аврупо ру ба афзоиш аст,
Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили ҲНИТ дар порлумони Тоҷикистон

намехоҳанд густариш дошта бошад. Бо ин роҳ мехоҳанд тамоюл ба дини исломро дар Аврупо муҷозот кунанд."

Аммо Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи "Озодагон" мегӯяд, ҳаводиси Норвегия пеш аз ҳар чизи дигар, ин ҳақиқатро собит кард, ки терроризм ватан, мазҳаб ва миллат надорад ва амалҳои террористиро ба ин ё он миллат ва ё мазҳаби хос бастан хато аст.
Балки дар ҳар бистари иҷтимоие сарфи назар аз ҷуғрофиёи табиӣ, фарҳангӣ ва мазҳабияш метавонад зуҳур кунад.

Маҳофили сиёсӣ ва таҳлигарони тоҷик мегӯянд, ки ҳодисаи террористии ахир зарурати бознигарии ҳадафҳои мубориза бо даҳшатафканӣ ва таърифи мушаххас додан ба ин зуҳуротро ба миён овардааст.

Андерс Брейвик, ки аввал дар қароргоҳи савазири Норвегия инфиҷореро анҷом дода ва даст ба куштори 76 нафар дар урдугоҳи тобистонаи Утойя задааст, қаблан гуфта буд, ки ҳамроҳе надорад ва ба танҳоӣ ин амалҳои террористиро анҷом додааст. Аммо акнун гуфтааст, ки ду созмони дигар бо ӯ ҳамкор будаанд.

Додгоҳ ҳукм кардааст, ки Андерс Брейвик барои ду моҳ боздошт шавад ва тӯли ин муддат ӯ дар инзивоъ қарор хоҳад дошт ва ҳаққи хондани рӯзнома ва тамошои телевизион, инчунин дидор бо наздиконашро нахоҳад дошт.