Гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" Ҳарамгули Қодир бо ҳунарманди маъруфи тоҷик Убайдуллои Раҷаб.
Суоли нахуст ин аст, ки Убайдуллои Раҷаби писанди тамошобин ҳоло пушти парда чӣ ҳол дорад ва ба чӣ кор машғул аст?
Ҷавоб: Убайдулло Раҷаб ҳеҷ вақт пушти парда набуд, ҳунарпеша ҳуқуқи пушти парда будан надорад. Ӯ бояд ҳама вақт пеши назари мардум бошад. Аз нигоҳи Шумо, ки агар ман пушти парда будам, ин барои омодагӣ барои пеши парда аст. Ба корҳои ташкилӣ, навиштан ва таҳияи барномаҳои васеи ҷашнии давлатӣ машғулам. Бо ҳунарпешагон ва иштирокчиёни зиёди барномаҳои ҷашнӣ бандем.
"ЭҶОДКОР ҲАМ САРБОЗ АСТ..."
Суол: Кори худро дар таҳияи барномаҳои давлатӣ қонеъкунанда меҳисобед?
Ҷавоб: На, на. Эҷодкор ҳам то андозае сарбоз аст. Ҳамаи ҳунари мо барои мардум аст. Ба вай чӣ вазифае диҳанд иҷро мекунад. Албатта, он коре кӣ мекунам маро қаноатманд намекунад, бояд, ки дар саҳна бошам. Он идеяҳоеро, ки дар дил дорам то ҳоло муваффақ нашудам, дар дил ва нақша аст,
иншоллоҳ, мешавад. Аммо ҳоло, ки маро дар таҳияи барномаҳо вазифадор кардаанд, ҳаққи рад кардан надорам. Яъне имрӯз, ки ба ман эҳтиёҷ доранд, бояд ин корро кунам. Дар сӯҳбатҳои қаблӣ ба Шумо гуфтам, ки ба касбам хиёнат намекунам ва нахоҳам кард. Ҳатто дар вақти раиси Кумитаи радио ва телевизион будан нақш бозидаам.
Суол: Гуфтед, ки дар таҳияи барномаҳои давлатӣ банд ҳастед, дар бандубаст ё худ таҳияи ин барномаҳо чӣ қадар маблағ сарф мешавад ва дар шароите, ки кишвар қарор дорад доир кардани чунин чорабиниҳои рақсу бозӣ ва даҳҳо сару либосҳои ранга зарурат дорад?
Ҷавоб: Дақиқ намедонам, ки чӣ қадар маблағ сарф мешавад. Он чизе, ки роҳбарият ва мо ҳам кӯшиш мекунем, маблағҳо кам сарф шавад. Он маблағҳое, ки шаҳрдорӣ дар чунин барномаҳо сарф мекунад ночиз аст. Шаҳрдор ҳам мегӯяд, ки дар ҳоле мо мушкили роҳҳо дорем, хонаҳои зисти мардумро вайрон кардем, мо ҳаққи масрафкорӣ надорем. Ҳастанд нафароне, ки бо ташаббуси худ маблағ мегузаронанд ва мехоҳанд, ки чунин чорабиниҳо бояд, ки доир гардад. Дастурҳо ҳам шудааст, ки шумораи иштирокчиён кам бошад ва чорабиниҳо бо сарфакорӣ доир шаванд. Донишҷӯён бо ғизои субҳона ҳам таъмин мешаванд. Дуруст мегӯед, ки вақте дар ҷомеа даҳҳо мушкил аст, мо ҳаққи сарфаи зиёдатиро надорем. Инро шаҳрдорӣ ҳам ҳамеша такрор мекунад.
"МАН АСОСГУЗОРИ ТЕАТРИ ҲАҶВӢ НЕСТАМ"
Суол: Агар гӯем, ки Шумо ба театри ҳаҷвӣ асос гузоштаед, иштибоҳ намекунем, вале тайи ду даҳсола аст, ки дигар дар ин саҳна нестед, барои чӣ? Қасди бозгашт доред? Мушкил дар чӣ аст ва «Ойина» дар чӣ аҳвол аст?
Ҷавоб: Не, ман худро асосгузори театри ҳаҷвӣ намедонам. Ман ҳама вақт кӯшиши баргаштан дорам. Идея ҳам дорем, дар папка чандин барномаи ҳунарӣ ҳам дорем, аммо шароит даст намедиҳад. Ҳар соле, ки мо нақшаи таҳияи намоиш ё худ болои саҳна баромадан мекунем, ба ин ё он барномаи давлатӣ машғул мешавем. Масалан агар, мо Наврӯзро гузарондем,
бояд, ки ба ҷашни Ваҳдат омодагӣ гирем, баъд аз он ҷашни Истиқлолият ва Соли нав. Шояд имсол нашуд, соли дигар бо як барномаи хос рӯйи саҳна меоем, ин ваъдаи қатъӣ ман аст. Рости гап вақте дар роҳу бозор бо тамошобин рӯбарӯ мешавам, мегӯянд, ки чаро ваъдаҳоеро, ки дар радио телевизион ва матбуот медиҳед, иҷро намекунед?
Мегӯям, ки ростӣ, мо сарбоз ҳастем, ҳарчӣ гӯянд иҷро кунем. Мо ҳам фарзанди ҳамин хоку бум ҳастем. Вақте моро даъват мекунанд, не гуфта наметавонем, зеро нонхӯрӣ ҳамин ватану миллат ҳастем. Мегӯем, ки ҳоло инҳо муҳим ҳастанд, ба хотире, ки фардо рӯйи саҳна бароем. Аммо, ин маънои онро надорад ки ҳоло мо театр надорем ва фаъолият намекунем. Театри намунавии минётурии «Ойина» дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе аст, фаъолият дорад.
"ҚОЛАБӢ ШУДАН ДУШМАНИ ҲУНАРПЕША АСТ"
Суол: Назаратон ба гурӯҳҳои ҷадиде мисли «Ғарибшо компания», «Хандинкамон» ва дигарон чӣ аст? Шумо ба ҳаҷви инҳо механдед? Дар солҳо 90-ум дар телевизиони Тоҷикистон як барномаи бисёр ҷолиби мулоқоти шумо бо ҳаводоронатон пахш шуда буд дар саҳна бо ҳарфҳои калон У Р Ш Б Ш Д М ва инро тамошобинон ба таври худ шарҳ медоданд. Ҳоло агар худатон ин ҳарфҳоро шарҳ диҳед чӣ метавонед бигӯед?
Ҷавоб: Ҷавоб ба қисмати дуввуми суол ин аст, ки "У Р Ш Б Ш Д М" ба ин маъно буд, ки тамошобина хоб набарад, баробари мо дар андеша набошад ва дар қатори мо бедор бошанд, яъне майна доим кор кунад. Он ягон душворӣ надошт ва «Убайдулло Раҷаб Шуморо ба Шабнишинӣ даъват мекунад»-ин идеяи режиссёри барнома буд Чандин рафиқон ва нафарони дур ҳам, тамошобинҳо маънои ин калимаҳоро ёфта буданд ва мо аз онҳо то ҳоло қарздорем, ки бояд ба намоишнома ройгон медаромаданд.
Қисмати аввали савол, рости гап, аз будани онҳо интиқоде надорам. Салиқа ва фаҳмиши онҳо ҳамон қадар аст. Холигие, ки шумо гуфтед онҳо то андозаеро онро пур мекунанд. Бигузор, сатҳи тамошобин заъиф бошад, ба ҳар ҳол онҳо ҳам бинанда ҳастанд. Он намоишномаҳо ё саҳнаҳои фалсафие, ки мо месозем, шояд онҳо қабул надоранд. Вале ин ҷо як нозукӣ аст. Тамошобинро бо як чиз одат кунондан мумкин нест, бигузор, намоишнома моҳияти психологӣ, ҳаҷв, фаслсафа дошта бошад. Чун баъди тамошо тамошобин ба хона меравад, бардошташ аз маънои саҳна дигар мешавад, боз дар назди фарзандон механдад ва боз хоб мекунад ба андеша меравад, ки ин саҳна чӣ рамзе дошт. Майнаро таҳрик медиҳад. Боз як паҳлуи дигарашро дарк мекунад, механдад ва мегӯяд, ки
фалсафааш ин будааст. Яъне муаммо дошта бошад. Мо ҳар рӯз агар ош хӯрем, дар диламон мезанад. Бигузор, инҳо ҳам бошанд аз он, ки ман ҷуръат надорам, бигузор, онҳо кунанд. Ростӣ гап онҳо ҳам бо мо буданд, маоши ночиз мегирифтанд ва рафтанд барои пайдо кардани қути лоямут. Онҳо маърака мераванд, дар телевизион баромад мекунанд, фарзандор ҳастанд онҳоро хӯрондану пӯшондан даркор. Ба назди мо меоянд, мегӯянд, ки устод сатҳамон паст аст, аммо илоҷ надорем...
Саррежиссёри Театри академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Аслӣ Бадриддинов, ҳунармандон София Туйбоева, Муҳаммадҷон Қорсимов ва дигарон устодони мо буданд ва ман то ҳол устод дорам. Ҳар як ҳарф ва дарси онҳоро фаромӯш накардам. Намегӯям, ки ягона будам, актёрони намуна ҳам буданд, аммо ҳунарам ва симоям дар ёди тамошобин мондааст. Вале, ибораи қоил шудан ё худ тан додан набуд, чун замона ва психология дигар шуд. Имрӯз вақте мебинам ва медонам дар тарозу мекашем, баъд ба қадри онрӯз ва нақшҳо мерасем ва мерасанд. Мо, хушбахтона, устод доштем. Тамошобинро хандондан ҳунар нест, ҳар кас хандонидан метавонад. Шахсони одӣ, ки на устод доранд ва на мактаб хондаанд, баъзе чизҳое, ки нақл мекунанд, ки то дер дар ёдат мемонад. Ман шарм медорам, мегӯям, ки ана мактаб дар куҷо будааст? Вазифаи актёр ин аст, ки дар ҳар як намоиш симои нав офарад. Шояд камбудии дӯстони ҳунарпешаи ман шояд, ҳамин бошад. Онҳо қолабӣ шудаанд ва душмани асосии ҳунарпеша ё актёр ҳамин қолабӣ будан аст. Мисли нависанда, ки як чизро навиштан гирифт, аллакай қабул намешавад. Дар ҳунар тақлидкорӣ, аз рӯи ҳамдигар рӯбардор кардан зиёни азим аст. Бояд, ки ҳар яке аз инҳо дар гулистон як гули нотакрор бошанд.
"ҲУНАР ФИТРӢ АСТ, НА ТАҚЛИДӢ"
Суол: Фарзандон роҳи падаро интихоб кардаанд?
Ҷавоб: Не, ман муқобил баромадам, аксарияти онҳо кӯшиш карданд. Ин роҳи душвор аст, ман нахостам. Нахостам, ки онҳо аз нақш ва шахсияти ман истифода кунанд. Ҳунар ва истеъдод чизи фитрӣ аст. на тақлидӣ ва касби падарӣ. Мисле, ки на ҳар кас маҳорати хабарнигориро дорад ва бо шахсиятҳои гуногун рӯ ба рӯ шуданро ва сӯҳбат карданро ку?
Суол: Аммо, Шаҳзод чӣ, вай кам ҳам бошад дар саҳна ва филмҳо бо шумо буд?
Ҷавоб: Оре, Шаҳзод, як писарам, ба ҳамин роҳ рафт, хатмкардаи Донишкадаи кинорежиссёрии Санкт-Петербург ва филми «Чарх» кори дипломии ӯ аст. Филм бо душвориҳо ба навор гирифта шуд ва хайрият ду-се нафар кӯмак карданд. Духтарам иқтисодчӣ аст ва ҳоло ба тарбияи фарзандон машғул аст. Писари калонӣ ба тиҷорат машғул аст, писари дигарам дар яке аз корхонаҳо кор мекунад ва ҳамсарам омӯзгор буданд, ҳоло дар нафақа ба тарбияи набераҳо ва ман машғул аст...
«АЗ ОБАМА ПУРСЕД, АНИҚ НАМЕДОНАД, КИ СИЁСАТ ЧӢ АСТ»
Суол: Шумо 4 сол ҳам буд дар саҳнаи сиёсат будед, раиси Кумитаи телевизион ва радио, аъзои ҳукумат ва роҳбари дастгоҳи таблиғотии ҳукумат. Сиёсатро чӣ хел ёфтед, дарк кардед ва он чӣ будааст?
Ҷавоб: Воҳ, воҳ, воҳ, гумон мекунам, ки ба ин савол ҳеҷ кас пурра ҷавоб дода наметавонад. Президенти Амрико Борак Ҳусейн Обамаро ҳам ин савол диҳед, пурра ҷавоб дода наметаванад. Сиёсат як чизи ғализ аст, аслан ман намегӯям, ки кори ман нест. Мисол биёрем, Навоиро гирем, Рейганро, ман худамро ба онҳо баробар намекунам, як актёри одӣ шояд будам. Барои сиёсати ҷомеа шояд даркор буд, ин чиз. Дар сиёсат вақте даркорӣ, зарур медонанд, аммо нозарур шудӣ,
дигар даркор нестӣ. Ҳар коре, ки даркор буд, кардам, аммо нисбати зердастон одамгариро аз даст надодаам. Вақте ба онҳо устод гуфта сӯҳбат мекардам ё муроҷиат, ақлашон намегирифт. Вале онҳоро аз рӯи эҳтиром устод мегуфтам, кори эҷодӣ ҳам буд.
УБАЙДУЛЛО РАҶАБ ҲИЗБӢ НЕСТ
Суол: Атрофиёни Шумо дар замони раҳбариятон мегӯянд, ки замони раиси Кумита будан, Убайдулло Раҷабро ба аъзогии ҲХДТ ҷалб карда буданд?
Ҷавоб: Не, ман аъзои ягон ҳизб набудам ва намешавам.
Суол: Дар интихоботҳо иштирок мекунед ва агар махфӣ набошад ба тарафдории кадом ҳизб раъй медиҳед, албатта ҳизбе, ки раисаш калон (ибораи маъмул байни вазирон ва мансбдорони сатҳи боло-Президент) аст?
Ҷавоб: Иштирок мекунам, намедонам, чандто ҳизб аст. Аммо, ба ҳизбе, ки президент роҳбараш аст, овоз медиҳам.
«МАРО ДАР МАСКАВ БО НОМИ "БОБОИ ҒАФФОР" САДО МЕКУНАНД.»
Суол: Гуфта мешавад Убайдулло Раҷаб бозор намеравад ва кам дар байни мардум пайдо мешавад, аз тамошобин мегурезад. Дуруст аст?
Ҷавоб: Мутлақо дурӯғ аст. Ман дар замони раиси кумита будан, бозор мерафтам. Ман пеш аз ҳама ҳунармандам, ниҳод ва вуҷуди ман ҳамон аст, тағийр накардаам. Баъзеҳо мегӯянд, ки раиси Кумита буд, ҳамон хел монд. Хайр дар замони раисӣ асабӣ меомадам, талабот зиёд буд, он замон давраи вазнин буд. Камера ва нақлиёт намерасид… Ҳоло реклама баромадааст. Он вақт реклама намемонданд, ҷуръат намекарданд. Ҳарчанд, ки пешниҳодҳо барои реклама буданд. Ҳоло реклама пахш мешаванд ва аз ин роҳ маблағҳои калон пайдо шуданд. Ҳозир кор хеле ба низом даромадааст. Аммо бозорро хеле дӯст медорам, на ба хотири савдо кардан. Балки, бо мардум сӯҳбат кардан ба онҳо мегӯям, ки ин моли худатон аст ё дуздида овардед ё аз дасти деҳқони бечора 1 сӯм ё 50 дирам харида, чаҳор баробар мефурӯшӣ? Бо онҳо шӯхӣ мекунам. Ҳозир ҳам бозор меравам, барои хона харид
мекунам. Бозор ин сарчашмаи илҳоми ман аст, ҳар чизе, ки мегирам аз бозор мегирам. Ҳарчанд айнак мемонам, либосама дигар мекунам, ба сарам чизе мекашам, шляпаи калон мегузорам, ҳамон замон мешиносанд. Садоҳо баланд мешаванд, «амамӣ», «Санам, гӯсфандҳо дар дасти ман...» , «Санам», «Бобои Ғаффор хобат бурдааст». Ҳатто дар Москав рафтам ҳамин аҳвол, дар меҳмонхонааш ҳам. Яъне ин чизҳое аст, ки ман одат кардам, аслан ҳунармандро бояд, ки мардум шиносад. Агар маро бо номи қаҳрамонҳоям нашиносанд, нагӯянд зиқ мешавам. Дуруст вақте ин қадар маҳбубият ва меҳр аст, ман низ азоб мекашам ва Шумо дуо кунед, ки ман ба саҳна баргардам.
"ДАРУНИ МАН ТУҒЁН ДОРАД"
Суол: Табиист, ки вақте ҳунар собиқа, таҷриба ва истеъдод аст, хумор ҳам аст. Хумори саҳна ва ҳунар гирад, чӣ хел мешиканед, ҷойи хилват меҷӯед, мутолиа мекунед ё танҳоиро..?
Ҷавоб: Мехонам, аммо ҳоло камтар, зеро машғули кори дигар ҳастам, агар ки хонам, ҳушам пайи он меравад. Саҳна месозем бо мардуми бисёр, оҳангсозон, устодони рақс, бо шоирон кор мекунем дар студияҳо, таҳияи дискҳо, умуман кор бисёр... Рӯзона ин корҳо намемонад, ки ғамгин шавам. Аммо, вақте бегоҳ хона меравам, хеле-хеле хаста меравам, зеро он кореро, ки бояд кунам, накардам. Мисле ки ҷаллод рӯзе агар касеро қурбон накунад, чӣ аҳвол дорад. Вайро хоб мебарад ё не, вай бояд, ки нафареро аз ин дунё бардорад. Вале мо мардумро дилшод мекунем, фикр мекунед, ки ман азоби рӯҳӣ намекашам. Ҳазор бор мекашам. Вақте дар бозор меравам, мардум ба ман мегӯянд, ки чаро дар телевизион Шуморо нишон намедиҳанд ё намоиши нав нишон намедиҳед, шухӣ мекунам, ки Шумо кай вақт меёбед, ки маро тамошо кунед. Шаб ба ҳисоб кардани зарар ва фоида машғулед? Лек даруни ман тӯғён дорад.
УБАЙДУЛЛО РАҶАБ АЗ МӮҲТАВОИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ЧИЗЕ НАМЕГӮЯД
Суол: Назари Шумо дар бораи мӯҳтавои барномаҳои телевизион?
Ҷавоб: Чизе намегӯям, агар гӯям, мегӯянд, ки вақте раис буданат чӣ кор кардӣ, ки ҳоло мегӯӣ? Инро ба тамошобин ҳавола мекунам. Аммо як чизро мехоҳам бигӯям. Ҳамин демократия коре кард, ки ҷойи ҳаҷв, танқид ва саҳнаро ҳам то ҷое гирифт. Яъне ба он дараҷа мардум озод шуд, гапашро фошофош мегӯяд, ки ягон нависанда ё актёр саҳнаи ҳавҷӣ навишта наметавонад. Дар замони шӯравӣ ба ҳар ҳол маҳкам
буд, бо заҳрханда бо тамсил ишора карда мегуфтем. Ҳозир гап занӣ ё ҳаҷв кунӣ, тамошобин ё мардум мегӯянд, ки инҳо чӣ мегӯянд, инро ҳам бе инҳо мегӯем ва медонем. Замона дигар шудааст, метавонанд дар рӯзномаҳо камбудии ҳар як шахсият ва ниҳодро гӯянд. Агар мо гӯем, ки соҳаи ҳаҷв дар мо мушкил аст, дар Русия ҳам ҳамин хел аст. Ман ба наздикӣ аз он ҷо омадам. Мавзӯъро агар болои саҳна барорем, мардум қабул намекунад, чунки ин ҳамаро мардум медонад. Яъне ба ҳар ҳол демократия кори худро кардааст.
Суол: Яъне демократия ҳам ҷойи ҳаҷв ва саҳнаро пур кард?
Ҷавоб: Бале, чунки мавзӯъҳо озод аст ва чизе паси парда намондааст, ки мо ба тамошобин расонему гӯем, ки ин гапи нав буд ва ҳаҷвӣ. Кадом масъаларо танқид кунем. Инро гӯем, ки роҳ сохта наметавонем, хитоиҳоро даъват мекунем. Инро гуфта мешавад, не?..
Суол: Хурд будам, аммо дар ёдам, аст, ки дар телевизион пораеро аз намоишномаи саҳнавии «Зани оҳанин» дар коргардонии Соҷида Ғуломова намоиш медоданд ва ҳангоми иҷрои нақш, хонум Шуморо борҳо мегардонад ва ҳаракат ва баёни Шуморо ислоҳ мекард ё идея медод. Яъне то ҷойе нақши режисёр ҳам дар таҳияи саҳна олӣ аст, шояд ҳоло Соҷида баринҳо режиссёрони ҳирфаӣ ва наздик ба завқу ва диди саҳна ва мардум намерасад?
Ҷавоб: Бале, саҳми режисёр ҳам дар таҳияи намоишномаи саҳнавӣ хеле олӣ аст. Соҷида Ғуломова, актрисаи театри Камоли Хуҷандии Суғд буданд. Ва баъд ба Душанбе омаданд, онҳо авлодан ҳама ҳунарманд ҳастанд. Фотима Ғуломова, Исфандиёр Ғуломов. Гап дар бораи мактаб ва дӯст доштани касб меравад. Хонум Соҷида режиссёр набуданд, асосан актриса буданд, аммо вақте ба Душанбе омаданад, дар телевизион режиссёр шуданд. Ҳақ доранд, ки ба саҳна гузоранд. Ҳамаи мавзӯъҳои интихобкардаи онҳо то имрӯз ҳастанд, аксарияташ аз байн рафтанд, аммо дар бойгонии ман буданд.Аммо, вақте омаданд, фишор оварданд. Гуфтам, майлаш додам. Ҳамаи он саҳнаҳоро Соҷида Ғуломова ба саҳна гузоштааст. Аз қабили «Зани оҳананин», «Садо аз тобут», «Саҳнаи эҷодкор», ҳамин се спектаклро бозӣ кардам ва аз руйи ҳамин се намоишномаи Соҷида барандаи ҷоизаи давлатии Рудакӣ шудам.
Суол: Хонум Соҷида чӣ, то ҷойе иттилоъ дорам барандаи ягон ҷоиза нест ва нашуд?
Ҷавоб: Аммо, хонум Соҷида ягон ҷоиза надоранд. Дар давраи раиси Кумита буданам кӯшиш буд барои хидматҳои ӯ ва ҳунараш, вале... не нашуд… намешавад.
«МАН СИЁСАТИ РӮҲШИКАН НАДОШТАМ»
Суол: Мегӯянд, ки Убайдулло Раҷаб вақте раис шуд, мисли мансабдорон дигар ваҷоҳат, чеҳра ва забонаш дигар шуд. Табаассум аз ӯ дур шуд ва чеҳра ва нигоҳаш рӯҳшикан буд, атрофиён вақте ӯро медиданд, роҳи гурез меҷустанд?
Ҷавоб: Не. Не, не. Ин хел набуд, рӯзҳои аввали кор азбаски раиси пешина ҷӯраи ман буд, 40 рӯз ба утоқи кории ӯ надаромадам. Баъд бо рафиқон маслиҳат кардем, ки рӯҳи эшон нороҳат нашавад ва рӯҳашон розӣ бошад, ба утоқи корӣ даромадам. Ҳеҷ кас пеши ӯ барои ҳалли кор намеомад. Худам дар берун ба ҷӯраҳо мегуфтам, ки биёед, агар мушкиле дошта бошед, ҳал кунам. То андозае ман дарди мардумро мефаҳмам.
Суол: Ногуфта аз рӯйи дидан ҳам?
Ҷавоб: Бале, бо дидан. Вай ногуфта, ман мегуфтам, ки масъала ҳалшаванда аст. Ё мегуфтам, ки эҳтиёт бошед, ки ҳамаи Шумо аз сарояндаҳо пул мегиред ва мегӯед, ки ин бо супориши раис аст. Яъне сарояндаҳо вақте баромад мекарданд ё худашон маблағ медоданд. Ман мегуфтам, ки он пул ба ман ҳаром аст. Мегуфтам, ки медонам, ки аз сарояндаҳо пул мегиранд, зиндагӣ душвор аст, аммо аз номи
ман нагӯед, ки супориши ман аст. Намоишҳоро медидам намоишҳоро таҳлил мекардем. Оператора мегуфтам, ки тарзи корат нодуруст аст, режиссёрро ҳам мегуфтам. Сахтгир будам, шояд ҳамин чиз буд, ки аз ман мегурехтанд. Ман наметавонистам бо ҳама сӯҳбат ё табассум кунам. Ман боварӣ надорам, ки раиси ҳозира ҳамаи кораш аз ханда иборат бошад. Ман медонам, он ҷо чӣ гап аст. Он ҷо иделогияи ҳукумат аст, ман камбудиҳои зиёд доштам, аммо бо як супориш кор буд намешавад, корҳои дигар ҳам аст.
«МАН САРВАТМАНД НАШУДАМ ВА НЕСТАМ»
Суол: Ҳар касе дар Тоҷикистон мансаб гирифт, зуд сарватманд, соҳиби чандин манзилу мошини шахсию ҳамсар мешавад. Замони раиси кумита будани Шуморо ҳам ба сарватмандии Шумо нисбат медиҳанд, рост аст ва чӣ доред?
Ҷавоб: Не, не… ҳақиқат надорад. Ин гапро ман ҳам шунидаам, ҳатто дар ҳамон сомонаи шумо ҳам навиштаанд, ки гуё яке аз сарватмандтаринҳои Тоҷикистон бошам, ҳатто дар ҷойи 36-ум. Ин овозаҳо ба ман бегона аст, шояд ба хотири паст задани номи ман бошад. Хоҳед нахоҳед, вақте раиси кумита бошед, бо президент наздикед, вай супориш медиҳад, иҷро мекунед. Ҳаминро ҳам гуфтанд, ки нафари наздики президент бошам. Сарвати ман ҳамин ҳафтуним миллион аҳолии кишвар аст, корхона ва тиҷорат надорам. Як писарам бо ду диплом, тиҷорат дорад агар ҷое дӯкон дошта бошад, хайр. Гоҳ-гоҳе моро кӯмак мекунад. Боз бародарҳо ҳастанд.
Суол: Маош чанд аст?
Ҷавоб: Аз ҷойи кор 500 сомонӣ, роҳбари бадеӣ ва актёри дараҷаи олӣ. Аз якеаш 100 дарсад ва дигараш 50 дарсад маош мегирам. Дубляж ҳам намеравам, зеро садоҳое маро тасодуфӣ медиҳанд, ки писанд нест. Мехоҳам, ки қаҳрамонҳои ман хоси садо ва ҳунари ман бошанд.
ЯК САҲНА...
Суол: Шумо як саҳна доштед, дар он раиси кумитае будеду берун аз дурбин аз мушкилот ҳарф мезадед, аммо дар назди камера аз ақли расову донишҳои кофии вакилони онвақта, ки ин воқеяти замон буд. Ин саҳна чӣ гуна тавлид шуд?
Ҷавоб: Ин солҳои навадум буд, ин идеяи худамон бо режиссёр. Дар байни зиёиён таъсири калон гузошт, бархеҳо гуфтанд, ки ин саҳна боиси майдонрезиҳо шуд. Яъне, айба кӣ кунад, майит. Ҳатто дар сессияҳо ҳам гуфтанд, ки сабаби майдонҳо ин навор буд. Нависандаи ин намоишномаро аз кор пеш карданд. Як ҷавони боғайрат буд. Тарҳаш ин буд, ки
вақте камера меояд бояд гӯям, ки аз ҳама депутатҳои хомӯш депутатҳои мо аст, барои инҳо ҳайкал гузоштан мумкин роҳҳоямон ифлос, плани пахта 100 фоиз иҷро аст, аммо барои майит кафан-сон намеёбем, либоси пахтагӣ намеёбем, барои ангуштамонро бастан бинт-дока надорем, ҳатто барои арӯсон простин намеёбем... ва ҳоказо.
Журналист мегӯяд, ки ана, хуб, мо камераро тайёр мекунем Шумо аз байни мардум меоеду ин гапҳоро мегӯед. Баъд ман меояму камераро мебинаму мегӯям, ки барои вакилони мо ҳайкал бояд гузошт, ки онҳо ин қадар ақли расо, дониши бузург доранд, пахтаи мо роҳи дӯстӣ шудааст, ки дар Чехославакия аз он маҳсулоти фаровон истеҳсол мекунанд ва мардум истифода мекунад ва ташаккур мегӯему меравем, ин шӯхӣ буд. Вақте онро дар телевизион дидам, гуфтам, воҳ, ин ё сари маро мехӯрад ё сари каси дигарро. Азбаски ман иҷрокунанда будам, гапи кам шунидам. Аммо режиссёрро аз кор пеш карданд.
Суол: Номаш чи буд?
Ҷавоб: Намегӯям, …..баъд мегӯям.
Суол: Сензураи шӯравӣ чӣ хел буд, ки гузашт ё сензура набуд?
Ҷавоб: Сензура инро надид, гузарониданд. Аз шӯъбаи адабӣ гузашт. Як чизҳои ҷолиб буд. Вақте дар Қалъаи Малики Файзобод дар як барнома иштирок доштам, он ҷо, домулло Калонзода, қозикалони ҷумуҳурӣ буданд. Домулло Калонзода ҳоло дар Хуҷанд ҳастанд, дар мавзӯи баргузор кардани тӯйҳо сухан кард. Он ҷо аҳли зиё, адаб ва сиёсатмадорони давр ҳам буданд ва суханронӣ карданд. Суханрониҳои Калонзода сад дараҷа аз шахсони сиёсӣ ва аҳли адабӣ он замон баланд буд. Он вақт шӯравӣ бо дин мубориза мебурд. Мардум аз мӯҳтавои сӯҳбати қозикалон, хулоса баровард, ки қозии аз нигоҳи сиёсати давр домуллои бесавод чӣ хел гап мезанад ва хатмкардаҳои мактаби ҳизбӣ чӣ хел? Вақте ин тариқи телевизион пахш шуд ва мардум тамошо карда муқоиса карданд. Домулло сӯҳбати аҷоиб кард ва боиси истиқболи мардум шуд. Тариқи телевизион пурра рафт. Он вақт ман дар театр кор мекардам. Ҳамаи кормандони телевизионро огоҳӣ доданд, иддаеро аз аз кор ронданд. Он вақт Иноят Насриддин сармуҳаррир буд ва ӯро аз вазифа холӣ карданд.
«ИНРО НИСБАТИ МАН ТАШКИЛ КАРДАНД...»
Суол: Вақте Шуморо аз вазифаи раиси Кумита барканор карданд овозаҳо хеле зиёд буд ва бовар дорам, ки Шумо ҳам шунидаед. Ин барои як нафар ҳунарпешаи асил ва маҳбуби мардум шигифтангез аст, бо вуҷуди ин мардум Шуморо то ҳол дар саҳна дидан мехоҳанд. Аммо ин овозаҳо то куҷо воқеият доштанд?
Ҷавоб: Ташаккур, баъди шунидани ин овозаҳо бемории неврит шудам, як моҳ дар табобатхона хоб будам. Аввал хостам, ки аз ҳамаи ин корҳо дур бошам. Танҳо будам, лек дар танҳоӣ ин овозаҳо маро пахш мекард. Баъд ба шаҳр омадам, хонавода, ҳамсояҳо ва ҳар кас ҳамин саволи Шуморо медод, ки чаро ин хел шуд, оё рост аст..? Мегуфтам, ки хайр инсон ҳастем, бе хато набудем, аммо ин овозаҳо асос надоранд. Табобат кардам, ба худ омадам. Медонам, ки ҳадаф чӣ буд, кори кӣ буд, кӣ кард. Хайр карданд, муваффак шуданд. Дар ин чизҳо ман беҳунарам. Ҳар чизе, ки мегӯянд, мисол як нафарро сад доллар дар дасташ медиҳанд, мегӯянд ки ҳамин гапро мегӯӣ, агар намегӯӣ мемурӣ... Ё дигару дигарашро мегӯянд. Аз тарси ҷон...
Суол: Дар ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ гуреза будед ё дар банди силоҳбадастон науфтодед чун онҳо ҳар нафар зиёӣ ва ситораҳоро меёфтанд, курбонӣ мекарданд?
Ҷавоб: Гуреза нашудам, дар Душанбе мондам, боре хато накунам 7-8 нафар барои сар аз тан ҷудо кардани ман ҳатто ба хона омаданд. Бо зиёфат қабул кардам, онҳо ҳам дар ин бора гап накушода, баромада рафтанд.
Суол: Пас оё дар майдонҳо будед ё шоҳиди ҳаводиси ин ду майдони пойтахт?
Ҷавоб: Бале, дар ҳар ду майдон будам, гӯш мекардам, ки ин мардум чӣ мегӯянд. Аз кор мебаромадам ба назди майдони "Озодӣ" мегузаштам, роҳам аз он ҷо буд. Вақти ба тарафи хона омадан, роҳам аз назди майдони «Шаҳидон» мегузашт. Дар майдони Ленин маро ба минбар бароварданд, гуфтанд ки ягон чӣ гӯй хушҳол шавем, хайр сӯҳбат мекардам. Танҳо анекдот нақл мекардам, мардум гӯш мекард, қарсак мезад. Мегуфтам, ки Шумо хонаву дар надоред, зану фарзандони Шуморо, кӣ нигоҳ мекунад, охир заминро кӣ кор мекунад. Охир вайро кор накунӣ, ҳосилхез намешавад. Ба ҳайкали Ленин менигаристам, мегуфтам, ки ин ҳайкал оянда надорад.