Мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Кӯлоб тӯли 9 рӯз идома кард, ба анҷом расид.
Саодат Одинаева, мураббии дастаи шоҳмоти Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: «Мусобиқа дар ҳафт гурӯҳ сурат гирифт ва дар рақобатҳо беш аз 60 шатранҷбози синнашон аз 8 то 20-сола аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти кишвар ширкат варзиданд. Дар сабқати шатранҷбозони то 20-сола Моҳираи Ҷӯрахон (Хатлон) миёни духтарон ва Самандари Мирзоалӣ (Душанбе) байни навҷавонон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар гурӯҳҳои дигар Шукронаи Саидҷаъфар (Хатлон, 8-солаҳо), Шукрона Қурбонова (Хатлон, 10-солаҳо), Муҳаррама Ҷонузоқова (Душанбе, 12-солаҳо), Мутрибаи Илҳом (Душанбе, 14-солаҳо), Сарвиноз Каримова (Душанбе, 16-солаҳо) ва Фотима Пирова (Хатлон, 18-солаҳо) миёни духтарон ғолиб шуданд. Дар сабқати писарон Анис Пӯлодӣ (Душанбе, 8-солаҳо), Синои Илҳом (Душанбе, 10-солаҳо), Эраҷ Насриддинов (Душанбе, 12-солаҳо), Алишер Каримов (Душанбе, 14-солаҳо), Султонхӯҷа Исҳоқов (Душанбе, 16-солаҳо), Дилшод Фатҳуллоев (Душанбе, 18-солаҳо) ҷойҳои аввалро касб карданд.»
Хонум Одинаева афзуд, ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи шоҳмоти кишвар ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз шуданд.
Қаҳрамонҳои ҷавони шоҳмоти Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо карданд, ки шарафи кишварро дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҳимоя кунанд.