Андерс Беринг Брейвик, гумонбари ду ҳамлаи террористӣ дар Норвегия, мавриди бозпурсӣ қарор мегирад.
Бар асари ду ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия ва ҷазираи Утоя 93 нафар кушта ва тақрибан 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Аммо кормандони пулис мегӯянд, арқоми дақиқ дар бораи қурбониёни ин ҳамлаҳоро зери даст надоранд, зеро шояд бархе аз афрод дар ҷазира дар талоши наҷот аз тирборони Брейвик худро дар рӯдхона андохта ғарқ шудаанд.
Дар маркази Осло ҳам бархе аз биноҳо осеби ҷиддӣ дидаанд ва чун хатари фурӯрезияшон мавҷуд аст, то ҳол аз сӯи наҷотбахшон тафтиш нашудаанд.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, Брейвик рӯзи душанбе бори аввал баъд аз боздошташ дар шоми рӯзи ҷумъа ба бинои марказии додгоҳи Осло интиқол меёбад. Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиа боз ва ё пушти дарҳои баста баргузор хоҳад шуд – дар ин бора қозии додгоҳ тасмим мегирад.
Қарор аст, ки қозӣ дар мавриди барои кадом мӯҳлат дар боздошт нигаҳ доштани Брейвик ҳам ҳукм содир кунад. Бар пояи қавонини Норвегия, мақомоти интизомӣ метавонанд гумонбарро барои чаҳор ҳафта боздошт кунанд ва дар сурати зарурӣ ин мӯҳлат тамдид мешавад.
Раиси пулиси Норвегия, Свейнунг Спонҳейм, дирӯз гуфт, ки Брейвик ба гуноҳаш иқрор кардааст. Ҳарчанд Брейвик гуфтааст, ки ҳарду ҳамлаи террористиро тани танҳо анҷом додааст, пулис дар ин ҳамлаҳо даст доштани боз як нафари дигарро баъид намедонанд.
Рӯзи якшанбе кормандони ҳифзи тартибот дар минтақаи саноатии канори шаҳри Осло шаш нафарро боздошт карданд. Вале онҳо ба зудӣ раҳо карда шуданд, зеро маълум гардид, ки ба ҳаводиси хунини ду рӯзи пеш ҳеҷ рабте надоранд. Ба иттилои хабаргузории Ройтерз, дар ин минтақа маводи мунфаҷира ҳам ошкор нашудааст.
Дар ҳамин ҳол сабабҳои бо кадом далел ба ҷазираи оғуштаи хун дер расидани кормандони пулис ҳам ошкор гардид. Ба гуфтаи мақомоти пулиси маҳаллӣ, киштии дар ихтиёри онҳо буда хело хурд ва сӯрох буд, аз ин рӯ, онҳо расидани дигар нерӯҳо аз Ослоро интизор шуданд.
Кормандони пулис пас аз яку ним соати фоҷиа ба ҷазираи Утоя расиданд.
Дирӯз дар ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ дар Норвегия, дар калисои ҷомеи Осло Ҷенс Столтенберг, нахуствазири Норвегия, аъзои хонаводаи салтанатии ин кишвар, аз ҷумла шоҳ Ҳералди панҷум ва хонуми ӯ малика Сония ҳузур доштанд.
Столтенберг зимни суханони худ дар ин маросим гуфт, “ҳар шахсеро, ки мо аз даст додем, дар алоҳидагӣ як фоҷиа аст. Ҳоло дар маҷмӯъ ин фоҷиаи миллат ба шумор меравад”.
Зӯҳри рӯзи душанбе мардуми Норвегия ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа як дақиқа сукут меварзанд. Шветсия низ тасмим гирифтааст, ки ба хотири ҳамраъйӣ бо кишвари ҳамсоя нимарӯзӣ як дақиқаи сукут эълон кунад.
Ҳарчанд Брейвик гуфтааст, ки ҳарду ҳамлаи террористиро тани танҳо анҷом додааст, вале
пулис дар ин ҳамлаҳо даст доштани боз як нафари дигарро баъид намедонанд...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад