Ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии Норвегия

Ҷенс Столтенберг, сарвазири Норвегия, ҳамлаҳои террористӣ дар кишварашро "фоҷиаи миллӣ" номид.
Дар ёдбуди 92 нафар қуробониёни ҳамлаҳои террористӣ дар Норвегия, дар калисои ҷомеи Осло Ҷенс Столтенберг, нахуствазири Норвегия, аъзои хонаводаи салтанатии ин кишвар, аз ҷумла шоҳ Ҳаралди панҷум ва хонуми вай малика Сония ҳузур доштанд.

Столтенберг зимни суханони худ дар ин маросим гуфт, “ҳар шахсеро, ки мо аз даст додем, дар алоҳидагӣ як фоҷеа аст. Ҳоло дар маҷмӯъ ин фоҷеаи миллат ба шумор меравад”.

Гумонбари ҳамлаҳои террористӣ дар Норвегия
Ин дар ҳолест, ки Вакили мудофеи марди гумонбар ба ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа дар Норвегия, ки 92 кушта бар ҷой гузошт, мегӯяд, ки боздоштшуда масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст.

Ҷейр Липестад, вакили мудофеъ аз телевизиони Норвегия гуфт, гумонбар Андерс Беринг Брейвик, ки марди 32-солаи норвегӣ аст, масъулиятро қабул дорад.

Брейвик 32 сола аст ва пӯлис ӯро рӯзи ҷумъа баъд аз тирандозӣ ва куштори 85 нафар дар урдугоҳи тобистонаи ҷазираи Утоя ва куштори 7 нафари дигар дар маркази Осло дар як бамгузорӣ боздошт кард.

Гуфта мешавад, ки Брейвик бо изҳороте иртибот дорад, ки муттааллиқ ба бунёдгароёни масеҳии дастиростӣ ва зидди исломӣ мебошад. Ин хунрезиро дар саросари ҷаҳон маҳкум карданд.

Рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти Созмони милали муттаҳид эъломияе пахш ва ин ҳамлаҳоро амали “террористӣ” номид.

Пулис мегӯяд, рӯзи ҷумъа, 22-юми июли соли ҷорӣ, дар тирандозӣ ва дар инфиҷори бомбе дар Норвегия дастикам 92 нафар кушта шудаанд. Бино ба охирин маълумот, дар тирандозии марди мусаллаҳ дар ҷазираи Утоя дар урдугоҳи ҷавонон 85 нафар ба ҳалокат расидаанд.



Инфиҷор дар Норвегия