Дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ фестивали «Боми ҷаҳон» ифтитоҳ ёфт.
Дар тӯли се рӯз ҳунармандон аз Тоҷикистон, Қирғизистону Қазоқистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон рақсу таронаҳои дилнишинро пешкаши мухлисон мегардонанд.
Ҳадафи ин ҳамоиши фарҳангӣ, мусоидат кардан ба таҳкими дӯстиву ҳамгироии халқҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, фароҳам сохтани имконияти баҳрабардорӣ аз санъату фарҳанги ҳамдигарӣ арзёбӣ гардид.
Санъаткорони маҳаллоти дурдасти Бадахшон мегӯянд, ки фестивал барояшон боз як имконияти дигари ба намоиш гузоштани ҳунари тарона ва рақсу навои мардумӣ дар маркази вилоят мебошад, ки агар аз як тараф барои ҳифз ва эҳёи анъанаҳои санъатварӣ кӯмак кунад, аз ҷониби дигар мухлисони дохилу хориҷи кишварро ба дурдонаҳои халқии санъат ошно месозад. Гурӯҳи ҳунарӣ бо роҳбарии Давлат Назрӣ мегӯяд, ки онҳо бо азми комил ба фестивал омаданд, то базми тарона ва рақси тоҷикиро боз ҳам бештар тафсонанд.
Аммо ба гуфтаи корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Амон Мусоев, вай бо гурӯҳи ҳунармандони амрикоӣ, ки рақси тоҷикиро меомӯзанд барои якчанд рӯз дар Бадахшон қарор доранд ва фестивалро мактаби зиндаи омӯзиши рақс дарёфтаанд. Ба андешаи ин санъатшинос, рақси зебои тоҷикӣ оламгир шудааст, аммо маҳз дар Бадахшон рақси мардумӣ аз махлутшавӣ эмин монда, шакли қадимаашро ҳифз кардааст. Аммо ин мутахассиси соҳаи мусиқӣ нигарон аст, ки дар тарзи либоспӯшии ҳунармандон нишонаҳои омезиш бо фарҳангҳои дигар ҳар чӣ бештар ба чашм мехӯрад.
Ҳунармандони қирғизу қазоқ дар баромадашон гуфтанд, ки онҳо аз қуллаи кӯҳҳои Ала-Тоо ва домани даштҳои нопайдоканори кишварашон созу навои мардумиро ба мардуми тоҷик армуғон овардаанд. Садои ҳунармандони вилояти ҳамҷавори Бадахшон Афғонистонро овозхони ҷавон Некбахтсултони Ғуломҷон ва иддае аз ҳофизону навозандагон муаррифӣ карданд.
Фестивали «Боми ҷаҳон» ба ҳукми анъана медарояд ва тобистони чорум аст, ки дар Хоруғ ҳунармандони мамолики гуногун ва мухлисони зиёдро ҷамъ меоварад.
Дар фестивали қабли тоҷикони Чин ширкат варзида, бо маҳорати баландашон дили мухлисонро тасхир карданд.
Ба манзури тамошои ҳамоиши тарона ва рақс, сайёҳони зиёде, ки дар ин муддат дар нуқоти Бадахшон сайр мекунанд, дар Хоруғ ҷамъ меоянд. Ба гуфтаи коршинос Азиз Ғаёсов, аз чунин ҳамоишҳо бояд ба хотири омӯзиши фарҳангҳои дигар ва муаррифӣ кардану рушди санъати мардуми минтақа ба таври муассир исифода кард, вале сатҳи баргузории ҳамоиши фарҳангӣ мухлисонро, ки бештар аз пештар навовариҳоро дидан мехоҳанд пурра қаноатманд намекунад.
Фестивал бо ибтикори ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дасгирии молии созмонҳои байналмиллалӣ баргузор мешавад. Мухлисон имконият пайдо мекунанд, дар ин фестивал ба санъати фолклорӣ, ки дар гӯшаҳои дурдасттарини Бадахшон маҳфуз мондааст шинос шаванд ва аз тамошои санъати ирокунандагони онҳо баҳравар гарданд.