Хадамоти банкоматии ватанӣ роҳандозӣ мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим дорад хадамоти банкоматиро бидуни кишвари дуввум роҳандозӣ намояд.
Дар ин росто кортҳои пластикии ватанӣ низ нашр хоҳанд шуд.

То ҳоли ҳозир амалиёти банкоматҳои бонкҳои кишвар дар дохили Тоҷикистон дар маҳдудаи ин кишвар сурат нагирифта бар асоси Марказҳои проссесингие, ки дар кишварҳои дигар аз ҷумла дар Русия доранд, сурат мегирад.

АМАЛИЁТИ ЧАРХИШИ МАБЛАҒҲО ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҷамшед Юсуфиён, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони ин бонк талош доранд, ки маркази проссесингии банкоматҳои бонкҳои кишварро дар Бонки миллӣ таъсис диҳанд ва бидуни кишвари дигар амалиёти чархиши маблағҳоро таъмин кунанд.

Ба қавли ҷаноби Юсуфиён, ҳоло марҳилаи ҳуқуқӣ ва қарордодии таъсиси чунин марказ анҷом ёфтааст ва ин заминаро ба ҷамъу басти васоили фаннӣ фароҳам меорад, ки Тоҷикистон мутеъи кишварҳои дигар набошад: «Барои он, ки сифати маркази хизматрасонӣ ё проссингӣ баланд бошад ва ба ҳеҷ кишвари дигар ва ба ҳеҷ бонки хориҷӣ ва терминали хориҷӣ вобаста набошад, як тарҳе бо сарпарастии мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ анҷом ёфтааст. Ва ин имкон медиҳад ҳаққи хизмати арзон ва ҳатто дар бонкҳои тиҷоратӣ барои қишри камбизоат ба таври ройгон хизматрасонии Банкомат ва кортҳои пластикӣ сурат гирад.»

МАРКАЗИ ПРОССЕСИНГӢ ЧИСТ?

Ҳоло маънои Маркази проссесингӣ ё ҷараёни иҷрои амалиёти банкоматии бонкҳои Тоҷикистон аз чӣ иборат аст?

Ҳоло агар барои дарёфти маблағ аз тариқи банкомат натавонистед пули худро бигиреду ба бонк муроҷиат кунед, дар аксари ҳолат посух медиҳанд, ки мушкил дар бонк нест, балки дар Маскав аст. Манзур аз ин ҳарфҳо чӣ аст?

Бонкҳои Тоҷикистон чӣ тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ дар бонкҳои пешбар ва бонуфузи ҷаҳонӣ суратҳисоби худро доранд. Ва вақте як сокини ин кишвар мехоҳад, ки аз тариқи банкомат пули худро дарёфт кунад, то замони тасдиқи ин маблағ дар маркази проссесингӣ дар хориҷи Тоҷикистон, наметавонад пули худро аз тариқи банкомат дар дохили кишвар дастрас кунад.

Шурӯъ аз "Ориёнбонк" то «Агроинвестбонк" ва "Тоҷисодиротбонк" ва бонкҳои дигари Тоҷикистон дар марказҳои проссесингии бонкҳои пешбари ҷаҳон, ки аксар дар Маскав қароргоҳ доранд, соҳиби суратҳисоби хоси худ мебошанд.

АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИИ МАРКАЗӢ ПРОССЕСИНГӢ

Фаршед Назаров, корманди Бахши корти плостикии «Тоҷиксодиротбонк» мегӯяд, ки дар сурати таъсиси маркази проссесингӣ дар Бонки миллӣ, ин амал дар миёни бонкҳои дохили Тоҷикистон ҷараён мегирад, ки аҳамияти иқтисодӣ дорад: «Ҳоло ҳаққи хизмати байнибонкӣ хеле гарон аст, яъне чуноне ба андозаи ҳаққи хизмати бонкҳои хориҷӣ аст ба ҳамин андоза дар дохили Тоҷикистон мебошад. Агар Маркази проссесингӣ дар дохили Тоҷикистон таъсис дода шавад, мизони ҳаққи хизмати миёни бонкҳо, ки дар дохили кишвар сурат мегирад хеле кам мешавад. Масалан маркази проссесингии бонки мо дар Маскав аст ва то замоне, ки маблағи шумо дар ин марказ танзим нашавад, шумо наметавонед пулатонро дарёфт кунад. Аз ин рӯ таъсиси маркази проссесингӣ дар дохили кишвар муҳим аст.»

Дар ҳоли ҳозир Бонки милии Тоҷикистон барои амалӣ намудани тарҳи таъсиси Маркази проссесингӣ ё иҷрои амалиёти суратҳисобҳои байнибонкӣ дар дохили кишвар мутахасисони худро дар се давра ба омӯзиш фаро хоҳад гирифт, зеро камбуди мутахассис иҷрои ин тарҳро аз мӯҳлати 6 моҳ ба 16 моҳ тамдид кардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар як соли ахир теъдоди банкоматҳо афзоиш ёфта ба 290 адад расидааст.