Гога Ашкеназӣ замоне Гавҳар Беркалиева ном дошту духтари хурдии муҳандиси соҳаи обёрии шаҳри Тараз буд.
Имрӯз ин хонуми 31-сола бо дипломи Донишгоҳи Оксфорд фахр дораду аз як иморати бузурги шаҳри Лондон ширкатҳояш дар кишварҳои мухталифи оламро сарварӣ мекунад.
Бисёриҳо дастовардҳои хонум Ашкеназиро ба робитаҳояш дар ҳалқаҳои дохилии ҳокимони Қазоқистон марбут медонанд. Сарфи назар аз чунин мақому манзалат то соли равон дар худи Қазоқистон дар бораи Ашкеназӣ ва соҳибкории ӯ сӯҳбат зиёд набуд.
Аммо 6-уми июл, вақте президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 71-умин зодрӯзашро ҷашн мегирифт, телевизиони "К+", ки мақарраш дар Бишкек аст, дар бораи Гога Ашкеназӣ як филми мустанад намоиш дод.
Дар ин филм робитаи Ашкеназӣ бо миллиардер -- Темур Қулибоев, домоди президенти Қазоқистон, арзёбӣ шудааст. Қулибоев 20 сол инҷониб шавҳари духтари дуюми Назарбоев -- Динора буда, онҳо се фарзанд доранд.
Ба қавли ҳамин телевизион, Ашкеназӣ аз Қулибоев фарзанд ба дунё овардааст. Худи Ашкеназӣ ҳам дар сӯҳбатҳои пештарааш гуфтааст, ки ӯ соли 2007-ум писареро бо номи Адам таваллуд кардааст, ки падари ӯ Қулибоев мебошад.
Телевизиони НТВ-и Русия бошад, мегӯяд, дар ҳоле ки ходимони соҳаи нафти Қазоқистон маошҳои худро гирифта наметавонанд, хонум Ашкеназӣ дар гаронтарин осоишгоҳҳои Швейтсария истироҳат намуда, назорати ширкатҳо аз қароргоҳаш дар Дубайро дӯст медорад.
Бар пояи гузориши расонаҳои Бритониё, Қулибоев ва Ашкеназӣ дар соли 2005-ум шинос шудаанд. Он замон ин хонум ҳамсари Стефан Ашкеназӣ - як сокини аёлати Калифорнияи ИМА буд. Баъд аз ин ошноӣ, Гога аз шавҳараш ҷудо шуд, вале Қулибоев оилааш бо духтари Назарбоевро ҳифз кард.
Булот Обилов, соҳибкори шинохта ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, албатта, расонаҳои давлативу мақомҳои ҳукуматӣ дар бораи равобити Қулибоев ва Ашкеназӣ маълумот доранд, вале кӯшиш мекунанд, аз нороҳат намудани ба истилоҳ “шоҳи соҳаи нафт” - Темур Қулибоев худдорӣ варзанд:
"Дар Қазоқистон расонаҳои давлативу гурӯҳии хусусӣ дар бораи робитаи ғайришаръии хонум Ашкеназӣ бо Қулибоев хабар доранд, вале хомӯширо авло медонанд. Расонаҳо, аз як тараф метарсанд ва аз сӯи дигар, ба онҳо даст задан ба ин мавзӯъро манъ кардаанд, зеро мавзӯи хеле ҳассос аст."
Ашкеназӣ дар 13-солагӣ барои таҳсил ба яке аз интернатҳои Бритониё фиристода шуд. Пас аз хатми он дар Донишгоҳи Оксфорд таърихи муосир ва иқтисод омӯхт.
Шореҳон мегӯянд, маҳз дар ҳамин солҳо даромад аз фурӯши нафти Қазоқистон афзоиш ёфта, сарватмандон ё худ қазоқҳои нав ба харидани молу мулк дар Бритониёву кишварҳои дигари ғарб эҳтиёҷ пайдо намуданд.
Ин ҳамон соате буд, ки Ашкеназӣ аз як донишҷӯй ба соҳибкори муваффақ табдил ёфт. Имрӯз ширкатҳои ӯ дар соҳаи истихроҷи гази табиии Қазоқистон, сармоягузорӣ дар ин кишвар фаъолият доранд. Дар сӯҳбатҳои ахираш бо хабарнигорон, Ашкеназӣ гуфтааст, ки мехоҳад соҳаи истихроҷу коркарди тиллои Қазоқистонро таҳти тасарруф дарорад.
Бо ишора ба ин иқдомҳои ҷасуронаи Ашкеназӣ, баъзе коршиносон мегӯянд, Қулибоев, ки ҳамчун вориси тахту тоҷи Назарбоев арзёбӣ мешавад, робита бо Ашкеназиро қатъ кардааст, вале пуштибонӣ аз соҳибкориии Ашкеназӣ ва дастгирии барномаҳои ӯро давом медиҳад.
Айдос Сарим, шореҳи умури сиёсиву иҷтимоӣ дар Алмаато мегӯяд: "Дар баъзе аз масъалаҳои Қазоқистон стандартҳои дугона вуҷуд доранд. Мардуми зиёде дар бораи равобити ғайришаръии маҳрамона, маъшуқаҳо ва фарзандони ғайришаръии соҳибкорону сиёсатмадорон иттилоъ доранд, вале ин ба эътибори онҳо таъсире намегузорад. Мо то кунун чунин фарҳанг надорем, ки кору мақоми сиёсаматдорону соҳибкорон ба ахлоқи онҳо вобаста бошад.”
Ба қавли Сарим, он чизе, ки мардумро воқеан нигарон мекунад, ин сарвати кишвар аст, ки дуздида мешавад. Шореҳони дигар ба ёддоштҳои собиқ домоди президенти Қазоқистон ишора мекунанд.
Роҳат Алиев, собиқ шавҳари духтари аввали президенти Қазоқистон Дариға Назарбоева навиштааст, ки худи Назарбоев ҳам бо чанд зан робитаҳои ғайришаръӣ дошту онҳо ба ӯ фарзанд таваллуд кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад