Субҳи рӯзи чаҳоршанбе заминларзаи нерӯманде сокинони водии Фарғонаро аз хоб бедор кард.
То кунун хасороти фоҷеаи табиӣ дар қаламрави ҷумҳуриҳои водии Фарғона ошкор нашудааст, вале тибқи маълумоти вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон, дар ин ҷумҳурӣ бар асари заминларза камаш 13 кас фавтидаву даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ танҳо дар шаҳри Риштони Узбакистон камаш 5 кас куштаву беш аз 40 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Заминларзаи мусовӣ бо 6,2 дараҷаи Рихтер, ки марказаш дар 45 километрии ҷануби шаҳри Фарғонаи Узбакистон- дар хоки Қирғизистон буд, сокинони ноҳияҳои ҳаммарзи се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ: Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба ваҳшат оварда буд.
Аснои сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Баҳодур Элбоев аз шаҳри Риштони Узбакистон гуфт: “Мо бо шифохонаи Риштон ва табибон дар тамос шудем. Онҳо гуфтанд, ки заминҷунбӣ ҳаёти камаш 5 касро аз байн бурда, беш аз 40 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Яке аз қурбониҳо сокини деҳаи канори шаҳр ва боқимонда чор каси дигар сокини шаҳри Риштон будаанд. Ман бо шаҳри Марғилон ҳам дар тамос шудам, вале он ҷо такони замин нерӯманд набудааст.”
Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд як марди 43-сола аз тарс аз ошёнаи дуюм ба замин ҷаҳида, бар асари бархӯрди сараш бо замин ҳалок шудааст.
Сокинони манотиқи ҷанубии Қазоқистон мегӯянд, ки заминларза тӯли 40 сония идома дошт. Биноҳои зиёд қисман валангор шудаанд. Мардум ба кӯча баромада, то субҳ ба хонаҳояшон надаромадаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ Мира Муслим аз шаҳри Ҷамбули Қазоқистон гуфт: “Ба ваҷҳи умум Вазорати вазъиятҳои фавқулода ба заминларза омода набуд. Онҳо ибтидо ба Алмаато хабар дода, мунтазири он буданд, ки Алмаато тасдиқ кунад, ки ин воқеан такони замин буд. Ҳамин тариқ онҳо фақат баъди 20 дақиқа баландгӯякҳоро ба кор дароварда, мардумро аз ҳодиса огаҳ намуданд. Ба назар мерасид, ки мардуми маҳаллӣ намедонад, чӣ кор кунад. Сокинони зиёди Шимкент шабро дар кӯча гузаронида намедонистанд, ки чӣ кор кунанд. Онҳо намедонистанд, ки заминларза такрор хоҳад шуд ё не.”
Дар паи заминларза дар шаҳри ҷанубии Ботканди Қирғизистон таъмини нерӯи барқ мутаваққиф шуд. Мақомоти қирғиз як гурӯҳи наҷотро барои арзёбии вазъият ба ҷануби ин кишвар сафарбар кардаанд.
Солҳои шӯравӣ минтақаи Осиёи Марказӣ бо заминларзаҳои бузурге мувоҷеҳ шуда, ҳазорҳо сокини он ҳаёти худро аз даст дода буданд, вале ҳукумати шӯравӣ маълумот дар бораи талафоти ҷониву молӣ аз фоҷеаҳоро сирри давлатӣ эълон карда буд.