20-уми июл - Рӯзи байналмилалии шоҳмот

20-уми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии шоҳмот аз соли 1966 бо ибтикори ФИДЕ - Федератсиюни ҷаҳонии шоҳмот таҷлил мешавад.
Дар ин рӯз дар саросари ҷаҳон мусобиқот ва чорабиниҳои мухталиф дар риштаи шоҳмот барпо мегарданд. Чунончӣ, дар Тоҷикистон, дар шаҳри Кӯлоб, мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозони ҷавон ҷараён дорад.

Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: ”Дар ин мусобиқа беҳтарин шатранҷбозон аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат меварзанд. Миёни онҳо шатранҷбозони ҷавону моҳир, монанди Мутрибаи Илҳом, Сарвиноз Каримова, Самандари Мирзоалӣ, Алишери Мӯъмин, Эраҷ ва Умар Насриддиновҳо, Синои Илҳом ва Юлдуз Орифова ҳастанд.”

Ба гуфтаи Саодат Одинаева мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозони ҷавон дар шаҳри Кӯлоб то рӯзи 23-юми июл идома хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, пас аз ташрифи Кирсан Илюмжинов, раиси ФИДЕ - Федератсиюни байналмилалии шоҳмот, авохири моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон, таваҷҷӯҳи мақомоти кишвар ба ин риштаи маъмули варзиш бештар шудааст.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: ”Пешниҳодоти Кирсан Илюмжинов дар мулоқоти ӯ бо масъулини соҳа ва раҳбарони Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани дарси шоҳмот дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, сохтмони Қасри шоҳмот ва кушодани Академияи шоҳмот дар Тоҷикистон, инчунин, баргузории мусобиқоти байналмилалӣ дар кишвар буд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи шоҳмоти кишвар ин пешниҳодоти ӯро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешкаш карданд.”

Ба иттилои Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар назар аст, ки Кирсан Илюмжинов, раиси ФИДЕ, имсол боз ба Тоҷикистон ташриф меорад ва созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсиюни байналмилалии шоҳмот ба имзо мерасад.