Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ СПИД- и кишвар хабар медиҳад, ки шумораи расмии сироятёфтагони ин беморӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 500 нафар афзуда ба ҳудуди 3400 нафар расидааст.
Ин дар ҳолест, ки дар авохири соли 2010 шумораи сироятёфтагон 2857 нафарро ташкил медод. Аммо коршиносон мегӯянд, инҳо нафаронеанд, ки расман аз ташхис гузашта сабти ном шудаанд ва илло дар асл теъдоди воқеъии сироятёфтаҳо даҳ маротиба бештар аз омори расмист.
ШУМОРАИ СИРОЯТЁФТАГОНИ СПИД АФЗУДААСТ
Дилором Аббосова, муттахасиси Маркази мубориза бо ВИЧ СПИД мегӯяд, ҳудуди 77 дарсади сироятёфтагони ВИЧ СПИД аз 20 то 39 сол доранд. Ба гуфти Дилором Аббосова, ҳанӯз ҳам олудашави таввасути сӯзандоруҳои олуда миёни мӯътодони маводи мухаддир, роҳи маъмулии сиротяёбӣ боқӣ монда 54 дарсадро ташкил медиҳад. Вале боиси таассуф аст, ки ба роҳи алоқаи ҷинсии беҳимоя низ ҷавонон зиёд ба ВИЧ гирифтор мешаванд, чунон ки 28 дарсади сиротяёфтаҳо шудаанд, афзуд Дилором Аббосова: «Дар кишвар беш аз 30 марказҳои пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ СПИД амал мекунад. Ва ҳамаи ин марказҳо ташхисгоҳҳои худро доранд. Дар ин марказҳо мутахассисоне кор мекунанд, ки аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ омӯзонида шудаанд ва ба ҳар як муроҷитакунанда машварати вижаи қабл аз ташхис ва баъд аз онро мегузаронанд. Аз ҳамин ҳисоб фикр мекунам, ҳодисаҳои ошкор шудани беморон низ афзудааст. Бояд гуфт бо кӯмаки Бунёди Глобали шурӯъ аз соли 2006 беморон ба табобати ройгони зидди ретровирусӣ фаро гирифита шудаанд, ки ҳоли ҳозир шумори онҳо ба 964 нафар мерасад.»
БЕҲБУДИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ГИРИФТОРОНИ СПИД
Созмонҳои ҷамъиятие, ки дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқҳои сироятёфтаҳо кор мебаранд, мегӯянд вазъи ҳуқуқии ин беморон дар муқоисаи даҳ соли пеш нисбатан беҳбуд ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳам ҳодисаҳои табъиз ва доғгузории онҳо кам нестанд. Манижа Ҳайитова, раҳбари маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон дар ин замина
гуфт: «Агар умумӣ назар кунем, сатҳи итилоотии мардум оид ба ВИЧ СПИД боло нарафтааст. Аммо агар махсус ҷавононро мисол орем, сатҳи итилоотии онҳо нисбатан болотар аст, зеро онҳо имкони бештари истифода аз интернет ва ҳар гуна маълумотномаҳоро доранд. Аммо сатҳи маълумотнокии ашхоси аз 30 сола боло оид ба ин вирус чандон зиёд нест. Шояд то ҳанӯзам корҳои амалишаванда кофӣ нестанд. Аз ин рӯ ба назари мо бояд ҳар як корхона барои боло бурдани сатҳи маърифати кормандони худ бевосита кӯшиш кунад.»
ГИРИФТОРОНИ СПИД ҲАҚТАЛОШӢ МЕКУНАНД
Манижа Ҳайитова мегӯяд, вижагии соли ҷорӣ дар он аст, ки ҳоло бисёре аз гирифторони ВИЧ СПИД ғайри мунтазира фаъол шуда, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мубориза мебаранд. Ин беморон мехоҳанд баробарҳуқуқиии худро дар ҷомеа исбот намуда аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандии хеш истифода баранд.
Таҳмина ҷавони 21 солаест, ки қариб якуним сол аст бо ВИЧ ба сар мебарад. Ба ӯ ин беморӣ аз шавҳари муҳоҷираш сироят ёфтааст. Ӯ дар роҳи ҳимояи ҳуқуқҳои худ фаъолона мубориза мебарад ва яке аз камтарин нафаронест, ки ба табъизу доғгузории сироятёфтагони ВИЧ СПИД дар ҷомеаи Тоҷикистон нигоҳ накарда мавқеъашро ошкор кардааст. Таҳмина мегӯяд, беадолатиҳои зиёд нисбати беморон ӯро ба ин қадам водор кард: «Рӯзҳои аввал воқеъан ҳам хеле душвор буд. Вақте ки ман дар бораи бемории худ фаҳмидам, он вақт зани деҳотии хонашин будам. Чун худам ҳам дар бораи ин бемори итилоъ надоштам, аз ҷониби хешу табор ва атрофиёнам мавриди табъиз, нақзи ҳуқуқ ва доғгузорӣ қарор гирифтам. Ҳарчанд бароям осон набуд, ки мавқеъамро ошкор созам ва ба ҳама гӯям, ки ман ВИЧ сироятёфта ҳастам, аммо ба хотири дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ин қадамро гузоштам. Зеро ман танфурӯш набудам, балки як зани покдомани бегуноҳе будам, ки аз шавҳари муҳоҷирам ба ин вирус мубтало шудам. Вале атрофиён аз ҳар тараф озору азиятам медоданд. Ҳатто мегуфтанд, ки ман ба зудӣ мемирам ва ҷасади маро давлат гирифта месӯзонад...
Баъдан ман дар тамоми ВАО баромад кардам, ки набояд занони сироятёфтаро озор бидиҳанд. Зеро аксари ҷавонзанони олуда ҳамсарони муҳоҷиронанд, ки баъди хатми мактаби миёна дар ҳеҷ куҷо таҳсилро идома надода бесаводу беихтисосанд. Тасаввур кунед, духтари ҷавон бо сад орзу ба шавҳар мебарояд ва мубталои вирус мегардад ва бар ивази он, ки ҷомеъа ӯро дастгирӣ кунад, баръакс ӯро таҳти фишор қарор медиҳанд. Ман садо баланд кардам, ки бояд пеш аз таҳқири нафаре ҳар як инсон бояд андеша кунад, ки дар сурати садди роҳи ин беморӣ нашуданд, ин бало рӯзе дари онҳоро ҳам шояд мекӯбад.»
Таҳмина аъзои фаъоли шабакаи занони гирифтори вируси норасоии масунияти одам аст. Ин шабакаро соли гузашта як гурӯҳ занони гирифтори ВИЧ бо мусоидати маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон таъсис доданд. То ба имрӯз ин созмон беш аз 100 нафар занони фаъоли беморро муттаҳид сохтааст. Онҳо қасд доранд, соли ҷорӣ дар вазорати адлия расман сабти ном шуда дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш талошҳои бештаре анҷом диҳанд.