Петреус аз фармондеҳии нерӯҳои НАТО канор рафт

Рӯзи душанбе генерали амрикоӣ Дейвид Петреус аз мақоми фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон канор рафт.
Дар маросими ботантана дар шаҳри Кобул, Петреус қудратро ба генерал Ҷон Аллен супурд. Аллен дар Ироқ зердасти Петреус буд ва дар он ҷо ӯ бо бастани созиш бо гурӯҳҳои мусулмонони суннимазҳаб бар муқобили созмони террористии Aл-Қоида ном баровард.

ҶОН АЛЛЕН БА ҶОИ ПЕТРЕУС

Таъйини фармондеҳи нави нерӯҳои Амрико дар Афғонистон замоне сурат гирифтааст, ки нооромиҳо дар ин кишвар рӯ ба афзоиш буда, рӯзи якшанбе як мушовири воломақоми президенти Афғонистон дар Кобул кушта шуд.

Петреус, ки бо коҳиш додани нооромиҳои Ироқ маъруф мебошад, моҳи июли соли 2010-ум фармондеҳии нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистонро бар ӯҳда гирифт. Бо истифода аз 30 ҳазор афсару сарбози тозанафаси амрикоӣ, Петреус назму суботи ҷануби Афғонистонро ба қадри кофӣ барқарор кардааст.

Вале собиқ зердасти Петреус дар Ироқ генерал Ҷон Аллен, ки фармондеҳии нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро бар дӯш гирифт, дар маросими ботантана дар Кобул гуфт: “Умедворам, ки ман нуқтаи чархиши ин маъракаи азимро давом медиҳам. Ман ҳамоно бо тамоми воситаҳои имконпазир дастгирии даъват, тамрин, омодасозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ва танзими ҷойҳои корӣ барои нерӯҳои миллии амнияти Афғонистонро идома медиҳам.”

АФҒОНИСТОН ҲАМОНО НООРОМ АСТ

Рӯзи сешанбе дар шарқи Афғонистон се сарбози нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО ба қатл расиданд. Шоми якшанбе бошад, дар Кобул яке аз ёварони президенти Афғонистон ва собиқ волии вилояти Урузгон Ҷонмуҳаммад Хон дар хонааш кушта шуд.

Муҳаммадхон яке аз мансабдорони бонуфузи маъмурияти президенти Карзай, дар соли 2006-ум зери фишори нерӯҳои ҳолландӣ аз мақоми волии Урузгон барканор шуда буд. Он замон сару садо зиёд буд, ки Хон дар ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир даст дорад. Ҳамчунон дар тӯли ҳафтаи гузашта бародари президенти Афғонистон Аҳмад Валӣ Карзай низ дар шаҳри Қандаҳор ба қатл расид.

Силсилаи кушторҳо нигарониҳо дар мавриди интиқоли масъулият ба нерӯҳои афғонро афзоиш додааст. Рӯзи якшанбе сарбозони Зеландияи Нав масъулияти таъмини амнияти вилояти Бомиёнро ба нерӯҳои полиси афғон интиқол доданд.

ИНТИҚОЛИ МАСЪУЛИЯТИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ БА НЕРӮҲОИ АФҒОН

Бомиён яке аз ҳафт минтақаест, ки дар марҳилаи аввал таҳти тасарруфи нерӯҳои афғон гузашт. Рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе артишу полиси ин кишвар таъмини амнияти вилоятҳои Лағмон ва Ҳилмандро бар дӯш хоҳанд гирифт.

Раиси ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА адмирал Майк Маллен бо ишора ба бозгашти аввалин гурӯҳи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон гуфт, ҳузури нерӯҳои амрикоӣ ба тадриҷ то охири соли 2014-ум хотима меёбад, вале ҳамкории миёни ду кишвар идома хоҳад дошт.