Бародари Ҳомид Карзай ба хок супурда шуд

Ҳазорон нафар дар маросими ҷанозаи Аҳмадвалӣ Карзай, бародари хурдии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ширкат кардаанд.
Ба маросим, ки таҳти чораҳои бесобиқаи амниятӣ гузашт, худи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай сарварӣ мекард.

Аҳмадвалӣ Карзай, ки раҳбари Шӯрои вилояти Қандаҳор буд, рӯзи сешанбе дар манзили худаш дар шаҳри Қандаҳор аз тири муҳофизаш кушта шуд.

Масъулияти кушторро толибон бар дӯш гирифта онро “бузургтарин дастовард”-и худ арзёбӣ карданд.

Дэвид Петреус, раҳбари нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон, изҳор намуд, ки Паймон барои ба додгоҳ кашидани созмондиҳандагони ин ҳамлаи террористӣ ба Кобул ёрӣ хоҳад кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳомид Карзай бародарашро ба хок супурд