Як масъули СММ корхонаи алюминиюми Тоҷикистонро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ манбаи хатар номидааст.
Кристоф Буве, як масъули барномаи ҳифзи муҳити зист ё ЮНЕП-и СММ гуфтааст, корхонаи алюминиюми Тоҷикистон як омили рушди иқтисоди Тоҷикистон, аммо аммо дар айни ҳол манбаи хатари ҷиддии зистмуҳитӣ барои кишварҳои ҳамсоя, хоса Узбакистон аст.
БАҲСИ ТАЛКО ДАР ДОЛОНҲОИ СММ
Ин масъули барномаи зистмуҳитии СММ гуфтааст, ки партовҳои саноатӣ, ғуборҳо ва намакҳо боиси олудагии муҳити зист ва тағйири ҳаво мешавад. Кристоф Беву зимни муаррифии гузориши ЮПЕН роҷеъ ба вазъи зистмуҳитии минтақа гуфтааст: «Мушкили умда паёмади фаъолиятҳои саноатӣ, аз ҷумла химикатҳост, ки рӯдхона ва ҳаворо олудаи ғубор ва намак мекунад. Як намуна, корхонаи Алюминиюми Тоҷикистон аст, ки тавассути сармоягузории Русия сохта шудааст. Ва як фурсати кории муҳим барои сокинони Тоҷикистон ва омили рушди иқтисоди ин кишвар аст. Аммо дар айни ҳол, мушкили ҷиддие барои муҳити зисти атроф, аз ҷумла барои Узбакистон эҷод мекунад.»
Аммо дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ҳамингуна иддаои олудашавии муҳити зист тавассути корхонаи алюминиюми Тоҷикистонро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин корхона бештар аз ҳадди муҷоз муҳити атрофро олуда намекунад. Зеро коргоҳҳои он бо навтарин технология барои коҳиши зарари партовҳои саноатӣ муҷаҳҳаз аст.
МАҚОМОТИ ТОҶИК РАДД МЕКУНАНД
Игор Сатторов, раҳбари гурӯҳи таҳлилии ширкати ТАЛКО, иддао дар бораи манбаи хатар будани ин корхона ба ҳифзи муҳити зисти Узбакистонро баҳонае барои сиёсӣ кардани ин масъала ва фишор болои Тоҷикистон унвон мекунад.
Ӯ мегӯяд: "Мо чандин дафъа даъват намудем, ки озмоишҳои муштараки зистмуҳитӣ бо ширкати экологҳои тоҷику узбак ва коршиносони байналмилалӣ дар
қаламрави Тоҷикистон ва дар ҳудудҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсоя баргузор карда шавад. Аммо ҳамеша ҷониби Узбакистон ин пешниҳодро радд кардааст. Масоили зистмуҳитии корхонаҳои бузурге назири корхонаи мо дар сатҳи байналмилалӣ ба абзори фишори сиёсӣ алайҳи ширкатҳо табдил шудааст. Ва нашри чунин даъвоҳои бепоя, ки акнун ба дастаки созмонҳои зистмуҳитии маҳаллӣ табдил хоҳад шуд, танҳо фишор ба ширкати Талко метавонад арзёбӣ шавад."
"Талко" мегӯяд дар соли гузашта барои коҳиши олудагии муҳити атроф ва таҷдиди системаи фаннии коҳиши партобҳо, ҳудуди 30 миллион сомонӣ харҷ карда ва дар соли равон низ ҳамин миқдор маблағро ба мақсади ҷилавгирӣ аз олудасозии муҳит ихтисос додааст. Ин дар ҳолест, соли гузашта дар Узбакистон соли мухолифати шадид ба фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон буд ва борҳо тазоҳуроту роҳпаймоӣ бар алайҳи "ТАЛКО" дар Узбакистон сурат гирифта буд. Дар парлумони Узбакистон низ як гурӯҳи 15 нафарии вакилони созмонҳои зистмуҳитӣ амал мекунад, ки як масъалаи асосии дастури кори онҳо фаъолияти ТАЛКО ва сохтмони Роғун аст.
ПЕЧИДАГИҲОИ БАРНОМАҲОИ МУҲИТЗИСТӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА
Кристоф Буве, аз масъулони барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ, ҳамчунин гуфтааст, як сабаби хушкшавии дарёчаи Арал, истифодаи оби Омударё ба мақсади обёрии заминҳои нав аст.
Кристоф Буве гуфтааст, ҳамкории минтақаӣ дар заминаи истифода аз оби Омударё метавонад омили муҳиме барои дастёбӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини амният дар ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ бошад.
Муаллифони ин гузориш кишварҳои минтақаро ба истифодаи оқилона ва муштарак аз захираҳои оби Омударё ва ба табодули иттилоот дар заминаи тарҳҳои гидроэнержӣ даъват карда, таъкид намудаанд, ки ин амр метавонад эътимод миёни ин кишварҳоро барқарор бикунад.
ТАЛКО-АЗ МАНБАЪҲОи УМДАИ ВОРИДОТИ АРЗИ ХОРИҶӢ
ТАЛКО ё дар гузашта корхонаи Алюминиюми Тоҷикистон -ТадАз, дар соли 1975 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва бузургтарин корхонаи тавлиди алюминиюм дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки иқтидори тавлиди 500 ҳазор тона алюминийро дар як сол дорад. Ҳаҷми муомилоти пулии ин корхона солона бештар аз як миллиард долларро ташкил медиҳад. Аммо роҷеъ ба саҳми он дар буҷаи давлат арқоми зидду нақиз нашр мешавад.
Гуфта мешавад, ширкати ТАЛКО феълан тавассути ҳалақоте наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳур идора мешавад. Ин корхона як манбаи аслии воридоти арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон аст.