Чаҳор писари ӯ оиладор буда, ҳар кадом соҳиби 4 - 5 фарзанд мебошанд. Вале манзили кӯчаки онҳо, ки дар канори пойтахт ва дар як қитъаи хурд воқеъ аст, танҳо барои як оилаи панҷанафара
Бачаҳоям ҷои кор надоранд. Бар иловаи ин, хонаро ҳам вайрон карданӣ ҳастанд. Бигузор, тахриб кунанд, аммо чаро намехоҳанд, ки ба мо ҳадди ақал ягон хона аз манзилҳои баландошёна бидиҳанд?
пешбинӣ шудааст.
Зиндагии аҳли ин хонаводаи сернуфус гоҳе бо шодиву гоҳе бо талхӣ мегузарад. Зеро бино ба кам будани ҷои зист, миёни аҳли хонавода, хусусан хурдсолон ҷангу хархаша мехезад ва ин боис ба ихтилофи арӯсҳои хонавода шудааст.
Сарвари ин хонавода Маҳтоббӣ мегӯяд, гузашта аз ин шаҳрдории Душанбе дар пайи нақшаи бозсозии шаҳр, ҳамин манзили кӯчакро низ аз ӯ рабудан мехоҳад, вале ба ивазаш манзили мувофиқе ба онҳо доданӣ нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Дар як манзили кӯчак мо бист нафар зиндагӣ мекунем. Чандин сол аст, ки пул пасандоз мекунем, аммо аз он ки хонаводаамон зиёд аст, наметавонем як замин ва ё як манзили бузургтар бихарем. Бачаҳоям ҷои кор надоранд. Бар иловаи ин, хонаро ҳам вайрон карданӣ ҳастанд. Бигузор, тахриб кунанд, аммо чаро намехоҳанд, ки ба мо ҳадди ақал ягон хона аз манзилҳои баландошёна бидиҳанд? Ман ин қадар кӯдакро куҷо мебарам?",-афзуд ӯ.
Хонаводаи Маҳтоббӣ танҳо хонавода дар Тоҷикистон нест, ки паёмади афзоиши аҳолиро эҳсос мекунад. Мисли ӯ дар кишвар садҳо хонаводаҳое ҳастанд, ки дар пайи афзоиши аҳолӣ ба мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, бахусус камбуди манзил, дастрасӣ ба ҷои кор, таҳсил ва тандурустӣ ва боз чандин мушкилоти дигар рӯ ба рӯянд.
ДАВЛАТ БАРНОМАҲОИ МУШАХХАС ДОРАД?
Бар асоси омори ахир ва натиҷаи баруйхатгирии аҳолӣ дар моҳи сентябри соли 2010, аҳолии Тоҷикистон ба 7 миллиону 565 ҳазор нафар расидааст.
Абдувалӣ Қулов, сардори шӯъбаи омори демографии Оҷонсии давлатии омори Тоҷикистон дар ин замина гуфт: "Масалан, як тозагии нуфусшумории ахир аз пештараҳояш ин аст, ки барои нахустин бор мо масъалаи фонди манзилро дар кишвар ба назар гирифтем. Албатта, ҳоло омори ниҳоӣ дар бораи он ки чӣ қадар оила ба манзил ниёз дорад, омода нашудааст, вале аллакай мақомоти давлатӣ тибқи маълумоти мо барномаҳои мушаххасро дар бораи бо манзил таъмин кардани аҳолии кишвар ба нақша гирифта истодааст."
Афзоиши аҳолӣ ва мушкилоти дар пайдоштаи он дар сарзамине мисли Тоҷикистон, ки 93 дарсади масоҳаташ кӯҳсор аст, натанҳо мақомоти давлатӣ, балки созмонҳои байналмилалиро низ нигарон сохтааст.
9,5 МИЛЛИОН СОКИНИ ТОҶИКИСТОН, ДАР СОЛИ 2020
Сандуқи нуфуси Созмони Милал зимни як пажӯҳиши ахири худ ва ҳисобҳои пешакӣ дар Тоҷикистон ба натиҷае расидааст, ки дар соли 2020 аҳолии ин кишвар ба нӯҳуним миллион нафар мерасад. Коршиносони ин созмон мегӯянд, дар ҳоле ки дар 20 соли охир аҳолии Тоҷикистон 5 баробар афзоиш ёфтааст, бино бар мушкилоти иқтисодие, ки ин кишвар дучори он аст, дар дар даҳсолаи оянда имкони дастрасии мардум ба зиндагии шоиста боз ҳам камтар хоҳад буд.
Алишер Ашӯров мутахассиси масоили нуфуси СММ мегӯяд, аҳолии Тоҷикистон дар таносуб ба 20 соли пеш 25 дарсад боло рафтааст ва ӯ ба ин бовар аст, ки дар сурати ба танзим надаровардани масоили демографӣ, аз эҳтимол дур нест, ки аҳолии ин кишвар аз ҷумла ба мушкили шадиди нарасидани манзил мувоҷеҳ шавад.
ХУБИВУ НОХУБИҲОИ АФЗОИШИ АҲОЛӢ
Ӯ гуфт: "Созмони мо ҳам ба ҳамин хотир ин барномаро пиёда кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кунад. Аз ҷумла, масъалаи демографӣ ё афзоши аҳолиро ба танзим дарорад ва зери контрол дошта бошад. Як тамоюли аҷиб ин аст, ки масалан, солҳои пеш дар деҳот таваллуди зиёди кӯдакон мушоҳида мешуд. Ҳоло дар деҳот камтар буда, дар шаҳрҳо бештар мушоҳида мешавад. Афзоиши худи аҳолӣ чандон мушкил нест, балки паёмадҳои онро бояд пешопеш мо фикр кунем, ки оё ин мардум дастрасӣ ба ғизо, ҷои кор, тандурустӣ ва дигар масъалаҳоро дошта метавонанд ё не?"
Ин дар ҳолест, ки 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва пас аз 10 сол нуфуси аҳолиии он тақрибан ба 10 миллион хоҳад расид.
МУШКИЛИ ҒИЗО, ҶОЙИ КОР, ХАДАМОТИ БЕҲДОШТӢ
Мушкилоти нарасидани ғизо, ҷойи кор, дастрасии нокифоя ба оби тоза, ба хадамоти тандурустӣ боис гашта, ки тамоюли пиршавии аҳолӣ ва маргу мири одамон, хусусан занону кудакон рӯ ба болоравӣ дорад.
Бино ба адами ҷои кор ва маоши ночиз ҳар сол то 700 000 нафар мардони қобили кор кишварро тарк мекунанд. Теъдоди бекорон дар дохили кишвар бар асоси омори расмӣ 55-56 ҳазор нафар баршумурда шудааст, вале омори ғайрирасмӣ теъдоди афроди бекорро дар Тоҷикистон ба 200 ҳазор нафар баробар медонад.
Ҳамчунин бар асоси омори расмӣ 47 дарсади сокинони Тоҷикистон дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, ки 14 дарсади он фақиртарини мардумро ташкил медиҳанд.