Маъмурияти Обама мехоҳад аз ироаи 800 миллион доллар кӯмак ба низомиёни Покистон худдорӣ кунад.
Ба ин далел, ки аз ҳаракатҳои Исломобод дар амри саркӯби ҷангиён қаноатманд нест.
Нашрияи бонуфузи New York Times дар нақли қавл аз се мақоми баландпояи амрикоӣ мегӯяд, ки ИМА аз ироаи 800 миллион доллар кӯмак ва таҷҳизот ба Покистон худдорӣ мекунад ва ё ин барномаро то вақти дигар мутаваққиф мекунад. Ин ҳаҷми пулҳо аз се як ҳиссаи кӯмакҳои Амрико барои тақвияти амниятии ин кишвар аст, ки дар кулл ду миллиард долларро ташкил медиҳад.
Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки дар сурати беҳбуд ёфтани равобит ва иқдомҳои бештари Покистон дар амри мубориза бо ҷангиён, кӯмакҳоро дубора ироа хоҳад кард. Куштори раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида Усома бин Лодин дар шаҳри Абботободи Покистон ҷиддияти суолҳоеро дар заминаи кӯмаки ҳукумати Покистон ба пинҳоншавии террористи рақами аввал тақвият дод.
Покистон аллакай барномаи Амрикоро оид ба тамрини нирӯҳои ниманизомӣ баста беш аз 100 омӯзгори амрикоиро дар чанд ҳафтаи ахир бозпас фиристод. Инчунин Исломобод таҳдид кардааст, ки пойгоҳи низомии идораи марказии истихборотро, ки барои анҷоми парвозҳои ҳавопаймоҳои бидуни халабон дар амалиёти таъқиби ҷангиён истифода мекунад, мебандад.
Таҳлилгарони бетарафи равобити миёни Исломободу Кохи Сафед солиёни зиёд аст, ки чамшпӯшиҳои Амрикоро ба эҳтимолияти пуштибонӣ ёфтани ҷангиёни Ал-Қоидаву Толибон аз ҷониби хадамоти махсуси Покистон интиқод мекунанд. Аз назари ҳолдонҳо, маҳз ҳамин чашмпӯшиву ҷиддӣ нагирифтани воқеияти ҳол боиси амиқтар ва тавсеаёфта шудани хушунатҳои Афғонистон, нокомӣ дар решаканкунии ҷангиён ва таъмини субот дар минтақа гуфта мешавад.
Таҳлилгари маъруф Аҳмад Рашид яке аз чунин мунтақидон аст, ки пайваста аз Амрико бознигарии сифати ҳамкориҳоро бо мақомоти низомии Покистон тақозо мекунад. Аз ӯ дар як сӯҳбати телефонӣ хостам, назарашро дар заминаи мутаваққифшавии кӯмакҳои молӣ ба Покистон изҳор кунад:
Рашид: Муддате мешавад, ки мо дар бораи бадшавии муносиботи Покистон ва ИМА хабар дорем. Дар таҳаввулоти ахир ман чизи наве намебинам. Мо медонем, ки Конгресс бо
Покистон хеле зиёд аст, ки ихтилоф дорад ва инчунин дар дохили маъмурияти Обама муқовимати зиёд вуҷуд дорад. Фикр накунам, ки Покистон аз он чӣ, ки шуд, тааҷҷуб кунад. Артиши Покистон ҳам аз сӯи дигар аллакай кайҳо аз амрикоиҳо нороҳат шудааст. Фикр накунам, ки онҳо ба кадом як тарзи бисёр дағал вокуниш кунанд.
Озодӣ: Худи шумо борҳо даъватҳо кардаед, ки бо назардошти поин будани сатҳи эътимод ба хадамоти махсуси Покистон, Кохи Сафед бояд тарзи бархӯрдашро бо онҳо дигар кунад.
Рашид: Бале, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Равобити ин ду тараф дар давоми шаш моҳи охир дорад хеле бад мешавад ва ба як ҳолати бӯҳрони давомдор бадал шудааст. Вале на Покистон ва на Амрико дар ин муддат коре накарданд, ки равобити онҳо беҳбуд ёбад.
Озодӣ: Яъне шумо аз таҳаввулоти ахир ва вазъи ба амаломада нороҳат ва нохушбин ҳастед?
Рашид: Бале, ман хеле ноумед ҳастам ва фикр мекунам, ки ба ҳар ҳол ба наздикиҳо вазъ беҳбуд намеёбад.
“Ню-Йорк Таймс” менависад, бархе раҳбарони маъмурияти Обама мегӯяд, ки Покистон ҳеҷ гоҳ ба таври пурра он шарике ки Кохи Сафед диданаш мехоҳад, намебошад, вале дигарон мегӯянд, ИМА наметавонад бо пурра қатъ кардани равобиташ бо Покистон вазъи минтақаро зери хатар гузорад. Солҳои 1990, мегӯянд таҳлилгарони ғарбӣ, як чунин сардиву қатъшавии робитаҳои ду ҷониб, боиси даст ба рушди силоҳи ҳастаӣ задани Покистон шудааст.