Шодӣ Шабдоловро анҷумани 29-и Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо як овоз дигарбора раҳбар интихоб кард.
Вай аз соли 1991, пас аз суқути Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ то ба имрӯз раҳбарии коммунистони Тоҷикистонро ба зимма дорад.
Раҳбарии 20-солаи Шабдолови 67-сола дар Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шоеъот дар бораи адами раҳбари шоистаи дигар ва ҳам "пиршавӣ"-и ҳизбро доман задааст.
Худи ҷаноби Шабдолов мегӯяд, афроди шоистае ҳастанд, ки истеъдоди раҳбарӣ доранд, аммо ӯро бештар сарнавишти ҳизб ва ғояҳояш дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Ба назари ӯ, эҳтимол дорад нафаре, ки ҷойгузини ӯ мешавад, ба хотири мансаб ба ақидаҳои ҳизб хиёнат мекунад.
АЗ ПУШТИ МАНСАБ
"Ду намуди рафиқоне дар ҳизб ҳастанд, ки мехоҳанд раис бошанд. Лекин як теъдоди муайяне ҳаст, ки мехоҳад баробари ба даст овардани мақоми раиси ҳизб бо президенту ҳукумат ба тиҷорати мансаб нишинад. Ин гуна рафиқонро мо аслан намегузорем, ки ба ҳизб наздик шаванд, зеро дидем. Дидем, ки нав котиби вилоятии ҳизб мемонем, ки ҳукумат як вазифа медиҳад ва ӯ ҳизбро партофта пушти мансаб медавад. Ҳамин, ки бӯи вазифаро шамиданд, мегурезанд. Ин хел рафиқ чӣ даркор?"
Аммо Шабдолов сарусадоҳо дар бораи адами раҳбари ҷадид дар Ҳизби коммунистро рад ва Исмоил Талбаков, муовини худ ва низ узви парлумони Тоҷикистонро яке аз онҳо унвон кард.
АЗ КОММУНИСТӢ ТО ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТӢ
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон меросхӯри Ҳизби коммунисти Тоҷикистони Шӯравӣ аст, ки дар замони худ ягона ва серузвтарин нерӯи сиёсӣ дар кишвар буд. Аммо баробари оғози бозсозии Горбачев дар авохири солҳои 80-уми қарни гузашта ва рӯи кор омадани созмону аҳзоби демокративу исломӣ иддае аз аъзояш сафи онро тарк карданд.
Баъд аз сари кор омадани ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон аксари коммунистони собиқ ба хотири расидан ба мансаб ба ҳизби имрӯз ҳокими халқӣ-демократӣ гузаштанд.
Иддае аз коршиносон бар инанд, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тайи 20 соли мавҷудияташ натавонистааст ҷаҳонбинии хоси сиёсии хешро дар кишвар муаррифӣ кунад. Ба қавли онҳо, ин як ҳизби коммунистони кӯҳансол аст, ки ба ақидаҳои Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ содиқ мондаанд.
ҲИЗБИ БЕ ПОТЕНСИАЛ
Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, арзишҳои коммунистиро ҳизби ҳукмрон, ки аксари идеологҳояш коммунистони собиқ ҳастанд, то ҷое соҳибӣ карда, дар мубориза барои "дилу дидаҳо" пирӯз омадааст.
Ӯ афзуд: "Ба назар чунин мерасад, ки Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон миссияи худро ба анҷом расондааст. Аз он хотир ба анҷом расондааст, ки ҳизби дигар, Ҳизби халқӣ - демократӣ, ки бар асоси ин ҳизб ба вуҷуд омадааст, ҳоло кӯшиш дорад ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб кунад ва Ҳизби коммунистро бе потенсиал гузорад."
ТОҶИКИСТОН ВА ҲИЗБИ КОММУНИСТИ ЧИН
Аммо Шодӣ Шабдолов баръакс бар фарорасии даврони нав барои ақидаҳои коммунистӣ ишора мекунад. Ӯ ҳангоми суханрониаш дар анҷумани ҳизб таъкид кард, ки имрӯз ҷаҳон дар симои Ҳизби коммунисти Чин бар воқеияти ақидаву ормонҳои коммунистӣ бовар ҳосил мекунад.
Ба қавли ӯ, бӯҳронҳои олами араб, Аврупо ва тағйироти сиёсӣ дар Амрикои Лотин суқути неколониализм ва ботилии иқтисоди сармоядориро собит мекунанд. Ба ақидаи ӯ, дар соли 2013 ҳамчунин бӯҳрони шадиди иқтисодӣ Амрикоро низ дар камин аст.
Аммо оё ин маънои онро дорад, ки Чин барои густариши нуфузаш дар Тоҷикистон бар Ҳизби коммунист такя хоҳад кард? Шодӣ Шабдолов гуфт, тайи панҷ соли ахир ӯро 5 маротиба раҳбарияти Ҳизби коммунисти Чин расман даъват карда, бо ӯ машваратҳо кардаанд. Вай афзуд, аммо мӯҳтавои ин машваратҳо танҳо ин буд, ки чиниҳо аз низоми иқтисодии Тоҷикистони имрӯз интиқод карда, бозгашт ба иқтисоди нақшавиро маслиҳат додаанд.
НАЗАРИ ПАЖӮҲИШГАР
Дар ҳамин ҳол, Артеми Калиновски, устоди Донишгоҳи Амстердам, ки бо омӯзиши таърихи аҳзоби коммунисти Осиё машғул аст, мегӯяд, сари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳисоб кардани Чин имкон надорад.
"Ин чиз низ ҳис мешавад, ки як эътимоди қавӣ ба Ҳизби коммунисти Чин вуҷуд надорад. Аз дигар тараф, албатта нуфузи Чин дар ин кишвар дар кулл ҳаст. Ин на ба Ҳизби коммунист, балки ба он рабт дорад, ки Чин ба сохтмони роҳу бино ва дигар тарҳҳо сармоягузорӣ мекунад. Ҳизбҳо ин ҷо нақше надоранд, балки сиёсати хориҷии Чин чунин аст. Онҳо ба ин кишвар сармоягузориашонро меафзоянд, ки то дар оянда умеде барои густариши нуфуз пайдо шавад",-илова кард ӯ.
Зимнан, Чин бузургтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меояд ва ҳаҷми сармояҳояш дар ин кишвар аз марзи 3 миллиард доллар убур кардаанд.
ЯК МАҚСАД
Вай афзуд: "Бо ҳизби коммунисти Тоҷикистон онҳо алоҳаҳои зич доранд ва ҳамеша бар ҳамкориҳои мо таъкид мекунанд. Вақте 10 рӯз мо дар Чин будем, онҳо дар бораи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки мақсаду маромаш давлати иҷтимоӣ сохтан аст ва мароми давлатдории мо ҳам ин аст, сӯҳбат мекарданд. Ҳарду ҳизб як мақсад дорад, ки дар оянда ватани худро обод кунад."
ДАР 5 СОЛ 5 ҲАЗОР КОММУНИСТИ ҶАВОН
Шодӣ Шабдолов мегӯяд, тайи панҷ соли ахир ҳудуди 5 ҳазор ҷавон узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шудаанд ва теъдоди умумии аъзои ҳизб ба 70 ҳазор нафар расидаанд.
Аммо коршиносон бо шакку шубҳа ба ин арқом ва ҳам зарфиятҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯянд, буҷаи панҷсолаи ҳизб ҳудуди 240 ҳазор сомонӣ будааст ва дар бархе навоҳӣ моҳона 1000 сомониро ташкил мекунад.
Ба қавли онҳо, ҳузури ҳизб дар Тоҷикистон бо ширкати фаъоли ду узваш дар парлумон ва интиқодҳояшон аз сиёсатҳои ҳукумат дар матбуот маҳдуд шудааст.
Котиби вилоятии ҳизб мемонем, ки ҳукумат як вазифа медиҳад ва ӯ ҳизбро партофта пушти мансаб медавад. Ҳамин, ки бӯи вазифаро шамиданд, мегурезанд...
Раҳбарии 20-солаи Шабдолови 67-сола дар Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шоеъот дар бораи адами раҳбари шоистаи дигар ва ҳам "пиршавӣ"-и ҳизбро доман задааст.
Худи ҷаноби Шабдолов мегӯяд, афроди шоистае ҳастанд, ки истеъдоди раҳбарӣ доранд, аммо ӯро бештар сарнавишти ҳизб ва ғояҳояш дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Ба назари ӯ, эҳтимол дорад нафаре, ки ҷойгузини ӯ мешавад, ба хотири мансаб ба ақидаҳои ҳизб хиёнат мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
АЗ ПУШТИ МАНСАБ
"Ду намуди рафиқоне дар ҳизб ҳастанд, ки мехоҳанд раис бошанд. Лекин як теъдоди муайяне ҳаст, ки мехоҳад баробари ба даст овардани мақоми раиси ҳизб бо президенту ҳукумат ба тиҷорати мансаб нишинад. Ин гуна рафиқонро мо аслан намегузорем, ки ба ҳизб наздик шаванд, зеро дидем. Дидем, ки нав котиби вилоятии ҳизб мемонем, ки ҳукумат як вазифа медиҳад ва ӯ ҳизбро партофта пушти мансаб медавад. Ҳамин, ки бӯи вазифаро шамиданд, мегурезанд. Ин хел рафиқ чӣ даркор?"
Аммо Шабдолов сарусадоҳо дар бораи адами раҳбари ҷадид дар Ҳизби коммунистро рад ва Исмоил Талбаков, муовини худ ва низ узви парлумони Тоҷикистонро яке аз онҳо унвон кард.
АЗ КОММУНИСТӢ ТО ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТӢ
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон меросхӯри Ҳизби коммунисти Тоҷикистони Шӯравӣ аст, ки дар замони худ ягона ва серузвтарин нерӯи сиёсӣ дар кишвар буд. Аммо баробари оғози бозсозии Горбачев дар авохири солҳои 80-уми қарни гузашта ва рӯи кор омадани созмону аҳзоби демокративу исломӣ иддае аз аъзояш сафи онро тарк карданд.
Баъд аз сари кор омадани ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон аксари коммунистони собиқ ба хотири расидан ба мансаб ба ҳизби имрӯз ҳокими халқӣ-демократӣ гузаштанд.
Иддае аз коршиносон бар инанд, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тайи 20 соли мавҷудияташ натавонистааст ҷаҳонбинии хоси сиёсии хешро дар кишвар муаррифӣ кунад. Ба қавли онҳо, ин як ҳизби коммунистони кӯҳансол аст, ки ба ақидаҳои Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ содиқ мондаанд.
ҲИЗБИ БЕ ПОТЕНСИАЛ
Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, арзишҳои коммунистиро ҳизби ҳукмрон, ки аксари идеологҳояш коммунистони собиқ ҳастанд, то ҷое соҳибӣ карда, дар мубориза барои "дилу дидаҳо" пирӯз омадааст.
Ӯ афзуд: "Ба назар чунин мерасад, ки Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон миссияи худро ба анҷом расондааст. Аз он хотир ба анҷом расондааст, ки ҳизби дигар, Ҳизби халқӣ - демократӣ, ки бар асоси ин ҳизб ба вуҷуд омадааст, ҳоло кӯшиш дорад ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб кунад ва Ҳизби коммунистро бе потенсиал гузорад."
ТОҶИКИСТОН ВА ҲИЗБИ КОММУНИСТИ ЧИН
Аммо Шодӣ Шабдолов баръакс бар фарорасии даврони нав барои ақидаҳои коммунистӣ ишора мекунад. Ӯ ҳангоми суханрониаш дар анҷумани ҳизб таъкид кард, ки имрӯз ҷаҳон дар симои Ҳизби коммунисти Чин бар воқеияти ақидаву ормонҳои коммунистӣ бовар ҳосил мекунад.
Ба қавли ӯ, бӯҳронҳои олами араб, Аврупо ва тағйироти сиёсӣ дар Амрикои Лотин суқути неколониализм ва ботилии иқтисоди сармоядориро собит мекунанд. Ба ақидаи ӯ, дар соли 2013 ҳамчунин бӯҳрони шадиди иқтисодӣ Амрикоро низ дар камин аст.
Аммо оё ин маънои онро дорад, ки Чин барои густариши нуфузаш дар Тоҷикистон бар Ҳизби коммунист такя хоҳад кард? Шодӣ Шабдолов гуфт, тайи панҷ соли ахир ӯро 5 маротиба раҳбарияти Ҳизби коммунисти Чин расман даъват карда, бо ӯ машваратҳо кардаанд. Вай афзуд, аммо мӯҳтавои ин машваратҳо танҳо ин буд, ки чиниҳо аз низоми иқтисодии Тоҷикистони имрӯз интиқод карда, бозгашт ба иқтисоди нақшавиро маслиҳат додаанд.
НАЗАРИ ПАЖӮҲИШГАР
Дар ҳамин ҳол, Артеми Калиновски, устоди Донишгоҳи Амстердам, ки бо омӯзиши таърихи аҳзоби коммунисти Осиё машғул аст, мегӯяд, сари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳисоб кардани Чин имкон надорад.
"Ин чиз низ ҳис мешавад, ки як эътимоди қавӣ ба Ҳизби коммунисти Чин вуҷуд надорад. Аз дигар тараф, албатта нуфузи Чин дар ин кишвар дар кулл ҳаст. Ин на ба Ҳизби коммунист, балки ба он рабт дорад, ки Чин ба сохтмони роҳу бино ва дигар тарҳҳо сармоягузорӣ мекунад. Ҳизбҳо ин ҷо нақше надоранд, балки сиёсати хориҷии Чин чунин аст. Онҳо ба ин кишвар сармоягузориашонро меафзоянд, ки то дар оянда умеде барои густариши нуфуз пайдо шавад",-илова кард ӯ.
Зимнан, Чин бузургтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меояд ва ҳаҷми сармояҳояш дар ин кишвар аз марзи 3 миллиард доллар убур кардаанд.
ЯК МАҚСАД
Cафар Сафаров, ноиби раиси ҲХДТ (аз тарафи чап), Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ (дар байн) ва Мирзоалӣ Болтуев, собиқ раиси КМИР (аз тарафи рост)
Аммо коршиносон бар инанд, ки агар қарор бошад Чин бо ҳизбе дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад, пас ин Ҳизби халқӣ - демократӣ хоҳад буд. Сафар Сафаров, муовини раиси ин ҳизб мегӯяд, Ҳизби коммунисти Чин тайи солҳои ахир расман аз ҳисоби худ чор маротиба ҳайъати Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистонро даъват кардааст.Вай афзуд: "Бо ҳизби коммунисти Тоҷикистон онҳо алоҳаҳои зич доранд ва ҳамеша бар ҳамкориҳои мо таъкид мекунанд. Вақте 10 рӯз мо дар Чин будем, онҳо дар бораи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки мақсаду маромаш давлати иҷтимоӣ сохтан аст ва мароми давлатдории мо ҳам ин аст, сӯҳбат мекарданд. Ҳарду ҳизб як мақсад дорад, ки дар оянда ватани худро обод кунад."