20 соли истиқлол ба чанд пул меарзад?

Сохтмони бинои нави Вазорати хориҷӣ, Китобхонаву Осорхонаи Миллӣ, Маҷмаи дилхушӣ, баландтарин муттакои парчаму герб дар Душанбе аз иншооти ҷашниеанд, ки то 9-уми сентябр бояд мавриди иҷро қарор бигирад.
Вазорати молияи Тоҷикистон ҷамъи маблағҳои фақат аз будҷаи давлатӣ масрафшуда барои иншооти ҷашнӣ ва барномаҳои таҷлил аз
Теъдоде аз мардум аз ин сохтмонҳо ва таҷлили бошукӯҳи солгарди 20-уми истиқлол ба хотири худнамоӣ ва ба қавле бо ҳасад куштани душман розианд ва аз ин масрафот истиқбол мекунанд...

ҷашни истиқлолро 1 миллиард сомонӣ баровард мекунад.

Аммо расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Азия Плюс” ҷамъи масрафот барои сохтмони иншоотҳои ҷашниро 4 миллиард сомонӣ ҳисоб мекунанд, ки тақрибан ба нисфи буҷаи солонаи Тоҷикистон баробар аст.

Масрафи чунин маболиғи бузург барои таҷлили ҷашни истиқлол дар ҷомеа сарусадоҳои мухталиферо эҷод кардааст. Бархе ба ин масъала назари мусбат доранд ва мегӯянд, мақомоти тоҷик маъмулан фақат ба муносибати ин ё он ҷашн ҷоеро обод мекунанд ва дар дигар маворид зиёд дар фикри ободӣ нестанд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нархи иди 20-солагии истиқлол



Гурӯҳи дигар харҷи чунин пули бузургро барои кишваре, ки нисфи ҷамъияташ зери фақр ба сар мебарад ва қарзи хориҷии давлат ҳам ба 2 миллиард доллар расида, боз ҳам мӯҳтоҷи ёриҳои хориҷӣ боқӣ мемонад, беш аз ҳадд медонанд.

Гурӯҳи севвум ҳам ҳаст, ки самту сӯи истифода, ё ба истилоҳи тоҷикӣ, “аз худ кардан”-и ин маблағҳоро ба интиқод мекашад ва бар ин бовар аст, ки бунёди корхонаҳои саноатӣ бо ин пул бештар ба дарди Тоҷикистон мехӯрд, ки беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кораш ҳар сол ба хотири пайдо кардани рӯзӣ худро ба хориҷ ва умдатан ба Русия мезанад.

Оё дар чунин вазъ сохтмони бузургтарин Китобхона, баландтарин мутакои парчаму герб, яъне иншооте, ки дар оянда боздеҳи молие надоранд, барои Тоҷикистон то куҷо зарур буд?

Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон
Фирӯз Саидов аз Маркази тадқиқоти стратегӣ, як ниҳоди вобаста ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба ин суол гуфт, “бо ҳамин китобхонаву байрақ мумкин Тоҷикистонро шиносанд. Ин нишондиҳандаест, ки оянда ба Тоҷикистон маблағи зиёде меорад. Мо дар 20 соли истиқлол ин чизҳоро месохтем. Новобаста аз он, ки ҳаққонӣ сатҳи зиндагӣ паст асту буҷа кам. Мо бо ин сохтмонҳо дар пеши дӯсту душман худро нишон медиҳем, ки мо мустақилем.”

Ба қавли Фирӯз Саидов, бунёди на ҳамаи 1 ҳазору 300 иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ анҷом мешавад, балки дар бархе аз ин сохтмонҳо тоҷирон ва шахсони алоҳида низ саҳм мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки ҳазинаи сохтмони танҳо китобхонаи миллӣ, ки дар канори муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе қад афрохтааст, ҳудуди 40 миллион доллар гуфта мешавад ва он ҳам бо вуҷуде, ки Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ хонандаи кофӣ надорад. Бархе мегӯянд, пойтахти Тоҷикистон ба як мағозаи китобфурӯшӣ бештар зарурат дошт, то ба як китобхонаи пурдабдабае, ки баъид аст хонандаи зиёд пайдо кунад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ба ин маблағи бузург давлат метавонист ягон корхонаи тавлидотӣ бисозад, ки ҳам мардумро ба ҷои кор таъмин мекард ва ҳам боздеҳи молӣ дошт.

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократ ва устоди Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон
Масъуд Собиров, устоди Донишгоҳи иқтисодӣ мегӯяд, ки Тоҷикистонро бидуни парчами баланду китобхонаи бузург ҳам мешиносанд: “Ҷашнро бидуни сохтмон низ метавон таҷлил кард. Барои мисол Китобхонаи Фирдавсӣ хонанда надорад, чӣ зарурат ба сохтмон ва масрафи 40 миллион доллар буд. Агар ба ҷои ин китобхона корхонаи нассоҷии Душанберо обод мекардему истеҳсоли ҷӯробро ба роҳ мемондем хуб мешуд. Чунки бозори моро ҷӯроби истеҳсоли Узбакистон забт кардааст. Дар ҷашни истиқлол беҳтараш мардумро бо ҷои кор таъмин мекарданд.”

Одатан дар кишварҳое китобхонаи бузург месозанд, ки мардумаш моҳона барои хариди китобу нусхаҳои электроникии он аз 200 то 400 доллар масраф мекунанд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон моҳонаи ҳадди миёна 415 сомонӣ, камтар аз сад долларро ташкил дода, дар пойтахташ то кунун, ба истиснои чанд дӯкони хурди маъмулан пур аз китобҳои ба забони русӣ, ягон мағозаи бузурги китоб нест.

Аммо наметавон гуфт, ки ҳама аз масрафи маблағҳои зиёд барои ҷашни истиқлоли Тоҷикистон норозӣ бошад. Теъдоде аз мардум аз ин сохтмонҳо ва таҷлили бошукӯҳи солгарди 20-уми истиқлол ба хотири худнамоӣ ва ба қавле бо ҳасад куштани душман розианд ва аз ин масрафот истиқбол мекунанд. Ба қавли як мусоҳиби мо, “ҳамин сохтагиашон мемонад, пас монед, ки бисозанд.”