Мушкилиҳои ахири Тоҷикистон бо Русия ва адами таваҷҷӯҳи Ғарб ба иқтисоди кишвар, паёмади муроот нашудани усулҳои пазируфташудаи сиёсати дарҳои боз аст.
Тоҷикистон аз нигоҳи мудирияти муҳимтарин манбаъҳои табиӣ ва инчунин бар сари масоили сиёсӣ ва ҳузури низомӣ бо Русия муҳимтарин шарики худ дучори мушкил аст, ки ҳамчунон мушкил боқӣ монда ва роҳи ҳалле пайдо накардааст. Аз сӯи дигар, Ғарб ва инчунин кишварҳои сармоядори шарқӣ ба таваққуоти Тоҷикистон роҷеъ ба сармоягузорӣ ва кӯмакҳои басандаи молӣ посухи қаноатбахш надодаанд.
ДАҲ СОЛИ СИЁСАТҲОИ ДАРҲОИ БОЗ
Тоҷикистон феълан ҳассостарин марҳилаи таърихи ташаккули худ чун давлати мустақилро пушти сар мекунад. Муҳимтарин бӯҳрони Тоҷикистон бӯҳрони энержӣ ва хоса камбуди барқ аст. Вале барои анҷоми барномаҳои энержии худ дар ҷалби сармоя ва пуштибонии сиёсӣ, ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ аст.
Тоҷикистони шадидан дастнигари Русия, дар соли 2001 ба манзури барқарории робитаи ҳасана ва муфид бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва ҷалби сармоя барои эъмори иқтисоди худ, сиёсати дарҳои бозро эълон намуд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки агарчанд робитаҳои сиёсӣ ба навъе барқарор шуда, вале ҳадафи аслии сиёсати дарҳои боз, яъне ҷалби сармоя ба манзури бозсозии иқтисод ҳамчунон шиор боқӣ мондааст.
Давлатмурод Ҷумъаев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Сиёсати дарҳои боз яъне чӣ, яъне ин, ки сармоядор ба Тоҷикистон биояд, сармояи худро муассир истифода кунад, фоидаи худро бигирад ва ба ватанаш биравад, ҳарду тараф аз ин сармоягузорӣ фоида барад. Аммо дар мо монеъагузориҳои фаровон вуҷуд дорад. Санаду қавонин ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ нест. Ин ҳама бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ бошад. Ғайр аз ин фасод садди роҳ аст, ки кори ягон сармоягузор бе додани ришва анҷом намешавад. Сиёсати дарҳои боз яъне ҷалби сармоя ба иқтисоди кишвар. Дар ғайри сурат, ин як мазҳака мешаваду бас, зеро сармоягузории давлатӣ аст, ки бо мусоидати ҳукумат анҷом мешавад, аммо сармоягузории хусусӣ нест.»
"ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБИ ДИГАР НАДОШТ."
Аммо Сӯҳроб Шарифов, мудири Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки
Тоҷикистон ба ҷузъ эълони сиёсати дарҳои боз интихоби муносибтаре надошт ва даҳ соли сиёсати дарҳои боз манофеи Тоҷикистонро дар сиёсати байналмилалӣ ҳимоят намуд ва посухгӯи ин манофеъ маълум гардид. Тоҷикистон ба гуфтаи оғои Шарифов, маҳз дар ростои ҳамин сиёсат дар ҷаҳон мураррифӣ шуда ва баъди ҳаводиси терористии Ню-Йорк ва таҳаввулот дар низоми сиёсии дунё, равобити сиёсии худро бо дунёи Ғарб ва Шарқ ба сурати муассир барқарор кард. Аммо чаро Тоҷикистон то кунун усули аслии сиёсати дарҳои бозро наметавонад муроот кунад ва ҷалби сармояро таъмин кунад?
Сӯҳроб Шарифов мегӯяд: «Сиёсати дарҳои боз чун доктринаи сиёсати хориҷии мо тавонистааст, ки боис шавад, то мо дар низоми бисёрқутбии олам ба бозичаи дасти абарқудратҳо табдил нашавем. Ва дар сиёсати иқтисодӣ низ вазифаи аввалини мо ҳимояти соҳибкорони дохилӣ аст. Системаи бонкии мо масалан ҳоло қавӣ нест, дигар ситемаҳо низ ҳамин хел аст. Як бонки қудратманд омада ҳамаашро фурӯ барад, агар ки мо дар ин ҷода дарҳои худро боз кунем.»
СИЁСАТИ НОМУВАФФАҚИ ДАРҲОИ БОЗ?
Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили МН Тоҷикистон низ бовар дорад, ки сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон то кунун як сиёсати муваффақ набудааст. Аммо роҷеъ ба иллатҳои номуассирии ин сиёсат ӯ назари худро дорад. Ва мегӯяд, бархӯрди манофеъи қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ, ки ахиран дар Тоҷикистон эҳсос мушоҳида мешавад, паёмади ба дурустӣ аз сиёсати дарҳои боз истифода накардани сиёсатмадорони тоҷик аст. Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд: «Ҳоло
пурра наметавонем бигӯем, ки ин сиёсат ноком буд ё муваффақ, вақт зарур аст, аммо ба натиҷаи мусбат то кунун даст наёфтаем. Хатое, ки вуҷуд дорад ин аст, сиёсатмадорони мо чун давлати мустақил натавонистанд зоҳир шаванд, ба ин далел абарқудратҳо ҳар кадоме аз мо тамаъ дорад.»
Тоҷикистон дар соли 2001 ба думболи ҳаводиси террористӣ дар Амрико ва суқути режими Толибон дар Афғонистон, дар таҳаввулоти низоми сиёсии олам, сиёсати дарҳои бози худро эълон кард. Мақомоти Тоҷикистон то он замон танҳо шарики асосии стратегии худ Русияро ба шумор меоварданд, аммо ба думболи ин сиёсат, хостори равобити бо ҳаққи баробар ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор шуданд.
ВОБАСТАГИИ ҲАМЧУНОН ШАДИДИ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ
Вале Тоҷикистон ҳамчунон ба шиддат аз Русия аз ҳар нигоҳ вобаста аст ва ин вобастагӣ боис шудааст, ки усулҳои асосии сиёсати дарҳои боз амалӣ нашавад. Аз ҷумла, муҳимтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз он кишвар танҳо дар Тоҷикистон мавҷуд аст ва иқтисодиёти Тоҷикистон ҳам асосан дар рӯи шонаҳои 1, 5 миллион муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон такя задааст, ки солона ҳудуди се миллиард доллар ба Тоҷикистон мунтақил мекунанд.
Русия акнун мехоҳад, ки аз фурудгоҳи низомии Айнӣ ба сурати ройгон истифода кунад, марзбонҳои худро ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бозпас биёрад ва бештари бастаи саҳмияҳои муҳимтарин обанбори минтақа- Роғунро соҳибӣ кунад. Акнун суоли матраҳ ин мемонад, ки агар ин ҳама иттифоқ биуфтад, оё Тоҷикистон аз сиёсати дарҳои боз даст хоҳад бардошт?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад