Қазоқикунонии мактабҳо ва эътирози русзабонҳо

Солҳои ахир дар Қазоқистон бар пояи барномаи рушди забони модарӣ, шумораи мактабҳои қазоқӣ рӯ ба афзоиш аст.
Тавре ба назар мерасад, баъзан ин мактабҳои қазоқӣ аз ҳисоби бастани мактабҳои русӣ ба амал омада, боиси қаҳру ғазаби водидайни хонандагони русзабон шудааст.

МАКТАБҲОИ РУСӢ МАҲДУД МЕШАВАНД

Мақомоти шаҳри Темиртоуи Қазоқистон ба волидайни тахминан 1200 хонандаи мактаби русзабон дастур додаанд, ки то моҳи сентябр барои фарзандонашон макони нави таҳсил пайдо кунанд, зеро литсеи русии рақами 9 ва мактаби русии рақами 16 сар аз соли нави хониш ба мактаби қазоқӣ табдил хоҳанд ёфт.

Ин як бахше аз барномаи эҳёи ҳувияти миллӣ ва забону анъанаҳои қазоқӣ мебошад, ки солҳои ахир тавсеа пайдо кардааст.

Мансабдорони шаҳри Темиртоу мегӯянд, дар ҳоле, ки мактабҳои русзабони шаҳр хонандаи кофӣ надоранд, мактабҳои қазоқӣ аз набудани синфхона танқисӣ мекашанд.
Вале волидайни толибилмони русзабон ваъда додаанд, ки бар зидди ин иқдоми мақомот мубориза хоҳанд бурд. Ҳафтаи равон онҳо ба унвони президент, сарвазир ва додситони кулли Қазоқистон нома фиристода, аз баста шудани мактаби русӣ шикоят кардаанд.

Татяна Тичкова мегӯяд, ки қарори бастани мактабҳои русзабон ӯву волидайни дигарро хеле нороҳат кардааст: “ Ин одилона нест, ки фарзанди хурди ман иҷборан таҳсил дар мактабашро канор гузораду дар мактаби ӯ нафари дигар илм омӯзад. Писари ман дар синфи даҳум мехонад ва ин дигаргунӣ ба вазъи равонии ӯ асар мегузорад.”

ШУМОРАИ ҚАЗОҚҲО АФЗОИШ ЁФТААСТ?

Мақомоти Қазоқистон таъкид мекунанд, ки афзоиши мактабҳои таълими қазоқӣ ба афзоиши шумораи қазоқу қазоқзабонҳо дар ин кишвар иртибот дорад. Ба гуфтаи онҳо, аз соли 199 ба ин тараф шумораи қазоқҳо 26 дар сад боло рафта, шумораи русзабонҳо 15 дар сад коҳиш ёфтааст.

Ҷои ёдоварист, ки дар муқоиса бо дигар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, шумораи русзабонҳо дар Қазоқистон зиёд аст ва онҳо баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври дастаҷамъӣ ин кишварро тарк накардаанд. Ҳанӯз ҳам дар Қазоқистон забони русӣ мавқеи ҳалкунанда дорад. Соли 2009-ум дар як назарсанҷӣ 85 дар сади пурсидашудагон гуфта буданд, ки ба забони русӣ хуб сӯҳбат мекунанд. Дар ҳамин назархоҳӣ фақат 64 дар сади пурсидашудагон иброз доштанд, ки забони қазоқиро хуб мефаҳманду бо он ҳарф мезананд.

ПУШТИБОНИИ ҲУКУМАТ АЗ ЗАБОНИ ҚАЗОҚӢ

Воқеияти Қазоқистон ин аст, ки аксари қазоқҳо забони русиро аз забони модариашон дида, беҳтар медонанд.
Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, тавассути иҷрои барномаи даҳсолаи рушди забонҳо, вазъро тағйир дода, аз таъсиси мактабҳои нави қазоқӣ, расонаҳои қазоқзабон ва таълими забони қазоқӣ дар ҷойҳои корӣ пуштибонӣ намояд.
Дар интихоботи президентии соли равон, дониши забони қазоқӣ яке аз тақозоҳои сабти номи номзадҳо буд. Нурсултон Назарбоев-президенти Қазоқистон, ки худ ба забони қазоқӣ хуб ҳарф мезанад, аз пуштибонҳои рушди забони қазоқӣ ба шумор меравад.

То кунун маълум нест, ки дар давоми як соли татбиқи ин барнома чанд мактаби русӣ ба мактаби қазоқӣ табдил ёфтааст, вале коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ин амал метавонад боиси муҳоҷирати русзабонҳо ба Русия шавад.
Марина Ҷамбурбоева модари яке аз муҳассилини мактаби русӣ мегӯяд, агар мақомоти Темиртоу забони таълими мактаби фарзандонашонро тағийр диҳанд, онҳо гуруснанишинӣ хоҳанд кард: “Мо ҳеҷ ҷо рафтанӣ нестем. Агар лозим шавад, гуруснанишиниву эътироз ҳам ташкил хоҳем кард. Ман то охир асноди духтарҳоямро аз ин мактаб намегирам.”

Вале тавре маълум мешавад, мақомоти Темиртоу аз ин иқдоми водидайни толибилмони русзабон ташвиш надоранд. Юрий Жулин, муовири раиси шаҳри Темиртоу мегӯяд, афзоиши шумораи мактабҳои қазоқӣ бар пояи дархостҳои сершумори волидайн қабул шудааст. Жулин меафзояд, нисфи мактабҳои русзабон толибилм надоранду мактабҳои қазоқӣ аз сабаби камбуди синфхона таълимро дар ду баст ташкил кардаанд: “Камбуди синфхона ба ҳадде расидааст, ки баъзан дарсҳо дар даҳлез гузаронида мешаванд. Ин ҳол чанд сол ин ҷониб идома дорад.”

Феълан дар Темиртоу ҳамагӣ се мактаби қазоқӣ ва 16 мактаби русӣ амал мекунанд. Дар 12 мактаби боқимондаи ин шаҳри Қазоқистони марказӣ таълим ҳам ба забони қазоқӣ ва ҳам ба забони русӣ раҳандозӣ шудааст.