Чаманоро ва Девид, арӯси тоҷик ва домоди лаҳистонӣ қарор буд моҳи май дар шаҳри Познани Лаҳистон ақди никоҳ баста, баъди 4 соли шиносоӣ зиндагии якҷояро шурӯъ кунанд.
Аммо адами як санад, ки Тоҷикистон тасдиқ кунад мухолифи издивоҷи шаҳрвандаш бо ҷавони хориҷӣ нест, монеи ба ҳадаф ва ба висоли ҳам расидани ин ду дилдода шудааст.
ҚИССАИ ОШНОИИ ДУ ҶАВОН
Чаманорои 26 сола дар номааш ба унвони радиои Озодӣ навиштааст, ки 4 сол аст дар Лаҳистон кору таҳсил мекунад, дар ин муддат бо ҷавоне бо номи Девид шинос шудаву ба ӯ дил додааст. Чаманоро менависад, онҳо зиндагиро бидуни ҳам тассавур намекунад.
Дар сӯҳбати телефонӣ бо «Ояндасоз», Лайлии тоҷик нахуст қиссаи шиносоиашро бо Маҷнуни лаҳистонӣ чунин баён кард: «Модари шавҳаршавандаам дар донишгоҳи мо кор мекунанд ва ӯ моро бо ҳамдигар шинос кард. Ман ҳоло фикр мекунам, ду оила дорам яке дар Тоҷикистон дуввум дар Лаҳистон. Ман мисли духтари хонаводаи онҳо ҳастам, маро хеле хуб мефаҳманд, кӯмак мекунанд. Ман Тоҷикистонро хеле дӯст медорам, аммо инҷо дар назди дӯстписарам хушбахтам.»
Чаманоро мегӯяд, волидону наздиконаш зидди интихоби ӯ нестанд ва бояд дар ин моҳҳо барои ширкат дар тӯйи арӯсии вай ба сафари Лаҳистон омодагӣ гиранд. Вале барои барпо шудани ин тӯй ба ҷуз аз ризояти волидон, ризояти расмии ҷониби кишвари арӯс, яъне Тоҷикистон зарур аст. Ин талаби ҳатмии тарафи кишвари домод, Лаҳистон аст.
МУШКИЛОТИ ҚОНУНИИ ИН ИЗДИВОҶ
Гулрухсор, ҳамсари бародари Чаманоро, ки дар ҷамъоварии асноди зарурӣ барои ақди никоҳи хоҳаршӯяш кӯмак мекунад, мегӯяд, барои ба дастовардани ҳамин як санад 2 моҳ аст дари идораҳои масъулро мекӯбад, аммо ҳамеша ва аз ҳама ҷо танҳо як посух мешунавад, Тоҷикистон ҳаққи додани чунин санадро надорад: «Тоҷикистон ба ман танҳо як маълумотнома дода метавонад, ки дар он фақат оварда шудааст, ки ин шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар қайди никоҳ набуд. Аммо мутаассифона барои кишвари Лпҳистон ин санад кофӣ нест.»
Бояд гуфт парлумони Тоҷикистон моҳи марти соли равон бо ислоҳи кодеси оила, тартиби издивоҷи шаҳрвандони ин кишваро бо афроди хориҷӣ тағйир дода, онро нисбатан маҳдуд кард. Тибқи ин қонун, ҳамакнун атбои хориҷӣ барои издивоҷ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд муддати як сол дар ин кишвар зиндагӣ карда ва тибқи аҳдномаи ақди никоҳ, ҳамсарашро бо манзили маскунӣ таъмин кунанд. Гуфта мешавад ин қонун дар рафти издивоҷи ҷавонон тоҷику хориҷӣ нофаҳмиҳоеро эҷод кардааст ва ҳамин маҳдудиятҳо боис шуда, ки феълан ҷавонон талош мекунанд дар кишварҳои ҷониби домод ва берун аз Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои давлати дигар ақди никоҳ бубанданд. Дар ин маврид аз ҷониби Тоҷикистон танҳо маълумотномае талаб мешавад, ки шаҳрвандаш то ин замон дар ақди никоҳ набуд.
Аммо дар мавриди Чаманоро ,Ҷалолиддин Раҳимов як масъули вазорати алияи Тоҷикистон мегӯянд, ин барои бори аввал аст, ки аз онҳо чунин як санад оиди мухолиф набудани ин кишвар ба издивоҷи шаҳрвандаш талаб мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба қавли оқои Раҳимов тибқи қонунгузории Тоҷикистон шаҳрвандон дар издивоҷу интихоби ҳамсари оянда озоданд.
Ӯ мегӯяд танҳо дар як ҳолат метавонанд ба ин мушкили Чаманоро расдидагӣ шавад: «Агар аз тарафи давлати Лаҳистон расман ба Тоҷикистон муроҷиат кунанд ва Тоҷикистон метавонад расман посух диҳад. Аммо дар маҷмӯъ тибқи қонун, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин маврид озоданд ва ягон монеагӣ вуҷуд надорад.»
НИГАРОНӢ АЗ ҚОНУНИ НАВИ ИЗДИВОҶ БО ХОРИҶИЁН
Аммо Санат Солиева, раҳбари маркази дастгирии ҳуқуқии занону наврасони мавсум ба «Фемида» баъди огоҳ шудан аз ин қазияе, ки монеи бунёди як оилаи ҷавон шудааст, гуфт, онҳо метавонанд дар таҳия кардани санади лозимӣ барои кишвари Лаҳистон ба Чаманоро кӯмак кунанд. Ва дар пай хонум Солиева аз қонуни нав ва шартҳое, ки барои издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо атбои хориҷӣ муайян шудаву раванди чунин издивоҷҳоро мушкилтар кардааст, нигаронӣ карда афзуд, ки ин муҳдудкуниҳо на ба ҳифзи ҳуқуқи занон, балки баръакс ба печидатар шудани мушкили онҳо сабаб мешавад: «Аз рӯйи мушоҳида метавон гӯям, ки духтарони зиёде бо хориҷиҳо издивоҷ кардаанд, зиндагии хуб доранд. Беҳтар мебуд масъалаи муҳоҷират ба Руссияро дида мебаромаданд. Мардҳои тоҷик занҳои худро бо фарзандон партофта ба Руссия мераванд ва он ҷо издивоҷ кардаву хонаводаҳои худро суроғ намекунанд. Занон инҷо дар нимароҳ бе хонаву дар мемонанд. Мо бояд ин мушкилро ҳоло ҷиддӣ бигирем ва роҳҳал биҷӯем.»
МАВОРИДИ ИЗДИВОҶ БО ХОРИҶИЁН АФЗУДААСТ
Бо ин ҳол тавре мушоҳида мешавад, солҳои ахир, мавориди издивоҷи занону духтарони тоҷик бо шаҳрвандонӣ хориҷӣ ҳарчи бештар мешавад. Тибқи омори расмӣ, дар давоми 3 моҳи ахир, баъди ворид сохтани ислоҳот дар кодекси оилаи кишвар, 19 шаҳрванди Тоҷикистон бо атбои хориҷӣ издивоҷ кардаанд. Аммо дар маҷмӯъ давоми 5 соли ахир, 2696 ақди никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиҳо ба қайд гирифта шудааст.
Афғонистон, Эрон, Чин, Амрико, Конодо, Русия, Узбакистон, Қазоқистон ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ дар садри феҳристи кишварҳое қарор доранд, ки шаҳрвандонашон бо занону духтарони тоҷик издивоҷ кардаанд. Аксаран ин духтарон нафароне ҳастанд, ки дар созмонҳои байналмилалии дохили кишвар фаъолият мекунанд ва ё дар хориҷ аз кишвар кору таҳсил доранд ва ҳамсарони ояндаи худро ҳам дар он муҳит пайдову интихоб мекунанд ва тавре ба назар мерасад, ғолибан волидони арӯсу домодҳои тоҷик низ ба никоҳи фарзандонашон бо афроди хориҷӣ монеа эҷод намекунанд.
НАЗАРИ ҶОМЕА БА ИЗДҶИВОҶ БО ХОРИҶИЁН
Роҷеъ ба издивоҷи духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон назару андешаҳо мухталиф аст. Бархе бекорӣ ва шароити начандон хуби зиндагӣ дар Тоҷикистонро аз далоили аслии издивоҷи занону духтарони тоҷик бо хориҷиҳо медонанд.
Аммо Чаманоро духтари тоҷике, ки тасмим дорад бо як ҷавони лаҳистонӣ оила барпо кунад мегӯяд, ӯ на ба хотири сарват ва зиндагӣ дар Аврупо мехоҳад бо Девид издивоҷ кунад, балки мегӯяд шавҳаршавандаашро дӯст медорад ва бовар дорад, ки бидуни ӯ ва бо ҷавони тоҷик хушбахт нахоҳад буд: «Ман дар ин ҷо ҳуқуқ дорам ва байни ману шавҳаршавандаам баробарҳуқуқӣ аст. Ман зане ҳастам, ки мехоҳам ҳуқуқҳои худро дошта бошам ва медонам, ки писарони тоҷик чунин духтаронро чандон хуш надоранд. Ман наметавонад дар Тоҷикистон 10 соли дигар интизор шавам, ки кай ҷавони ба худ муносиро пайдо мекунам.»