Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ дар Душанбе

Рӯзи 2-юми июл дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ ҳамоиши ҳамкасбон доир шуд.
Дар ин ҳамоиш Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), гуфт: “Имсол барои хабарнигорони варзишии кишвар соли махсус аст. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, ки 25-уми январи соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст, 10-сола шуд. Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин Ассотсиатсия ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Моҳи марти соли ҷорӣ АЖРВТ дар Конгресси 74-уми Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS), ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, ба узвияти AIPS пазируфта шуд. Воқеъан, AIPS - ташкилоти байналмилалии касбии журналистон - 2-юми июли соли 1924 дар Порис таъсис ёфтааст. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзиши 154 кишвари ҷаҳон аъзои AIPS мебошанд. AIPS миёни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Бо ибтикори AIPS шурӯъ аз соли 1995 ҳамасола 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мешавад. Барои бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ ҷашн гирифта шуд. Ҷианни Мерлои итолиёвӣ, президенти AIPS, дар номаи табрикотии хеш ба унвони АЖРВТ хабарнигорони варзишии Тоҷикистонро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, муваффақиятҳо хостааст”.

Дар ин ҳамоиш Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба хабарнигорони варзишии кишвар барои ҳамкориҳои пайваста бо ин кумита ва тарғиби ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуда, хабарнигоронро бо иди касбиашон табрик гуфт ва ба онҳо диплому мукофоти пулии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро супурд.

Инчунин беҳтарин хабарнигорони варзишии кишвар бо ифтихорномаҳои АЖРВТ сарфароз шуданд.