Мақомоти Афғонистон аз боздошти ду раҳбари пешини “Кобулбонк”, як бонки хусусии кишвар, хабар доданд.
Генерал Раҳматуллоҳ Назарӣ, муовини Додситони кулли Афғонистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки Шерхон Фарнуд, раиси пешини “Кобулбонк” ва Халилуллоҳ Фирӯзӣ, раиси иҷроияи бонк ба гумони сӯистифода аз садҳо миллион доллар маблағи бонк боздошт шуда, айни ҳол дар маҳбаси шаҳри Кобуланд.
Раҳматулло Назарӣ афзуд, ки тафтиши ин қазия идома дорад ва боз чанд афроди дигари гумонбар дар тақаллубу ғасби маблағҳои бузург боздошт хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, “ин як
барномаи густурда аст, ки бар пояи он масъулини “Кобулбонк”, “Де Афғонистон Бонк”, муассисоти хориҷӣ, ки ин ҷо ҳамдасту шарик ҳастанд, мавриду таҳқиқу баррасӣ қарор доранд.”
Ва аммо муовини Додситони кулли Афғонистон аз ошкор кардани ному насаби гумонбарони дигар худдорӣ кард ва далел пеш овард, ки шояд талоши фирор аз кишварро кунанд.
Ӯ Абдулқодири Фитрат, раиси пешини Бонки марказии Афғонистонро намуна овард, ки аз Афғонистон фирор кард ва дар Амрико аз истеъфояш хабар дода амалашро бо он марбут кард, ки ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад. Изҳороти Фитрат баъд аз он нашр шуд, ки ҳукумати Афғонистон
масъулияти дар вартаи шикаст қарор гирифтани “Кобулбонк”-ро қисман бар ӯҳдааш гузошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Аз ин пештар дар як сӯҳбати дигар бо хабарнигорон, Раҳматулло Назарӣ, Абдулқодири Фитратро дар бораи хатар ба ҷонаш дар Афғонистон бепояву бунёд хонда, эълом дошта буд, ки асноди зарурӣ барои боздошт ва истирдоди ӯ ба Интерпол ё Полиси байнулмилалӣ ва сафорати Амрико дар Кобул фиристода шудааст.
Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ, ҷаноби Назарӣ изҳор намуд, ки дар робита ба қазияи “Кобулбонк” ҳадди аққал чанд муассисаи байнулмилалии молиявӣ ҳам таҳти тафтиш қарор доранд. Ин муассисаҳо, ба гуфтаи ӯ, “аз “Де Афғонистон бонк” 90 миллион доллар гирифта, фаъолияти бонкҳоро баррасӣ карданд ва ҳарчанд “Кобулбонк” ба бӯҳрон мувоҷеҳ буд, гузориши ғалат доданд, ки кори ин бонк комилан дар шакли маъмулӣ пеш меравад ва ягон бӯҳрон дар миён нест.”
Моҷаро дар атрофи “Кобулбонк” моҳи сентябри соли гузашта сар зад - муфаттишон ошкор карданд, ки бонк тақрибан ним миллиард долларро бе санад ва аз роҳҳои
ғайриқонунӣ ба мақомоти Афғонистон аз ҷумла, пайвандони раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай қарз додааст.
“Кобулбонк” муассисаи хусусии молиявист ва аммо ҳукумати Афғонистон онро барои кор бо сармояи буҷаи давлатӣ ваколатдор кардааст.
Чанде пеш Сандуқи байнулмилалии пул ба далели фасод дар “Кобулбонк” аз ҷудо кардани 70 миллион доллар тавассути ин муассисаи молиявӣ дар чаҳорчӯби барномаи кӯмак ба Афғонистон худдорӣ кард.