Марги фоҷеабори Тоҷиниссои 28- сола рӯзи панҷшанбе деҳаи Яхчи ноҳияи дурдасти Нурободро такон дод.
Ҳарчанд мардум медонистанд, ки Тоҷиниссо бар асари худсӯзӣ ба марг расид, вале сабаби онро то замоне, ки худи Тоҷиниссо иқрор накард, огоҳ нашуданд.
ВАҚТЕ, КИ ОДАМ БА ҶОН ОМАД...
Тоҷиниссо бо талқини наздикони шавҳар мегуфт, ки ҳангоми нонпазӣ дар оташи танӯр сӯхтааст, аммо пас аз ду рӯз иқрор мешавад, ки пас аз таҳқир дидан аз тарафи хоҳарони шавҳараш худро ба оташ задааст.
Ин ҳодиса даҳ рӯз қабл, 19-уми июн рӯх дод. Тоҷиниссо ҳангоми шом, вақте ки ҳама дар хона ҳастанд, бо рехтани карасин ба баданаш дар ҳамоми манзили зисташ худро оташ мезанад, вале баъди он, ки ҷонаш тангӣ мекунад, худро ба берун мекашад. Замоне, ки оташро хомӯш карданд, ба қавли пизишкони беморхонаи ноҳияи Нуробод, аллакай 95 дар сади баданаш сӯхта буд.
Бо вуҷуди кӯшиши пизишкон, пас аз 10 рӯз Тоҷиниссо даргузашт ва аз худ як фарзанд боқӣ гузошт. Корманди Шӯъбаи ҷӯстҷӯии бахши умури дохилаи ноҳияи Нуробод Насим Раҳимов мегӯяд, ки дар тафтишот рӯшан кардааст, ки Тоҷиниссо Раҷабова бар асари фишору таҳдиди хушдоману хоҳарони шавҳараш, ки ба фишори рӯҳиву равонӣ овардааст ба худсӯзӣ даст задааст.
ҲОДИСА АЗ ЗАБОНИ БАРОДАРИ ТОҶИНИССО
Ҳангоми бозпурсии муфаттиш, бародари Тоҷиниссо Зарробиддин низ ҳузур доштааст, аз забони Тоҷиннисо дар бораи худсӯзии хоҳараш нақл мекунад: «Гуфт, ки мана хушдоману қайсингилҳоям(хоҳарони шавҳар) ҷанг карданд ва гуфтанд, ки бо шаттакорӣ (лагадкӯбӣ) аз хона берунат мекунем. Хоҳарам то ин ҳодиса 15 рӯз дар хонаи мо буд, лекин ба хонаи хушдоманаш баргашту баъди се рӯз ин ҳодиса рӯх дод.»
Ба қавли шоҳидон, вақте, ки шавҳари Тоҷиниссо ба вай занг мезанад, ки аз хонаи падараш баргардад, Тоҷиниссо ба ҳарфи шавҳараш гӯш дода ба хонаи хушдоманаш бармегардад.
Як шоҳиди айнӣ мегӯяд: «Вақте, ки вай ба хонаи шавҳараш баргашт, қайсингилҳояш шӯриданд ва гуфтанд, ки ба зӯр ӯро ба хонаи падараш бурдаанд боз чаро баргаштааст. Пас аз ин хархаша,Тоҷиниссо ночор ба худсӯзӣ даст мезанад.»
САРНАВИШТИ НА ТАНҲО ТОҶИНИССО...
Сарнавишти Тоҷиниссо дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон на ин, ки ҳодисаи ягона нест, балки ҳар сол даҳҳо занони ҷавону духтарон бар асари хушунати хонаводагӣ ва моҷарои хонаводагӣ худро ба оташ мекашанд ё ба дарё меандозанд.
Ҳарчанд Кумитаи занҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷамоатҳои ноҳияҳо машваратхонаҳо фаъол астанд, вале сокинони навоҳии дурдаст, хусусан ноҳияҳои кӯҳистон мегӯянд, ки аслан чунин машваратхонаҳо вуҷуд надоранд.
Саодат Мӯъминова, корманди Кумитаи занҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки мизони худкушии занҳо ба асари хушунат дар хонаводаҳои дар нисбати солҳои пешин коҳиш ёфтааст.
Саодат Мӯъминова дар суҳбат ба радиои Озодӣ яке аз чунин ҳолатҳоро нақл кард: «Як зани ҷавон аз ноҳияи Ваҳдат ба Кумита омад ва гуфт, ки шавҳараш аз рӯи рашк зуд зуд ӯро латткуб намуда азоб медодааст. Синни шавҳар аз зани ҷавон хеле калон будааст. Хулоса ин зан фарзандонашро ҳамроҳ гирифта ба худсӯзӣ даст мезанад, ки як духтараш мемирад ва як духтари дигараш ҷароҳати зиёд мебардорад. Аз ҳисоби Кумита рӯи ин духтар ҷарроҳӣ карда мешавад. Воқеан рашк ҳам яке аз сабабҳои бурузи хушунат дар хонаводаҳо мешавад.»
АФЗОИШИ МИЗОНИ ХУШУНАТ
Аммо бархе аз созмонҳои байналимлалӣ ва ташкилотҳои масоили занону кӯдак дар Тоҷикистон мегӯянд, ки мизони хушунат дар Тоҷикистон дар нисбати як панҷсолаи қабл 13 дарсад афзудааст.
Созмони занони маълумоти олидор дар Тоҷикистон мегӯяд, ки роҳи аслии коҳиш додани мизони хушунат, боло бурдани маърифати занон махсусан дар деҳоти дурдаст мебошад.
Тибқи иттилоъи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки соли гузашта бо ҳадафи мубориза бо зӯроварӣ як маркази вижа таъсис додааст, хушунат на танҳо дар дохили хонаводаҳо, балки хориҷ аз ин доира низ вуҷуд дарад. Тибқи ин манбаъ, аз 70 то 80 дарсад шикоёте, ки ба вазорат ворид шудаанд, 55% мавориди хушунат дар хонаводаҳо будааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад