Имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ва бозтоби қазияи боздошти хабарнигори ВВС, дар меҳвари матолиби аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор дорад.
«НУРӢ МОРО ФУРӮХТ!»
«Миллат» матолиберо ба муносибати 14- умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон дарҷ карда ва суоли «Оё устод Нурӣ касеро фурӯхт? -ро дар сӯҳбат бо чанд тан матраҳ кардааст. Ин сарлавҳа аз баёни Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, аз чеҳраҳои саршиноси Иттиҳоди мухолифони пешин аст, ки ҳаӯз соли 1999 зимни интиқод аз беадолатона дар амал иҷро шудани Созхишномаи умумии истиқрори сулҳ гуфта буд, ки «Нурӣ моро фурӯхт!»
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷаонзода, собиқ муовини аввали раҳбари ИНОТ дар посухи ин суол ба нашрия гуфтааст, ки «ман дар мавриди ин суоли шумо сукут мекунам, зеро раҳматии устод Нуриро камбудиҳояшон зиёд буд. Намедонам шояд аз сабаби фишорҳое, ки болояшон буд , ё чизи дигаре. … Ман ин суоли шуморо на таъйид мекунам ва на такзиб. Ростӣ гап, гузаштҳои бефикронаи ҷониби Иттиҳоди мухолифони собиқ аз Хосдеҳ шурӯъ шуда буд.»
Аҳмадшоҳи Комил, аз сухангӯёни собиқи раиси КОМ бар ин назар аст, ки «Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нафурӯхт, балки гузашт кард.»
Аммо Султон Ҳамад, сухангӯи собиқи ИНОТ мӯътақид аст, ки «агар силоҳ ба замин гузоштану даври ҳам нишастану даст ба дасти ҳамдигар додану ватан обод кардан, фурӯхтани касе бошад, пас дар ҳақиқат «Нурӣ моро фурӯхт». Мо розӣ ҳастем, ки ба ҳамин тарз дигарон низ моро «бифурӯшанд.»
"ТЕРРОРИСТ" ХОНДАНИ ХАБАРНИГОРОН МӮД МЕГАРДАД
«Фараж» дар матлаби «Усмонов», ки ба ҳодисаи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии радиои ВВС ихтисос дорад, навиштааст, ки «маротибаи дуюм аст, ки журналистон ба ҳамкорӣ бо террористону гурӯҳҳои
мамнӯъшуда дар нӯҳ моҳи ахир айбдор мешаванд. Чунин менамояд, ки чунин айбдорсозӣ нисбати журналистон оҳиста-оҳиста мӯд мегардад.»
Нашрия дар маврид қазияи Уурнбой Усмонов навишт, ки баъди вокуниши шадидИ ҷомеаи байналмилалӣ « гуноҳ»-и вай сабуктар шуд, яъне вай аъзои Ҳибуттаҳрир набудааст, аммо бо раҳбарони минтақавии ин созмон сӯҳбат кардаву аз макони буду боши онҳо ба мақомот хабар набурдааст, ки инро қонун талаб мекунад.»
Нашрия афзудааст, ки «садқаи ҳамин қонунҳо шавам. Чунки тибқи моддаи 29 -и қонуни амалкунанда дар бораи матбуот ва дигар намуди ВАО, фош кардани сарчашмаи маълумот ба ғайр аз ҳолате, ки суд талаб менамояд манъ аст!!!!!».
Муаллифи матлаб хулоса мекунад, ки «маълум нест, ки кадоме аз қонунҳо дар мурофиаи додгоҳӣ, авлотар дониста мешавад. Аммо кошу сад кош, ки ин гуноҳи даҳшатнок- сӯҳбат бо ношиносе ва думболи он узви ҳизби мамнӯъшуда эълон шудан (воқеан айбдорсозии журналистро ҳамон таҳририёни боздоштшуда ҳам шояд ҷонибдор бошанд, охир, рекламаи бепули ҳизб аст!) хоби даҳшатнокеро мемонад.»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ КИШВАРҲОИ ИСЛОМӢ
"Имрӯз нюс" нақши Тоҷикистонро дар Конфронси кишварҳои исломӣ ба баррасӣ гирфта ва дар матлаби «Ширкати Тоҷикистон дар СКИ ба манфиати мусалмонони кишвар нест?» навиштааст, ки «талошҳои Тоҷикистон барои пуштибонии ислом дар арсаи байналмилалӣ ин назарфиребие беш нест.»
Ба навиштаи нашрия «маҳз дар давраи раёсати Тоҷикистон дар СКИ, қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба тасвиб расид, ки боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонони Тоҷикистон шуд. Аз сӯи дигар ба қарибӣ аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба тасвиб расид, ки мувофиқи он наврасони то 18 сола наметавонанд барои иҷрои намоз ба масҷид раванд. Тасвиби ин қонун боиси нигаронии кишварҳо ва созмонҳои гуногун гардид.»
Ҳамчунин нашрия ба нақл аз бархе аз коршиносон навиштааст, «ҳарчанд назарфиребии Тоҷикистон дар заминаи пуштибонии ислом ба фаъолияти ин кишвар дар СКИ таъсире нагузоштааст, аммо дар оянда метавонад барои Тоҷикистон душвориҳоро пешорӯ орад.»
«ДАСТИ ПОК» ДОШТАНИ СУДЯҲО
«Озодагон» дар матлаби «Ҳокимияти сеюм» -ро барои як умр бояд мардум интихоб кунад» ба баррасии фаъолияти системаи додгоҳӣ дар Тоҷикистон пардохта ва навиштааст, ки «мисле, ки дар системаи судии Тоҷикистон ислоҳот оғоз шудааст. Аммо онро коршиносон ҷиддӣ намегиранд.»
Нашрия даъвати ахири раиси ҷумҳур дар мавриди «дасти пок» доштани мақомоти судиро барои фаъолияти одилонаи додрасҳо муҳим хонда ва навиштаст, «бархе аз таҳлилгарон бо ишора ба сафари ахири президент ба Аврупо ва баҳси тӯлонии парлумониёни Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ба воситаи ин иқдомҳои худ ҳукумат нишон доданист, ки барои онҳо мавзӯи ҳуқуқи инсон бегона нест ва ислоҳоти судӣ ба ҳамин хотир сурат мегирад. Тағйиру иловаҳо ба қонунгзории кишвар ва додани санксия аз дасти прокурор ба судҳо гуё амалкардҳои ҳукумат дар ин росто арзёбӣ мегардад.»
Аммо нашрия навиштааст, ки «пас аз он, ки санксия аз дасти прокурорҳо ба судҳо гузаштааст, душвор аст гуфтан, ки вазъ тағйир ёфтааст. Зеро агар додгоҳ ба сифати ниҳоди мустақил баромад накунад, пас фарқ намекунад, ки санксияро прокурор медиҳад ё судяи таъиншуда.»
Нашрия ин нуктаро низ таъкид кардааст, ки «дар ин авохир баргузории эътирозҳои мардумӣ дар вилояти Бадахшон ва шаҳри Норакро иддае аз коршиносон натиҷаи фаъолияти ғайриодилонаи додгоҳ ва қарори додрас маънидод мекунанд. Ин аст, ки ин коршиносон барои бартараф кардани эътирози мардумӣ ва ба даст овардани эътимоди дубора ба фаъолияти додгоҳҳо, ҷорӣ кардани ислоҳоти фаврӣ, ба хусус баргардонидани мустақилият ва нуфузи додгоҳҳоро зарур мешуморанд.»
«ФУТБОЛИ СИЁСӢ»
«Нигоҳ» бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар футболи тоҷик, ба хусус беназмиҳое, ки баъд аз бозии тими «Равшан» дар шаҳри Кӯлоб ва Душанбе ба вуқӯъ пайвастанд, навиштааст, ки «ва ҳоло варзиш дар Тоҷикистон сиёсӣ мешавад.»
Номи матлаб низ «Футболи сиёсӣ» буда ва муаллиф дар бораи иллатҳои беназмиҳо ба дунболи бозии футболбозони тими «Равшан» афзудааст, «доираҳои муайяне мехоҳанд футболро барои сиёсат истифода баранд ва бо нерӯи ҷавонон- аксарияти мухлисони ин бозиҳо ҳадафашонро пиёда кунанд. Дасти хориҷӣ низ истисно намешавад.»
Дар идома муаллиф менависад, «аммо мушкили аслӣ ин аст, ки Тоҷикистон ба хотири тарҳҳои энержӣ ва мавқеияти стратегиаш душманони хориҷӣ дорад. Ин аз касе пӯшида нест. Дар навбати худ, дар дохили кишвар бекорӣ афзуда, вазъи иҷтимоии мардум ҳам бар асари фасод ва фишорҳои иқтисодӣ сол аз сол коҳиш меёбад. Ин ду омиле ҳастанд, ки барои барҳам задани амният дар кишвар шароит фароҳам меоранд. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои дастҳои хориҷӣ истифода шудани варзиш, пеш аз ҳама футболу мухлисонаш бархӯрди бедалел ва нодурусте нест.»
«Азия плюс» дар мавриди мухлисони футбол дар матлаби «Мутаассибони футбол: занги нахустин садо дод!» навиштааст, ки «мутаассибон (фанатҳо) -и футбол дар Тоҷикистон дар бораи нерӯи воқеӣ будани худ садо баланд карданд. Оё ин нерӯро ҳукумат ва сиёсатмадорон барои манфиати худ истифода хоҳанд кард?»
Аммо нашрия аз қавли коршиносон дар мавриди беназмиҳои пас аз бозиҳои футбол навиштааст, ки «намешавад ин нуктаро сарфи назар кард, ки дар остонаи 20-солагии истилолияти кишвар касе мехоҳад то вазъро ноором кунад.»
МУҲОҶИР-АРОБАКАШИ ЗИНДАГӢ
«Наҷот» зимни баррасии паҳлӯҳои раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирон ба унвони аробакаши зиндагӣ, аммо қишри фаромӯшшуда ном бурдааст. Нашрия саҳми муҳоҷирони тоҷикро дар пешрафти зиндагии сокинони Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кардааст, аммо навиштааст, «интиқоли пул аз дидгоҳи иқтисодӣ худ аст, вале аз даст рафтани кадрҳо низ мояи таассуф мебошад.»
Чун ба навиштаи нашрия, «ба далели набуди ҷойи муносиби кор мутахассисон тарки Тоҷикистон карда ва онҳое, ки ҳамакнун дар муҳоҷират ҳастанд, ба хусус бештари ҷавонон маълумоти олӣ доранд ва мутахассис низ ҳастанд. Чунин шакл гирифтани масъала сабаби равиши зеҳнӣ мешавад.»