Имтиҳонот дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ин шабу рӯзҳо ба охир мерасад.
Имсол ғайриинтизор сару садои зиёде аз рафти имтиҳонот, аз ҷумла ҳодисаҳои ришваситонӣ дар ҷараёни имтиҳонҳо шунида мешавад.
"ЗАМОНА ҲАМИНРО ТАЛАБ МЕКУНАД..."
Далер, як навраси сокини Душанбе мегӯяд, ду сол аст ки имтиҳони забони русиро дар мактаб бо пул месупорад. Далер имсол синфи 5- умро хатм кардааст: «Имтиҳонора супоридам, барои баҳо гирифтан пул бурдам. Аз забони русӣ ду гирифтам, модарам муаллимаро 50 сомонӣ дод, бад 2-ро панҷ кард.»
Далер мегӯяд, ки ҳамсинфонаш ҳам ин амалро, яъне бо пул харидани баҳоро иҷро мекунанд. Аммо модари Далер дар мавриди баҳохариаш бо мо сӯҳбат кардан нахост. Танҳо гуфт, ки ҳар як модар барои таҳсили фарзандаш пул харҷ мекунад ва замона ҳаминро талаб мекунад.
Ба гуфти вазорати маорифи Тоҷикистон, то ба имрӯз ягон падару модар дар мавриди баҳохарӣ ба вазорат шикоят накардааст.
Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯи вазорати маориф мегӯяд, ки ҳолатҳои баҳохарӣ, ки асосан хислати ғайриқонунӣ ва фасодро дорад, дар нисбати муассисаҳои таълимии миёна исбот нашудааст ва агар рафту ягон падару модар ба вазорат бо далел муроҷиат кунад, расидагӣ сурат мегирад.
ФАСОД ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Махфират, як омӯзгори собиқадор мегӯяд, ки акнун доираи фасод ҳам дар муассисаҳои таълимӣ доман паҳн мекунад, аз ситонидани маблағ барои таъмир, моҳона то имтиҳону дигару дигар. Дар ҳоле, ки давлат барои таъмири мактабҳо маблағ ҷудо мекунад, боз ҳам мактабҳо аз ҳар як хонанда аз 20 то 50 сомонӣ дар шаҳр ва дар деҳот аз 10 то 30 сомонӣ ҷамъ мекунанд ва ин даргоҳҳои илм ба манбаи даромади устодон ва роҳбарони мактаб ва сатҳи болотари он табдил шудааст.
Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ки ҳарчанд омӯзгор аст, аммо шоҳиди ҳолати бо маблағ харидани баҳо дар мактабҳои миёна шудааст ва аз ин ҳолат хеле дар хиҷолат аст: «Дар шаҳри Душанбе шоҳиди ҳамин ҳолат шудам, синфҳои ҳафт ва ҳашт маблағи муайян доранд ва синфҳои болоӣ, бештар мебаранд. Бубинед хонаводаҳое аст, ки то 6 нафар хонанда доранд ва вазъияти рӯзгор маълум ба онҳо чӣ хел вазнинӣ меорад.»
НИЁЗ БА ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ки соҳаи маориф икшвар ба ислоҳоти шадид ва решакан кардани устодони фасодзада ниёзи шадид дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар фасодзадагии мактабҳои миёна, роҳбарони мактабҳо масъуланд ва тарафи дигар хонаводаҳо ҳам, ки пора медиҳанд.
Қаблан Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф аз ҳолатҳои бо таври сохтакорона баҳо додани хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Дар нишасти се моҳаи соли ҷории вазорат, оқои Раҳмонов гуфта буд, ки дар ноҳияҳои дурдаст, бахусус Ҷиргатол, омӯзгорон ба таври тақаллубӣ донишомӯзони сустхонро баҳои аъло монда, хостанд, ки сатҳи саводи онҳоро баланд нишон диҳанд.
Ба гуфтаи вазир, баъди ошкор кардани ин ҳолатҳо, роҳбарони мактаб аз вазифа озод карда шуда ва ҳамзамон танбеҳ ҳам дода шуданд. Аммо, ҷаноби вазир аз ҳолати баҳофурӯши ёдовар нашуда буд.