Изҳороти Амрико роҷеъ ба Қонуни масъулияти волидайн дар Тоҷикистон вокунишҳои гуногун ба бор овард.
Кумиссюни Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ бо нашри баёнияе дар робита ба тасвиби Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Тоҷикистон гуфтааст, тасвиби ин қонун, ки намегузорад кӯдакон дар маросими мазҳабӣ ҷузъ маросими дафн ширкат кунанд, ҳуқуқу озодиҳои маҳдуди мазҳабӣ дар Тоҷикистонро боз
маҳдудтар мекунад.
Ба хусус банди 8 ин қонун мояи таассуфи Амрико шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ташвишро эҳсос намекунанд ва мегӯянд, ки ин банд барои ояндаи ҷавонони Тоҷикистон аҳамият дорад.
Ин дар ҳолест, ки Леонард Лео, раиси Кумиссюни Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ аз қонуни нав изҳори нигаронӣ карда, аз давлати Амрико хостааст, то ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фишор биорад, то монеаи имзои санад шавад.
Аммо Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон бар ин аст, ки ҳоло ин қонун тавассути президент имзо нашудааст ва қазоват кардан дар ин бора ҳанӯз зуд аст. Вай меафзояд, қонуни мазкур як кори дохилии кишвар аст: «Тоҷикистон давлати мустақил аст ва парламент метавонад дар бораи ҳар як масъала мустақилона иқдом кунад. Чаро касе бояд ба кори мо дахолат кунад?»
Аз сӯи дигар намояндагони порлумони Тоҷикистон, ки дар тасвиби Қонуни нави масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, саҳм доштанд, нигаронии Кумиссиюни Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии мазҳабиро беасос донистанд.
Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи илм,
фарҳанг ва ҷавонони Тоҷикистон мегӯяд, ки банди 8 -и ин қонун баракс ба нафъи пешрафти ҷавонони тоҷик дар оянда аст. Вай гуфт, «агар дар бораи ба масҷид нарафтани наврасони то 18-сола сухан равад, ин муқаррарот ҳанӯз дар соли 2009 дар Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мунъакис шуда буд ва иҷро мешавад ва банди 8 танҳо ба хотири мутобиқ сохтани ин қонун ба қонуни нав сурат гирфтааст. Ин банд баракс барои он ки кӯдакону наврасон, илми замонавӣ ва касбро аз худ кунанд ба нафъи ояндаи ҷумҳурӣ аст.»
Вале дар ҷомеа, бархе аз рӯҳониён ва ҳам худи ҷавонон аз ин банди қонун норозиянд. Абдуҷалил Амонов, як тан донишҷӯёни тоҷик мегӯяд, ки агар ҷавонон ояндаи Тоҷикистон бошанд, пас чаро мо ин табақаро аз омӯзиши фарҳангу мазҳаби худ маҳрум кунем.
Абдуҷалил дар ин бора гуфт, «озодиҳои ҷавононро маҳдуд кунем, дар он сурат мо ба кадом роҳ метавонем, дину фарҳанги гузаштагони худро бидонем, ва ба насли оянда талқин кунем. Мо агар кишвари демократӣ бошем, бигзор, ки ҷавонон озодона фаъолият кунанд.»
Бархе аз рӯҳониёни тоҷик, аз ҷумла Мирзо Муҳаммади Навид, узви раёсати олии ҲНИТ ба иддаои раиси кумитаи порлумон дар мавриди банди 8 розӣ нест. Вай афзуд, «ин муқарарот дар баробари он ки ба меъёрҳои динӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии мо мутобиқат надорад, ба илова ба Қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои Тоҷикистону мавозини байналмилалӣ дар робита ба озодии инсон муғойират дорад.»
Ҷаноби Навид мегӯяд, ки беш аз 98 дар сади мардуми Тоҷикистон мусалмон аст ва бидуни масҷид худро тасаввур карда наметавонанд ва ҷилавгирии ҷавонон ба рафтани масҷид мантиқӣ нахоҳад буд. Бо вуҷуди ин ҷаноби Навид баъид медонад, ки иддаъоҳои Амрико дар ҳукми қонунӣ пайдо накардани бархе аз муқаррароти ин қонун амалӣ шавад.
Вай мегӯяд, «имкон дорад, фишор ё тақозои Амрико боиси тағйири матне ё шарҳу тафсире аз сӯи ҳукумат шавад ва гӯянд, ки ҳадафи мо ин буду он буд. Вале дар маҷмӯъ наметавонад, дар амалӣ нашудани ин қонун таъсире дошта бошад.»
Рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон низ ба ҳамин назаранд, Зеро дар замони баррасиҳои мӯҳтавои қонун, ин муқарароти мавриди баҳсро рӯҳониён матраҳ карда буданд, вале аз сӯи таҳиягарони
матни ин қонун ва порлумон пуштибонӣ наёфт. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси ҷумҳурӣ низ борҳо мухолифати худро изҳор карда буд. Ҳоло низ бар ин назар аст, ки нигаронии Амрико наметавонад дар адами тасвиби ин қонун аз сӯи Маҷлиси Миллӣ ва раиси ҷумҳур таъсире дошта бошад.
Зимнан, лоиҳаи Қонун дар бораи Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ки ба ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон таҳия шудааст, охири соли гузашта ба баррасии ҳамагонӣ гузошта шуд ва муддати ҳудудан се моҳ таклифу пешниҳодҳои зиёдеро ба бор овард.
Пас аз баҳсу баррасиҳои ҳамагонӣ билохира ин лоҳи ба порлумон ироа гардид ва Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон онро рӯзи 15 июн ба тасвиб расонид. Ҳамакнун интизор меравад, ин қонун баъди тасвиб дар палатаи болоии порлумон барои имзо ба раиси ҷумҳур фиристода шавад.
Тоҷикистон давлати мустақил аст ва парламент метавонад дар бораи ҳар як масъала мустақилона иқдом кунад...

Мо агар кишвари демократӣ бошем, бигзор, ки ҷавонон озодона фаъолият кунанд...