“Вастан» - барандаи «Ҷоми Ваҳдати миллӣ»

Рӯзи 25-уми июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин мусобиқа дар Қасри тенниси пойтахти кишвар бо ширкати дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва шаҳри Душанбе аз рӯи 10 вазн миёни наврасони солҳои таваллудашон 1997-2000-ум барпо гардид.

Маҳмуди Абдулло, муовини сардовари ин мусобиқа, ба радиои Озодӣ гуфт: “Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои бори дуввум бо ибтикори Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии “Вастан”, таҳти раҳбарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва кӯмаки моливу моддии сарпарастон дар сатҳи баланд баргузор шуд ва дар он беш аз 120 паҳлавони ҷавон ширкат кард. Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа меҳмонони фахрӣ– намояндагони корпусҳои дипломатӣ ҳузур доштанд. Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Файз”, Йошихиро Накаяма, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, Муҳаммадзоҳир Ағбар, вазири тарбияти баданӣ ва варзиши Афғонистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба ширкаткунандагони мусобиқа комёбиҳо орзу карданд.”


Дар ҳисоби дастаӣ Клуби варзишии “Вастан” мақоми аввалро касб кард. Дар ин муваффақияти даста хизмати мураббии варзида Аҳтам Раҷабов, поягузори гуштии дзюдо дар Тоҷикистон, бузург аст. Ба ӯ дар маросими ифтитоҳи мусобиқа шаҳодатнома ва нишони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон” супурда шуд.

Дастаи ғолиб - “Вастан” бо “Ҷоми Ваҳдати миллӣ” ва маҷмӯи техникаи компютерӣ сарфароз гашт.

Ба дастаи Душанбе-1, ки ҷойи дуввумро гирифт, телевизори бузург ва ба дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ барои ҷойи севум маркази мусиқӣ тақдим гашт. Ғолибону барандагони ҷойҳои ифтихорӣ дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазнашон бо медалҳо, мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои сарпарастони мусобиқа сарфароз гаштанд.

Амирбек Маҳмадносиров (узви дастаи мунтахаби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон), ғолиби мусобиқа дар вазни беш аз 60 килограмм, бо қолини туркманӣ - тӯҳфаи таъсиснамудаи сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Нокаргулӣ Отақулиев мукофотонида шуд.