Коррупсия ва коҳиши эътимод ба давлат

Фасоди молӣ ё коррупсия эътимоди мардум ба давлатро коҳиш додааст.
Ин буд мӯҳтавои суханони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо бархе аз кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон.

ФАСОД ДАР НИҲОДҲОИ ИНТИЗОМӢ

Ба таъкиди президенти Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 14 нафар корманди вазорати умури дохила, панҷ нафар, кормандони кумитаи амнияти миллӣ, чор нафар корманди идораи додситонӣ ва се нафар кормандони додгоҳ ба иттиҳоми ришвахорӣ дастгир шудаанд.

Ба ин далел раиси ҷумҳур аз ин ниҳодҳои давлатӣ тақозо кард, ки барои тоза кардани сафҳои худ аз кормандони фасодкор ва тасодуфӣ талош кунанд ва ҳифзи ҳуқуқи мардум ва волоияти қонунро дар авлавияти фаъолияти худ қарор диҳанд.

МАВОРИДИ КОРРУПСИЯ ДАР НИҲОДҲОИ ИНТИЗОМӢ

Президент Раҳмон, бори дигар ба масъалаи фасоди молӣ ва ҳимояи ҳуқуқи мардум дар ҷумҳурӣ дар замоне таъкид кард, ки ахиран як гурӯҳи норозӣ аз ҳукми додгоҳ ба идораи додгоҳ ва додситонӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамла оварданд ва баъдан ин ҳамла ба эътирози мардум дар маркази шаҳри Хоруғ дар робита ба фаъолияти додгоҳу идораи додситонӣ хулоса шуд. Ҳадафи ин эътирозҳо фасодкорӣ дар ин ниҳодҳои давлатӣ буд. Ҳодисаи марги Сафаралӣ Сангов сокини шаҳри Душанбе, ки ба фаъолияти кормандони интизомӣ рафт дошт, низ боиси нороизоиятии мардум аз ҳукми додгоҳ шуд.

ТОҶИКИСТОН- ФАСОДЗАДАТАРИН КИШВАР?

Афзун бар ин, парлумони Иттиҳодияи Аврупо ахиран мавзӯи ҳимояи ҳуқуқи мардум ва ҷилавгирӣ аз фасоди молиро дар ҳузури президент Раҳмон матраҳ кард. Ин дар ҳолест, ки созмони байналмилалии Транспаренси Интернейшнал Тоҷикистонро як кишвари фасодзадатарини ҷаҳон унвон кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот дар мавриди таъйини 140 нафар кормандони додгоҳу додситонӣ ва интизомӣ сӯҳбат кард.

Суоли матраҳ низ ин аст, ки оё бо ивази кадрҳои сатҳи миёна ва пойин дар ниҳодҳои давлатӣ, метавон ба вазъи фасод дар Тоҷикистон таъсир гузошт?

Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик дар посухи ин суол гуфт, «ин чора ба ҳадафи асосӣ созгор аст. Аммо ин иқдом метавонад ин нуқсонро бартараф кунад ё не суоли дигар аст. Ҳоло фасод дар ҷумҳурӣ ба як мушкили умда табдил шудааст ва агар давлат ҳамин сиёсатро идома диҳаду раҳбарони дастдошта дар фасодро барканор ва муҷозот кунад, албатта дар коҳиши фасод натиҷа медиҳад. Вале ман баъид медонам, ки иродаи сиёсии давлат дар ин замина қавӣ бошад.»

ИНТИҚОДИ РАИСИ ҶУМҲУР

Президент дар мулоқот аз фаъолияти додгоҳҳо ва қозиёни додгоҳ интиқоди шадид кард, ки ба мавзӯи фасод ва фаъолияти нокофии онҳо дар роҳи таъмини волоияти қонун рабт дошт. Интиқоди раиси ҷумҳур аз фаъолияти додгоҳ ва додрасҳоро дар гуфтугӯ бо панҷ-шаш нафар аз қозиёни Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар миён гузоштем, вале ҳеҷ нафар ҳозир нашуд то назари худро дар ин бора ироа кунад.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қавонини кишвар, додгоҳҳо ниҳоди мустақил дониста мешаванд. Бобокалон Муродов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон низ ин идаъоро таъид кард, вале гуфт, «дар ин ҷо ҳама мустақиланд, дар ин бора ҷои гап нест, вале ҳоло ман дар ин бора ҳуқуқи гап задан надорам.»

ОЁ СУДЯҲО МУСТАҚИЛАНД?

Шӯҳрат Азимов, қозии дигари Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар посухи ин суол, ки чаро мардум аз кори додгоҳҳо ва ба хусус додрасҳо норозианд, чунин гуфт, «ин суолро аз раиси Додгоҳи Олӣ пурсед, ман беиҷозати раис ҳақ надорам, назари худро баён кунам. Зеро мо фармон дорем.»

Ба ҳамин далел аст, ки Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик додгоҳ ва қозиёни додгоҳро мустақил намедонад. Бинобар сабаби он, ки худи судяҳо ҳам ба қавле ҷабрдида ҳастанд.

Ба эътиқоди коршиносон, дар ҳоле, ки фаъолияти қозиёни додгоҳ ва дигар кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар чорчӯби фармонфармоии шадид аз боло контрол мешавад ва ҳатто қозии Додгоҳи Олӣ ҳақ надорад, бе иҷозати раис назарихудро баён кунад, мустақилият ва таъмини волоияти қонун вуҷуд дошта наметавонад ва дар чунин ҳол мубориза бо фасод натиҷае нахоҳад дод.