Артикл 19: "Баъзе бандҳои қонуни матбуот бозбинӣ шаванд."

Як созмони ҳомии озодии сухан гуфтааст, баъзе бандҳои пешнависӣ Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон бояд бозбинӣ шаванд.
Артикл 19, як созмони ҳомии озодии сухан, қароргоҳаш дар шаҳри Ландан, таҳлили ҳуқуқии пешнависи Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон ва мутобиқати он меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода ва гуфтааст баъзе бандҳои ин қонун ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунанд.

Агнес Калламард, мудири иҷроияи Артикл 19 гуфтааст, ба давлати Тоҷикистон барои ислоҳи ин қонун аҳсан гуфта, вале ҳамзамон хостааст, то тарҳи мазкурро бозбинӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ кунанд. Бо таҳлили ҳуқуқии ин қонун, коршиносони Артикл 19 дарёфтаанд, ки баъзе аз бандҳои Қонуни матбуоти Тоҷикистон мухолиф ба меъёрҳои байналмилалии озодии баён аст, баъзе бандҳои дигар агарчӣ ба чунин меъёрҳо мухолифат намекунад, аммо нолозиманд ва метавон онҳоро беҳтар кард.

ҶАНБАҲОИ МУСБАТИ ҚОНУН

Қонуни матбуоти Тоҷикистон соли 1990 қабул шудааст ва ҳоло сӯҳбатҳои сари ислоҳи он идома дорад. Артикл 19 мегӯяд, тарҳи ислоҳшудаи Қонуни матбуоти Тоҷикистон баъзе аз ҷанбаҳои мусбат дорад, аз ҷумла озодии матбуотро кафолат медиҳад, сензура ва таъқиб барои интиқодро мамнӯъ мекунад ва ҳимояти ҳуқуқи хабарнигоронро бар асоси аҳдномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон ба онҳо пайвастааст, замонат медиҳад.

Дигар ҷанбаи мусбати қонун он будааст, ки масоили назорати расонаҳои интернетӣ ва порталҳои иҷтимоиро дар назар нагирифтааст. Артикл 19, сипас ба бандҳои мушкилофари пешнависи Қонуни матбуоти Тоҷикистон пардохта ва гуфтааст, баъзе аз бандҳои қонун мухолиф ба меъёрҳои байналмилалии озодии баён аст. Аз ҷумла банди 7 қонун, сабти расмии афроди ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ҳуқуқии арсаи матбуотро дар ниҳодҳои масъули давлатӣ зарурӣ медонад.

"БАЪЗЕ БАНДҲО РӮШАН КАРДА ШАВАНД"

Ба гуфтаи Артикл 19, ин банд бояд танҳо хоси матбуоти чопӣ бошад ва барои сабти телевизионҳо лозим нест, зеро телевизиону радиоҳо, барои фаъолият муҷаввиз мегиранд, ки ҳамин кофист. Ба гуфтаи ин созмони ҳомии озодии баён, банди 9 пешнависи Қонуни матбуоти Тоҷикистон ҳам, ки нашри иттилоъоти дорои сирри давлатӣ, даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва даъват ба ҷиноят ва тарғиби шеваи ғайриалоқии зиндагӣ ва ғайраро мамнӯъ мекунад, номафҳум ва мухолиф ба Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ аст, ки Тоҷикистон соли 1999 ба он пайвастааст. Аз ин рӯ ба гуфтаи Артикл 19 банди мазкур низ бояд дуруст ва возеҳ карда шавад.

Банди дигари пешнависи қонун, ки ба нашри ҳатмии иттилоъоти расмӣ дар расонаҳо иртибот мегирад, ба гуфтаи Артикл 19 бояд бозбинӣ шавад, зеро навъе дахолат ба мустақилияти расонаҳо аст. Ин созмон мегӯяд, иттилоъоти расмиро матбуоти расмӣ метавонад ройгон чоп кунад вале ин ҳаққи матбуоти мустақил аст, ки мехоҳанд чунин иттилоъро нашр кунанд ё не ва ё дар ивази нашр он ҳақ бихоҳанд. Артикл 19 ба муаллифони қонуни Тоҷикистон тавсия додааст, ин бандро бозбинӣ кунанд.

ДАЪВАТ БА ЛАҒВИ БАНДИ "МАСЪУЛИЯТ"-И ХАБАРНИГОРОН

Ин созмони ҳомии озодии сухан аз давлати Тоҷикистон даъват кардааст, то банди 27 қонунро, ки доир ба “масъулияти” хабарнигорон аст, комилан аз пешнавис ҳазф кунад, зеро бар асоси қонун муқаррар кардани масъулиятҳои хабарнигорон мухолифи меъёрҳои байналмилалӣ аст ва агар сухан доир ба этика ва ё ахлоқи хабарнигорӣ равад, ин масъалаи хусусӣ аст.

Ба гуфтаи Артикл 19 таҷриба нишон додааст, ки меъёргузорӣ дар этикаи журналистӣ сабаби таъқиби хабарнигороне шудааст, ки ҳукуматро интиқод кардаанд. Артикл 19 таҳлили ҳуқуқии пешнависи Қонуни матбуоти Тоҷикистонро бо дархости муассисаи байналмилалии “Ҷомеи боз” анҷом додааст ва дар гузашта ҳам ду дафъа қонунҳои марбут ба фаъолияти матбуот дар Тоҷикистонро таҳлил кардааст.