Назари аҳзоби сиёсӣ ба осебҳои ваҳдати миллӣ

Сарони бахшҳои суғдии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд омилҳои осеби сулҳи тоҷиконро баҳс карданд.
Дар ин ҳамоиш, ки ба ифтихори 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ сурат гирифт, намояндагони мақомот низ иштирок доштанд.

Муовини аввали раҳбари бахши Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар
Мо агар хоҳем давлати Тоҷикистон воқеан демократӣ ва дорои ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, бояд тамоми қишрҳои ҷомеа дар идораи давлат иштирок кунанд...

Ҷалилов гуфт, агар ҷонибҳои даргир дар Тоҷикистон 27- уми июни соли 1997 бо имзо кардани Созишномаи ризояти миллӣ ва истиқрори сулҳ ба ҳам намеомаданд, Тоҷикистон ба макони террористон ва ҷудоихоҳони минтақа ва мояи хатар ба амнияти минтақаву ҷаҳон мубаддал мегашт.

Вай афзуд: «Дар бораи аҳамияти созишномаи сулҳ президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки қадру манзалати санади сулҳи мо баробар ба Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки агар яке барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд.”

Сарони бахшҳои суғдии ҳизбҳои демократӣ, наҳзати исломӣ ва сотсиал-демократии Тоҷикистон, иштирокдорони ин ҳамоиш, сулҳу оромӣ дар кишварро аз неъматҳои аслии Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон хонданд, аммо таъкид карданд, ки раванди халалнопазир кардани сулҳи тоҷикон бисёр ба кундӣ пеш меравад ва гоҳе шартҳои таҳкими сулҳ аз сӯи давлат риоят намешавад.

Илҳом Ёқубов, як тан аз масъулони бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, ки сар аз соли 2005 хатти машши фаъолияти давлати Тоҷикистон дар мавриди таҳкими сулҳ дар кишвар дигаргун шудааст, ки ба субот дар кишвар халал эҷод мекунад.

Ба ақидаи вай, канор гузоштани таслими 30 дар сад вазифаҳои давлатӣ ба намояндагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппизитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ) бар пояи созишномаи сулҳ, баргузории интихоботҳои ношаффоф ва ғайридемократӣ, нодидагирӣ ва танг кардани майдони фаъолият барои аҳзоби сиёсии мухолиф ва маҳдуд кардани озодии баён ва озодиҳои мазҳабии сокинон, ноил нагаштан ба ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мардум аз ҷониби давлат, омилҳоест, ки суботро дар Тоҷикистон халалдор мекунанд.

Дар ин робита Файзулло Файзиев, раҳбари бахши Ҳизби демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт: «Мо агар хоҳем давлати Тоҷикистон воқеан демократӣ ва дорои ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, бояд тамоми қишрҳои ҷомеа дар идораи давлат иштирок кунанд. Мавқеи Ҳизби демократӣ чунин аст, ки бояд намояндагони ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, агар қобилияти баланди тахассусиву зеҳнӣ дошта бошанд, ба кору вазифаҳои давлатӣ ҷалб карда шаванд. То ки онҳо низ дар корҳои созандагиву ободкории ҷомеа ҳиссагузор бошанд.»

Аммо ба гуфтаи мақомот, давлати Тоҷикистон ба пазириши ҳама гуна ақидаҳо ва пешниҳодҳои аҳзоби сиёсӣ ба хотири таҳкмими субот, пешрафт ва созандагиву бунёдкорӣ боз аст.

Абдулҳаким Шарифов – раҳбари бахши идеологии ҳукумати Суғд ин даъворо, ки роҳи мансаб барои намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи давлат баста аст, бепоя номид: «Ишораҳои шумо дар бораи камбудиҳову норасоиҳо дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дуруст аст. Инро раиси вилоят ҳам дар суханрониҳои худ зикр карда истодаанд, ки баъзе мансабдорон корҳои мешудагиро дар ин самт иҷро накарда истодаанд. Вақте танқид созанда бошад, мақомот қабул мекунад. Дигар ин ки дар Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хидмати давлатӣ гуфта нашудааст, ки ба вазифаҳо аз рӯи ҳизбият афродро қабул кунем. Ин чиз озод сурат мегирад.»

Раҳбари бахши идеологии ҳукумати Суғд сарони аҳзоби сиёсиро ба «воқеъбинӣ» ва талаб накардани «он чӣ иҷрояш номумкин аст», даъват кард. Вай ҳамчунин гуфт, ҳама талабу пешниҳодҳои аҳзоби сиёсӣ аз ҷониби мақомот мавриди бозомӯзӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ҳошияи нишаст бархе аз бахшҳои суғдии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон пешниҳод карданд чунин баҳсу муколамаи давлат ва аҳзоби сиёсӣ дар сатҳи баландтар, бо иштироки раҳбарони давлат сурат бигирад, то иҷрои пешниҳоду дархостҳои аҳзоб имконпазир гардад.